• Tajik
  • Russian
  • English
Кафедрахо 54
There are no translations available.





Ғиёсов Фаридун Нуриддинович
Мудири кафедраи забони олмонӣ
Номзади илмҳои фалсафа
Тел:93 744 00 09
Mail: This e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it

 

 

КАФЕДРАИ ЗАБОНИ ОЛМОНӢ

Кафедраи “Забони олмонӣ” таърихи тулонӣ дошта, фаъолияти худро дар охири солҳои 1939 дар назди факултети таъриху забоншиносии Донишкадаи омӯзгории Душанбе шуруъ намуд. Соли 1940 кафедраи забонҳои олмонӣ ва англисӣ дар назди факултети забонҳои хориҷӣ таъсис ёфт. Дар тўли фаъолияти бисёрсолаи кафедра устодони соҳибтаҷриба, мутахасисони соҳа ва инчунин олимон ва мутаффакиронро ба воя расонидааст. Барои таълиму тарбияи мутахассисон саҳми арзандаи собиқадорони ин соҳа профессор Михаил Александров, профессор Хайрулло Сайфуллоев, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Артур Сергеев, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Рустам Деҳотӣ, номзади илмҳои филологӣ, дотсент Любов Ҳакимова, муаллими калон Любов Букатина, муаллими калон Эмма Валтер, муаллими калон Александра Калинушкина, муаллими калон Мария Бурҳонова, муаллими калон Нафасшо Шозедов, арзанда ва шоистаи таҳсин мебошад. Барои таълим ва тарбияи донишҷӯёни факултет инчунин саҳми  В.В. Сахарова, З.Н. Валихоҷаева, Г. Ахмедова, Р.А. Мусоева, З. Хоркашова, М. Қарахонов З. Нурова, Ш. Пардаева, Р. Куҷов, Р. Қосимова, Ю. Амакиев, Ш. Акрамова, С. Абдулхайрова, М. Сафаров, Ҳ. Каримова, М. Холмуминова, К. Ҷӯрабеков, Ф. Раҷабова арзанда аст.

Дар кафедраи “Забони олмонӣ” устодони зерин вазифаи мудирии кафедраро иҷро кардаанд: доктори илмҳои филологӣ, профессор Михаил Александров (1941-1951), муаллими калон Любов Букатина (1951-1957), муаллими калон Эмма Валтер (1957-1964), номзади илмҳои филологӣ, дотсент Артур Сергеев (1964-1972), муаллими калон Александра Калинушкина (1972-1978), номзади илмҳои филологӣ, дотсент Рустам Деҳотӣ (1978-1984), муаллими калон Мария Бурҳонова (1984-1988), номзади илмҳои филологӣ, дотсент Любов Ҳакимова (1988-1992), муаллими калон Нафасшо Шозедов (1992-1993), муаллими калон Мария Бурҳонова (1993-1995), дотсент Рустам Деҳотӣ (1995-1998), дотсент Хайрулло Сайфуллоев (1998-2003), муаллими калон Нафасшо Шозедов (2003-2008), муаллими калон Зведамо Нурова (2008-2012), дотсент Хайрулло Сайфуллоев (2012 - 2015), Зарина Сайфуллоева (2015-2018). Фазлиддин Одинаев (2018-2020) ва Фариддун Ғиёсов (2020 то ҳол).

Кафедраи «Забони олмонӣ» дар самти масъалаҳои филологияи забони олмонӣ, робитаҳои адабӣ дар Тоҷикистон ва Олмон, инчунин дар самти проблемаҳои типологияи муқоисавӣ омӯзгорон кору фаъолият дорад. Дар кафедра 10 нафар мутахасси забони олмонӣ машғули таълиму тарбияи ҷавонони забономӯз мебошанд. Устодони кафедраи мазкур дараҷаи хуби забондонӣ дошта, якчанд маротиба барои гузаштан аз курсҳои такмили ихтисос ба Олмон сафар намудаанд. Дар кафедра доктори илмҳои педагогӣ, раиси Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон-Олмон, профессор Х.Ғ. Сайфуллоев, мудири кафедра н.и.ф Ф.Н. Ғиёсов, омӯзгорони калон З.Х. Хоркашова, Ф.С. Раҷабова, К.А, Ҷурабеков Ф.Ф. Одинаев ва ассистентони кафедра Р. Зулфиқори, А.Ҷ. Ҷабборов, Ш.Ҳ. Умедов, Н. Сатторова кору фаъолияти педагогии худро иҷро намуда истодаанд. Инчунин соле як маротиба омӯзгорони соҳибзабон аз Олмон ва Австрия ба донишҷӯён дарс гуфта, ба омӯзгорон бошад дарсҳои такмили ихтисосро аз забони олмонӣ ташкил менамоянд. Бо ташаббуси омӯзгорони кафедра профессор Х.Ғ. Сайфуллоев ва Н. Шозедов китобҳои дарсӣ барои мактабҳои таҳсилоти миёна барои синфҳои 7, 8, 9, 10 ва 11 ва луғати олмонӣ-тоҷикӣ дар ҳаҷми зиёда аз 55 000 калима аз чоп баромаданд. Ҳамзамон дар кафедра семинар ва конфронсҳои гуногун баргузор карда мешавад. Дар таърихи 16-17 ноябри соли 2020 конференсияи илмӣ-амалӣ байналмилалӣ таҳти унвони «Муносибати босалоҳият дар ташаккули маҳорати нутқи омӯзгорони ояндаи забони хориҷӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон» бахшида ба 90-умин солгарди таҳсисёбии ДДОТ ба номи С. Айнӣ ва 80 – умин солгарди таҳсисёбии факултети забонҳои романӣ-германӣ баргузор гардид ва дар он ҳамаи аъзоёни кафедра ширкат намуда, мақолаҳои илмии худро барои чоп пешкаш намуданд.


Омӯзгорон

 

Сайфуллоев Хайрулло Габдуллоевич

Доктори илмҳои педагогӣ, профессор
Тел:907 90 42 50
E-mail: This e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it

Хоркашова Зиёдамо Худобердиевна

Муаллими калони кафедра
Тел:93 882 99 58
E-mail: This e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it

Ҷурабеков Камол Абдалбекович

Муаллми калони кафедра
Тел:93 417 30 71
E-mail: This e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it

Зулфиқори Раҷабалӣ
Асисстенти кафедра
Тел: 902 11 24 32,
Е-mail: This e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it

Ҷабборов Афзалшоҳ Ҷабборович

Асисстенти кафедра
Тел:93 539 00 49
E-mail: This e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it

Умедов Шариф  Ҳайдаралиевич

Асисстенти кафедра
Тел: 93 944 40 27
E-mail: This e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it

Нурова Зведамо Сафаровна

Муаллими калони кафедра
Тел: 918 69 42 85
E-mail: This e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it

Ғуломова Фотима
Номзади илмҳои сиёсатшиносӣ
Тел: 5555 70 655
 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj