| Кафедрахо 54 |
|
There are no translations available. Кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ Кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ, ки дар соли таҳсили хониши 2010 таъсис дода шуда, яке аз сохторҳои таркибии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба ҳисоб меравад. Кафедраи мазкур барои рушди соҳаи маорифи кишвар кадрҳои баландихтисосро дар соҳаи иқтисодиёт ва идоракуни тайёр мекунад. Аз ҷониби ҳайати кормандону устодону профессорони кафедра китобҳои дарсӣ, барномаҳои таълимӣ, комплексҳои таълими методӣ, дастурҳои таълимию меътодӣ таҳия ва ба нашр расонида шудааст, аз он ҷумла 7 - монография, 3 - китоби дарсӣ ва 8- дастури таълимию методӣ. Устодони кафедра ба кори таълиму тарбияи донишҷӯёну магистрантон диққати ҷиддӣ дода, барои аз худ намудани дарсҳои назариявию амалӣ усулҳои пешқадами инноватсионии таълимро самаранок истифода мебаранд. Ҳамчунин, ба ҷараёни таълим роҳбарон ва мутахассисони бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар сохторҳои молиявӣ ҷалб карда мешаванд. Самти илмии кафедра аз рӯи равияи илми менеҷмент ва рушди иқтисодиёти кишвар муайян карда шудааст. Дар кафедра ҳамасола тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зинаҳои бакаларият ва магистратура мутахассисон тайёр карда мешавад. Мудири аввалини ин кафедра номзади илми иқтисод А.Насимов буд. Соли 2010 муалими калон Бегов А.О., аз соли 2012 номзади илми иктисодӣ, дотсент А. Акбаров, аз соли 2013 то соли 2014, соли 2014 то 2015 н.и.и Шарипова Ф. Д., солҳои 2015-2016 и.в. мудирии кафедраро номзади илми иктисод дотсент А. Акбаров, соли 2017-2023 номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ғафорзода бар ӯҳда доштанд. Ҳоло бошад вазифаи мудири кафедраро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Самизода Толибҷон Обидҷон бар дӯш дорад. Бояд таъкид кард, ки хатмкунандагони ихтисосҳои вобаста ба кафедра асосан дар низоми иқтисодиёти соҳаи маорифи кишвар, бонкдорӣ, ташкилотҳои қарзӣ, мақомоти андозу молия ва дигар корхонаву муассисаҳои буҷаетӣ новобаста аз шакли моликиятдорӣ фаъолият менамоянд. Кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ дорои ҳайати илмӣ – омӯзгории пурқувват ва соҳибтаҶриба буда, барои боз ҳам беҳтар намудани сифати таълиму тарбия саъю кӯшиши зиёдро ба харҷ медиҳад. Натиҷаи ин дар он аст, ки аз соли 2017 то инҷониб 10-нафар омӯзгорони кафедра рисолаи номзадиашонро ҳимоя намуданд, ки ин барои баланд бардоштани иқтидори илми дар кафедра нақши муҳим дорад. Ногуфта намонад, ки дар ин давра 2- нафар омӯзгорони кафедра н.и.и., дотсент Ғафорзода Ҷ.Ғ., н.и.и., дотсент Самизода Т.О ва бо гирифтани нишонаи “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуданд. Дар кафедра маҳфили илмии “Менеҷерони ҷавон” амал менамояд, ки дар ин маҳфили илмӣ, донишҷӯён ва магистрон фаъолона иштирок менамоянд ва пайваста дар конфронсҳои донишгоҳию Ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баромад ва иштирок менамоянд. Донишҷӯёни кафедра дар озмуну олимпиадаҳои фаннии Ҷумҳуриявӣ низ ширкат намуда, ғолибият ба даст овардаанд. Иштироки онҳо дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳ низ дар сатҳи баланд қарор дорад. Дар байни донишгоҳ ва шӯъбаҳои маорифи ноҳияву шаҳрҳои мамлакат, бонкҳои пешқадам шартномаҳои ҳамкорӣ баста шудааст ва дар ин асос донишҷӯён ва магистрантон барои гузаштани таҷрибаомӯзӣ ва минъбад таъмин шудан ба кори доимӣ имконияти васеъ доранд. Ҳар моҳ дар доираи кафедра маҳфилҳои илмию эҷодӣ, дарсҳои кушод, семинарҳои илмӣ мизҳои мудаввар, викторинаҳо гузаронида мешавад. Дастовардои кафедра:
Профессорони кафедра д.и.и., профессор Раҳмонов Зариф Шарифович., Насимов АзимҶон Насимович ва Азизов Шоазиз Самиевич бо медали ҷашни 90- солагии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ сарфароз гардонида шудаанд. Омузгорони кафедра н.и.и., дотсент Ғафорзода Ҷ.Ғ ва н.и.и., дотсент Самизода Т.О санаи 20.12.2021 бо Ифтихорномаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд. Соли ҷори бо қарори Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омӯзгори кафедра н.и.и., дотсент Ғафорзода Ҷ.Ғ унвони илмии дотсент аз рӯи ихтисоси иқтисодиёт дода шуд. Ва муаллими калони кафедра унвони илмии номзади илмҳои иқтисодӣ дода шуд. Дар фарҷом ҳаминро қайд кардан бамаврид аст, ки омӯзгори кафедра н.и.и., дотсент Самизода Т.О., н.и.и Арабов Ф.П ва ассистент Гулбекова С.Ҷ 5-мақола дар SCOPUS ба нашр расонидаанд, инчунин 34 - мақола дар конференсияҳои байналмиллалии хориҷӣ, 14-мақола дар конференсияҳои умумидонишгоҳӣ, 25- мақола дар нашрияи КОА – и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби омӯзгорони кафедра ба нашр расонда шуд. Омӯзгорон
Ҳамдамзода Забиҳулло ассистенти кафедра Тел.: (+992) 93-390-00-30
Дустова Навраста Оқилбоевна ассистенти кафедра Тел.: (+992) 93-415-18-00
|
