• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Факултетҳо

 

86.png - 40.78 Kb

 

Бобозода Илҳомҷон Абдушукур

декани факултети биология

Телефон: (+ 992) 555559205

E mail:  Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript



 

 

Бобозода Илҳомҷон Абдушукур дар деҳаи Ғажне, дар оилаи омӯзгор таваллуд шудааст. Солҳои 1985-1995 дар мактаби №2 –и ноҳияи Варзоб таҳсил намуда, солҳои 2000-2005 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо номи Қандил Ҷураев (ҳозира С.Айни)-ро бо ихтисоси биолог (Диплом ДТО № 0005021) хатм намудааст. Солҳои 2007 - 2009 дар аспирантураи  Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АИ ҶТ таҳсил намудааст. Соли 2014 рисолаи номзадиро дар Шаҳри Қазони Федератсияи Руссия бо ихтисоси “ботаника” дифо намудааст (приказ от 8 декабря 2014 г. № 696/нк-1, серия КНД № 001703 г.Москва). Муаллифи зиёда аз 45 мақолаи илмӣ, иштирокчии беш аз 29 конфронсияҳои илмӣ – амалии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мебошад. Бобозода Илҳомҷон соҳиби ифтихорномаи Раиси ноҳияи Варзоб, барои корҳои самарабахш ва пурмаҳсул дар тӯли фаъолияти пурсамар, дар тарбияи насли наврас ва рушди соҳаи маорифи ноҳияи Варзоб, Ифтихорномаи Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои дастовардҳои илмӣ ба муносибати 23-солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон 01.09.2014 таҳти № 312, Сипосномаи Ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, барои иштироки фаъолонаи бахши илмҳои табиатшиносӣ дар конфронси илмии ҷумҳуриявӣ, бахшида ба 70-солагии донишгоҳ, шаҳри Кӯлоб 17-18.04.2015, тибқи қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми ҶТ аз 14.03.2016 таҳти № 696 бо нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2019, №1336 бо медали Хизмати шоиста сарфароз шудааст. Фаъолияти меҳнатиро  аз соли 1995 дар мактаби № 2-и н. Варзоб, ҳамчун лабарант, соли 1996 омӯзгори синфҳои ибтидоӣ, соли 2000 омӯзгори фанни биология, соли 2006 ходими хурди илмии Парваришгоҳи набототи кӯҳии Варзоб, соли 2008 ходими илмӣ, соли 2009 ходими калони илмии Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2010 директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 2 ба номи Қурбон Сангинӣ, н. Варзоб, аз моҳи январи соли 2017 то 16 январи соли 2020 дар вазифаи сардори Раёсати маорифи ноҳияи Варзоб ва аз 16 январи соли 2020 дар вазифаи декани факултети биологияи ДДОТ ба номи С.Айнӣ кор карда истодааст. Соли 2010 бори аввал ва соли 2015 бори дуюм вакили ҷамоати деҳоти Варзоб-қалъаи н. Варзоб, аз соли 2002 инҷониб аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, оиладор соҳиби 4-нафар фарзанд мебошад. Айни ҳол истиқоматкунандаи деҳаи Ғажне, ҷамоати деҳоти Варзоб-қалъаи ноҳияи Варзоб мебошад.

 

 
free pokerfree poker

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj