• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Кафедрахо 54
There are no translations available.

КАФЕДРАИ ЗАБОНИ ТОҶИКИИ УМУМИДОНИШГОҲИ



Раҷабов Абубакр Ашурович


Мудири кафедраи забони тоҷикии умумидонишгоҳи
номзади илмҳои филологӣ, дотсент

E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
Тел: (+992) 900668346


Кафедраи забони тоҷикии умумидонишгоҳии Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон соли 1989 бо мақсади тарғиб, густариш ва такомули забони тоҷикӣ, инчунин бозкушоии моҳияти омӯзиши забони тоҷикӣ дар факултаҳои гуманитарӣ-ҷамъиятӣ ва табиӣ-риёзии донишгоҳ ташкил шудааст. Мақсади асосии кафедра таълими масоили забон, аз ҷумла, имло, аломатҳои китобат, таълими масоили марбут ба услуб, муаррифии дурусти масъалаҳои ихтисосӣ, мукотиботи тахуссусӣ, истифодаи дуруст ва самараноки луғатҳои соҳавӣ, ибораҳои ихтисосӣ, услуби машқҳои ихтисосӣ, кор бо матнҳои марбута ва таҳлили онҳо, ташаккули нутқи донишҷӯён, одоби муошират, такмили тавоноии шогирдон дар иншои эссесҳо маҳсуб мегардад.

Тайи солҳои гуногун сарварии кафедраро олимони варзидаи соҳаи забоншиносӣ ва устодони ботаҷрибаи соҳибмактабу соҳибқалам номзади илмҳои филология, дотсент Карамхудоев Нодир (1989-1995), доктори илмҳои филология, профессор Бобокалонова Ҷонон (1995-1997), номзади илмҳои филология Маҳмудов Мансур (1997- 2004), дотсент Саидов С.(2004-2007), доктори илмҳои филология, профессор Исмоилов Шамсулло (2007-2008), доктори илмҳои филология, профессор Сабзаев Саидқул (2008-2010), дотсент Алиев Одилҷон (2010-2012), муаллими калон Саидова Ҷамила (2015-2017) ва Хоҷазод Саидмурод (2017-2022) ба уҳда доштанд.

Ҳоло дар кафедра доктори илмҳои филологӣ, профессор – С.Хоҷазод,  номзадҳои илмҳои филологӣ – А. Раҷабов, Ҷ.Саидова, М. Каримова, Р. Хокироев, муаллимони калон Г. Иброҳимова, Ҷ. Ҷумъаев, Х. Зокиров, Ҳ. Раҳимова, ассистентон Д. Неъматова, Ҳ. Муҳаммадохирова ва Н. Марям машғули таълиму тадрис ва таҳқиқ мебошанд.

Кафедра аз рӯйи равияи “Рушди забони тоҷикӣ ва таҳаввули таълими он”  фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

Дар назди кафедра маҳфили «Забон донӣ-ҷаҳон донӣ» амал мекунад, ки бобати дар руҳияи худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ тарбия намудани толибилмон, арҷгузорӣ ба суннатҳои ниёгон ва эҳтироми рукнҳои давлатдории миллӣ саҳм мегузорад.

Дар самти таҳияи лоиҳаи илмӣ-фармоишии «Нақши забони миллӣ дар ташаккули худшиносии ҷавонон, донишҷўён ва ҳифзи он аз таҳдидҳои ҷаҳонишавӣ»-ро барои солҳои 2023-2027 кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ таҳия намуда, аз рӯи он муаллимони кафедра мақолаву дастур, китоҳои дарсӣ таҳия менамоянд.

Аз моҳи ноябри соли 2022 ин ҷониб роҳбарии кафедраро номзади илмҳои филология, дотсент Раҷабов Абубакр Ашурович ба уҳда дорад.

Ҳайати устодони кафедраи забони тоҷикии умумидонишгоҳи


Хоҷазод Саидмурод
д.и.ф., профессор
профессори кафедра
E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
Тел: (+992)93855 52 99

Саидова Чамила Сибгатуллоевна
н.и.ф., дотсент,
дотсенти кафедра
E-mail: Saidova Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
Тел:(+992)915 23 61 61

Каримова Мастона Дилбаровна
н.и.ф., дотсент,
дотсенти кафедра
E:mail: karimovamastona9@ gmail.com
Тел:(+992)908 82 54 54

Иброимова Гуландом Наимовна
муаллими калон
E:mail:gulndom 85@ mail.ru
Тел:(+992)98 894 95 03

Неъматова Дилафруз Амоновна
ассистент
E:mail:Dilafruz @ mail. ru
Тел:(+992)907 79 69 78

Зокиров Хусрав Ҷобирович
муаллими калон
E:mail: Hkusrav65@ mail.ru
Тел:(+992)93 771 76 39

Мухаммадохирова Ҳанифа Иброхимовна
E:mail: hanifa 1971@ mail. ru
Тел:(+992)918 77 72 48

Хокироев Ризо Гиёевич
н.и.ф., дотсент,
дотсенти кафедра
RiZO Khokiroyev @ mail. ru
Тел:(+992) 907 82 91 74

Ҷумъаев Ҷумъабой Ҷураевич
Муаллими калон
E:mail: Jurazoda@ mail. ru
Тел:(+992)93 526 36 34

Нуъмонзода Марями Шодмон
Лаборанти кафедр
E:mail:Marym@ mail. ru
Тел:(+992)93 416 07 92


 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj