• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Кафедрахо 54

 

КАФЕДРАИ ЗАБОНИ ФРАНСАВӢ ВА МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ ОН

Шуъбаи забони франсавии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ соли 1963 дар назди кафедраи забони олмонӣ таъсис ёфта, ҳамчун кафедраи мустақил соли 1972 аз кафедраи забони олмонӣ ҷудо шудааст. Аввалин мудири кафедраи забони франсавӣ Кошелева И.С. буд. Солҳои минбаъд ба кафедра аввал дотсент А.С. Сергеев, сипас Н.Я. Орешина, баъдан Л.П. Николаева, Ш.М. Мухторов, Шоев М., Ҳақназаров Ш., Муҳиддинов Т., Султонзода С., Қурбонов Т. роҳбарӣ кардаанд. Хусусан оид ба кору фаъолияти адабиётшиноси маъруфи тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, дорандаи Палмаи Академияи Фаронса, профессор Шокир Мухторов, ки солҳои зиёд мудирияти кафедраи забони франсавиро бар уҳда дошт чанд сухан бояд гуфт. Шокир Мухторов соли 1969 факултети забонҳои хориҷии донишкадаи омӯзгории ш.Душанбе, шуъбаи забони франсавиро бо дипломи аъло хатм намуда, баъд аз хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шуравӣ фаъолияти омӯзгориро дар кафедраи забони франсавӣ идома дод. Соли 1980 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Таърихи омӯзиш ва тарҷумаҳои «Гулистон»-и Саъдӣ дар Фаронса» дифоъ намуда, соли 1990 рисолаи докторияшро дар мавзӯъи «Назми классикии форсу тоҷик дар Фаронса: масъалаҳои омӯзиш, тарҷума ва таъсир» дар мисоли эҷодиёти Фирдавсӣ, Хайём ва Ҳофиз дифоъ намуд.

Аълочии маорифи ҶТ Шокир Мухторов соли 1995 декани факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи омӯзгорӣ ва аз соли 1997 то соли 2000 декани факултети филологияи романию германии Донишгоҳ таъин шуда буд.  Шодравон Шокир Мухторов муаллифи қариб 20 китоби илмӣ, методӣ ва таълимӣ ва зиёда аз 320 мақолаҳои илмӣ-методӣ, илмӣ-таълимӣ ва оммавӣ мебошад. Аз асарҳои шодравон метавон инҳоро номбар кард: «Адабиёти тоҷик дар Франция», «Франция читает «Гулистан», «Замон ва тарҷумон», «История развития французской научной иранистики», «Шӯҳрати Румӣ дар Фаронса», «Мақолот», «Муҳовараи франсавӣ – тоҷикӣ», «Таджиксо-персидская классическая поэзия во Франции», «Фарҳанги тоҷикӣ – франсавӣ», «Нури Ҳофиз» ва «Баргузидаи насри муосири Фаронса» аз зумраи муҳимтарин асарҳои илмию методии Шокир Мухтор маҳсуб мешаванд.

Аз осори адибони Фаронса Ш. Перро, А. Пурра, Ш. Бодлер, О. Балзак тарҷумаҳо дорад. Китоби нависандаи франсавӣ Исса Траоре «Афсона ва ҳикояҳо»-ро соли 1985, инчунин латифаҳо ва ҳикматҳои мутафаккирони Фаронса, аз ҷумла ҳикматҳои Наполеонро ба тоҷикӣ гардонида аст. Аз соли 1987 то моҳи феврали соли 2004, яъне то охири умр дар кафедраи забони франсавӣ мудирӣ кардааст.

Аз соли 2004 то соли 2010 дар кафедра омӯзгорон таҳти роҳбарии мудири кафедра Шоев Маҳмадшариф ба корҳои илмӣ, илмӣ-методӣ ва таълиму тарбияи омӯзгорони ҷавон машғул буданд. Соли 2010 то 2011 роҳбарии кафедраро муаллими калони кафедра  шодравон Ҳақназаров Шамсиддин ба уҳда дошт. Соли 2011 то 2012 бошад дар кафедра муаллими калон Муҳиддинов Тоҷиддин роҳбарӣ кардааст. Солҳои 2012-2015 роҳбарии кафедраро дотсент Султонзода С. ба уҳда дошт. Солҳои 2015-2017 бошад муаллими калон Қурбонов Т. мудири кафедра буд. Аз моҳи августи соли 2017 то ҳол дотсент Султонзода С. мудири кафедраи мазкур мебошад.

Устодони кафедра асосан дар се самт: робитаҳои адабии Шарқу Ғарб, забоншиносӣ, забоншиносии муқоисавӣ ва таҳияву нашри китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ-методӣ барои хонандагон ва донишҷуён машғул мебошанд. Солҳои охир омӯзгорону донишҷӯёни шуъба ба тарҷумаи адабиёти бадеӣ ва масъалаҳои илмии тарҷума ва тарҷумашиносӣ низ сарукор доранд.

Аз солҳои 2000-ум инҷониб ҳамасола омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёни шуъба дар шаҳрҳои Париж, Авинйон, Рошфор, Монпелйе, Безансон ва дигар шаҳрҳои Фаронса ва дигар давлатҳои хориҷа дониши худро такмил медиҳанд.

Омӯзгорони кафедра Шоев М., Муҳиддинов Т., Ҳақназаров Ш., Ҷумъаев Т. солҳои 2008-2010 китобҳои забони франсавӣ барои синфҳои 5 то 11 бори нахуст бо забони давлатӣ таҳия намуда, ба хонандаи тоҷик чоп ва пешкаш намудаанд.

Айни ҳол дар кафедра 13 нафар омӯзгорон аз фанни забони франсавӣ ба бештар аз 200 нафар донишҷӯён дарс мегӯянд, ки аз байни онҳо 2 нафар номзади илм, 5 нафар муаллими калон ва боқимонда 6 нафар ассистентони кафедра мебошанд. Дар кафедра омӯзгорон асосан аз рӯи ихтисосҳои «муаллими забони франсавӣ», «муаллими забони франсавӣ-англисӣ» ва «тарҷумони забони франсавӣ» дарс мегӯянд. Фанҳои асосии омӯхташавандаи нақшаҳои таълимии кафедра инҳо мебошанд: амалияи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони франсавӣ, назария ва амалияи грамматикаи забони франсавӣ, назария ва амалияи фонетикаи забони франсавӣ, адабиёти Фаронса, луғатшиносии забони франсавӣ, услубшиносии забони франсавӣ, методикаи таълими забони франсавӣ, назарияи тарҷума, шарҳи матн, кишваршиносии Фаронса ва ғайраҳо.

Дар назди кафедра аз соли 2012 сар карда зинаи магистратура амал менамояд ва дар он феълан 5 нафар донишҷӯёни магистр ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Самти дигари фаъолияти омӯзгорони кафедра дар баробари корҳои таълимӣ ва илмӣ фаъолияти тарбиявии онҳо бо донишҷӯён мебошад. Омӯзгорон дар баробари он ки мунтазам дар гурӯҳҳо дарсҳои тарбивӣ мегузаранд ва дар тамоми чорабиниҳои сиёсию фарҳангии Донишгоҳ фаъолона ширкат меварзанд, ҳамчунин дар алоҳидагӣ бахшида ба санаҳои муҳим чорабиниҳои фарҳангӣ, хусусан чорабиниҳои фарҳангии тарғибкунандаи дӯстии Тоҷикистону Фаронса баргузор менамоянд.

Боиси тазаккур аст, ки шуруъ аз соли 2014 бо дастгирии Ҷамъияти дӯстӣ ва робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону кишварҳои хориҷӣ дар назди кафедра ҷамъияти дӯстии «Тоҷикистон-Фаронса» ташкил ёфт, ки раисии он ҳам ба зиммаи мудири кафедра С. Султонзода вогузор шудааст. Муносибатҳои воқеию ҳаматарафаи Тоҷикистону Фаронсаро метавон самараи замони соҳибистиқлолӣ номид. Дар ин давра сафорати Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон ва баъдтар сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фаронса кушода шуда, дар таҳкими муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса саҳми назаррас гузоштанд. Солҳои охир яке аз соҳаҳои афзалиятнок, яъне сайёҳӣ дар ҳоли рушд қарор дорад ва якчанд нафар омӯзгорону донишҷӯёни фаъоли кафедра ҳангоми таътили тобистона бо сайёҳони фаронсавӣ ба ҳайси роҳбалад-тарҷумон ҳамкорӣ карда, ҳам соҳиби маблағ ва ҳам сатҳи забондонии худро сайқал медиҳанд.

Бояд қайд кард, ки саҳми омӯзгорони кафедра дар шиносонидани мардуми тоҷик бо адабиёти Фаронса хеле калон аст. Пас аз солҳои дуҳазорум омӯзгорони кафедра шодравон Ҳақназаров Ш. ва Ҷумаев Т. ба тарҷумаи асарҳои адибони фаронсавӣ ба тоҷикӣ камар баста, якчанд асарҳои адибони номии Фаронса, аз қабили Алфонс Доде, Албер Камю, Антуан де Сент Экзюперӣ, Жилбер Синуе ва дигаронро тарҷума ва нашр намуданд. Боиси тазаккур аст, ки ин анъана то ҳол идома дошта, солҳои охир омӯзгорони кафедра ва донишҷӯёну магистрантони шуъба ба тарҷумаи осори адибони франсавӣ ба тоҷикӣ машғуланд ва тарҷумаҳои онҳо мунтазам дар маҷаллаи «Навруста» ба табъ мерасанд. Дар тарҷумаи осори адибони фаронсавӣ саҳми омӯзгорон С. Султонзода, Т. Муҳиддинов, А. Маликов, Р. Олимов, аз магистрантону донишҷӯён Б. Пулотов, А. Ашӯров, М. Мавлянова ва дигарон калон аст.

Дар зарфи бештар аз 50 соли мавҷудияти худ шуъбаи забони франсавӣ садҳо шогирдонро тарбия намудааст, ки имрӯз дар мақому вазифаҳои гуногун кору фаъолият доранд.

Ҳамасола ба шуъбаи забони франсавӣ даҳо нафар донишҷӯён дохил шуда, фарҳангу забони франсавӣ меомӯзанд ва пас аз хатми донишгоҳ ба тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ ба кор сафарбар карда мешаванд. Ҳамчунин ҳар сол тариқи озмун шогирдони беҳтарин барои такмили забон ба Фаронса фиристода мешаванд.






 

suitonzoda.jpg - 592.98 Kb

 

 

Султонзода Соқӣ Аслон

мудири кафедра,

номзади илмҳои фалсафа, дотсент;

E-mail: sultonzoda83@mail.ru

Тел: 938148639

 

 

Султонзода Соқӣ Аслон 08 январи соли 1983 дар оилаи коргар, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дунё омадааст. Соли 2000-ум мактаби миёнаро хатм намуда, ҳамон сол ба ДДОТ ба номи Қандил Ҷӯраев (айни ҳол ба номи Садриддин Айнӣ), ба шуъбаи забони франсавӣ, факултети филологияи романӣ-германӣ дохил шудааст. Соли 2005 факултети зикршударо бо дипломи аъло ва бо ихтисоси муаллими забонҳои франсавӣ ва англисӣ хатм намуда, тибқи роҳхати Донишгоҳ фаъолияти кориашро моҳи августи соли 2005 дар кафедраи забони франсавии ҳамин донишгоҳ ба ҳайси ассистенти кафедра оғоз намудаааст. Солҳои 2007-2009 аспиранти шуъбаи рӯзонаи кафедраи фалсафа донишгоҳ буд. Солҳои 2010-2011 магистранти Донишгоҳи Париж-8, дар Фаронса буда, рисолаи магистириашро дар мавзӯи “Ибни Сино аз назари файласуфони Фаронса” бо нишони аъло дифоъ намудааст. Соли 2012 бошад рисолаи номзадиаш дар мавзӯи “Ибни Сино дар суннатҳои фалсафии Фаронса”-ро дар Шӯрои диссетратсионии Институти фалсафа, ҳуқуқ ва сиёсати ба номи А.М. Баҳоваддинови АИ ҶТ ҳимоя намудааст. Аз моҳи июли соли 2012 то моҳи августи соли 2015 ба ҳайси мудири кафедраи забони франсавии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, ҳамчунин омӯзгори фанни фалсафа кор кардааст. Солҳои 2015-2016 ба ҳайси декани факултети забонҳои романӣ-германии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият дошт. Аз моҳи августи соли 2017 дар вазифаи мудири кафедраи забони франсавӣ ва методикаи таълими он кор мекунад. Рисолаи докторияш дар мавзӯи «Масъалаи мода ва аърози он дар фалсафаи Ибни Сино»-ро таҳия намуда, барои муҳокима ба кафедраи фалсафа пешкаш намудааст.

Рӯйхати асарҳо ва корҳои илмӣ-методӣ ва таълимӣ-методии Султонзода С. А. бештар аз 45 номгӯйро ташкил медиҳанд. То ин вақт 3 монография ба нашр расонидааст, аз ҷумла 2 монографияи номбурда дар шаҳри Саарбрюкени Олмон, яке бо забони русӣ, дигаре бо забони франсавӣ нашр шудаанд.

Дар баробари корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба тарҷумаи осори бадеии нависандагони Фаронса, ба забони тоҷикӣ низ машғул аст. Намунаи тарҷумаҳояш аз забони фаронсавӣ ва баргардонҳояш аз хатти форсӣ ба крилии тоҷикӣ дар шумораҳои маҷаллаи «Навруста» интишор гардидаанд. Ҳамзамон раисии ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон-Фаронсаро дар назди Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷиро ба уҳда дорад. Борҳо барои таҳсилу такмили ихтисос ва иштироку суханронӣ дар конефенсияю форумҳои байналмилалӣ ба кишварҳои хориҷи дуру наздик сафарҳо анҷом додааст.

Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

 

 

 

 

 

bakhtalieva.jpg - 600.25 Kb

 

 

 

Бахтфлиева Латофат Аввалбековна

Tel: 908-00-30-85,  935-511-411

E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

 

 

 

 


 

 

 

boymatova d.jpg - 469.09 Kb

 

 

 

Бойматова Дилрабо Меликмуродовна

Tel: +992 988530556

E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

 

 

 


 

ganieva m.jpg - 841.87 Kb

 

 

 

 

Ғаниева Моҳира Аҳмадҷоновна

Тел.: + 992 93 445 86 63

E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

 

 


 

malikov a.jpg - 533.84 Kb

 

 

Маликов Абдулвоҳид Расулҷонович

 

 

 

 

 

 


 

 

muhiddinov t.jpg - 593.63 Kb

 

 

 

Муҳиддинов Тоҷиддин Шамсиддинович

Тел. дастӣ: 992 93 839 55 30

 

 

 

 



 

odilova z.jpg - 453.93 Kb

 

 

Одилова Зайнура Обидовна

Тел. дастӣ: +992 938 938 004

E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

 

 

 

 


 

 

 

sultonova sh.jpg - 825.21 Kb

 

 

 

Султонова Шукрона Бобоҷоновна

Tel: +992 938358586

 

 

 

 



 

halimova r.jpg - 1.04 Mb

 

 

 

Ҳалимова Рухшона Абдуқаҳоровна

Тел дастӣ:  919366310

 

 

 

 


shodieva m.jpg - 1.05 Mb

 

 

 

Шодиева Мусавар Азамовна

 

 

 

 

 



 

 

 
free pokerfree poker

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj