• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Кафедрахо 54
There are no translations available.



Самизода Толибҷон Обидҷон

Мудири кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ

номзади илмҳои иқтисодӣ., дотсент

Тел.: (+992) 907-11-99-11
E-mail:
Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript




Самизода Толибҷон Обидҷон 9-уми сентябри соли 1988 дар вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 2006 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиро катм када, соли 2012 Донишгоҳи миллии ТоҶикистонро аз рӯйи ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст.

Солҳои 2015-2019 унвонҷӯйи Институти иқтисодиёти кишоварзии АИКТ буда соли 2019 рисолаи номзадиашро ҳимоя намудааст.

Фаъолияти кории омӯзгорияшро соли 2013 ба ҳайси ассистенти кафедраи иқтисодиёт ва идоракунии факултети иқтисод ва идораи Донишгоҳи давлатии омӯзгории ТоҶикистон  ба номи С.Айнӣ оғоз кардааст.

Аз моҳи сентябри соли 2016 то соли 2020 дар вазифаи муаллими калон, аз соли 2020 ба ҳайси дотсенти кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ, аз моҳи сентябри соли 2023 то инҷониб дар вазифаи мудири кафедраи иқтисодиёт ва идороакунии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ фаъолият намуда истодааст.

Самизода Толибҷон Обидҷон муаллифи  1 китоби дарсӣ, 3 дастури таълимӣ, 2 монография ва зиёда аз  40  мақолаҳои илмӣ-тадқиқотӣ мебошад. Соли 2019 бо ифтихорномаи вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2020 бо Аълочии маориф сарфароз гардонида шудааст.

Самизода Толибҷон Обидҷон н.и.и., дотсент санаи 20.12.2021 бо Ифтихорномаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.


Кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ

Кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ, ки дар соли таҳсили хониши 2010 таъсис дода шуда, яке аз сохторҳои таркибии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба ҳисоб меравад. Кафедраи мазкур барои рушди соҳаи маорифи кишвар кадрҳои баландихтисосро дар соҳаи иқтисодиёт ва идоракуни тайёр мекунад. Аз ҷониби ҳайати кормандону устодону профессорони кафедра китобҳои дарсӣ, барномаҳои таълимӣ, комплексҳои таълими методӣ, дастурҳои таълимию меътодӣ таҳия ва ба нашр расонида шудааст, аз он ҷумла 7 - монография, 3 - китоби дарсӣ ва 8- дастури таълимию методӣ.

Устодони кафедра ба кори таълиму тарбияи донишҷӯёну магистрантон диққати ҷиддӣ дода, барои аз худ намудани дарсҳои назариявию амалӣ усулҳои  пешқадами инноватсионии таълимро  самаранок истифода мебаранд. Ҳамчунин, ба ҷараёни таълим роҳбарон ва мутахассисони бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар сохторҳои молиявӣ ҷалб карда мешаванд.

Самти илмии кафедра аз рӯи равияи илми менеҷмент ва рушди иқтисодиёти кишвар муайян карда шудааст.

Дар кафедра ҳамасола тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зинаҳои бакаларият ва магистратура мутахассисон тайёр карда мешавад.

Мудири аввалини ин кафедра номзади илми иқтисод А.Насимов буд. Соли 2010 муалими калон Бегов А.О., аз соли 2012 номзади илми иктисодӣ, дотсент А. Акбаров, аз соли 2013 то соли 2014,  соли 2014 то 2015 н.и.и Шарипова Ф. Д., солҳои 2015-2016 и.в. мудирии кафедраро номзади илми иктисод дотсент А. Акбаров, соли 2017-2023  номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Ғафорзода бар ӯҳда доштанд.

Ҳоло бошад вазифаи мудири кафедраро номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Самизода Толибҷон Обидҷон бар дӯш дорад.

Бояд таъкид кард, ки хатмкунандагони ихтисосҳои вобаста ба кафедра асосан дар  низоми иқтисодиёти соҳаи маорифи кишвар, бонкдорӣ, ташкилотҳои қарзӣ, мақомоти андозу молия ва дигар корхонаву муассисаҳои буҷаетӣ новобаста аз шакли моликиятдорӣ фаъолият менамоянд.

Кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ дорои ҳайати илмӣ – омӯзгории пурқувват ва соҳибтаҶриба буда, барои боз ҳам беҳтар намудани сифати таълиму тарбия саъю кӯшиши зиёдро ба харҷ медиҳад. Натиҷаи ин дар он аст, ки аз соли 2017 то инҷониб 10-нафар омӯзгорони кафедра рисолаи номзадиашонро ҳимоя намуданд, ки ин барои баланд бардоштани иқтидори илми дар кафедра нақши муҳим дорад. Ногуфта намонад, ки дар ин давра 2- нафар омӯзгорони кафедра н.и.и., дотсент  Ғафорзода Ҷ.Ғ., н.и.и., дотсент Самизода Т.О ва бо гирифтани нишонаи “Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуданд.

Дар кафедра маҳфили илмии “Менеҷерони ҷавон” амал менамояд, ки дар ин маҳфили илмӣ, донишҷӯён ва магистрон фаъолона иштирок менамоянд ва пайваста дар конфронсҳои донишгоҳию Ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баромад ва иштирок менамоянд.   Донишҷӯёни кафедра дар озмуну олимпиадаҳои фаннии Ҷумҳуриявӣ низ ширкат намуда, ғолибият ба даст овардаанд. Иштироки онҳо дар корҳои ҷамъиятии донишгоҳ низ дар сатҳи баланд қарор дорад.

Дар байни донишгоҳ ва шӯъбаҳои маорифи ноҳияву шаҳрҳои мамлакат, бонкҳои пешқадам шартномаҳои ҳамкорӣ баста шудааст ва дар ин асос донишҷӯён ва магистрантон барои гузаштани таҷрибаомӯзӣ ва минъбад таъмин шудан ба кори доимӣ имконияти васеъ доранд.

Ҳар моҳ дар доираи кафедра маҳфилҳои илмию эҷодӣ, дарсҳои кушод, семинарҳои илмӣ мизҳои мудаввар, викторинаҳо гузаронида мешавад.

Дастовардои кафедра:

 

Профессорони кафедра д.и.и., профессор Раҳмонов Зариф Шарифович., Насимов АзимҶон Насимович ва Азизов Шоазиз Самиевич бо медали ҷашни 90- солагии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ сарфароз гардонида шудаанд.

Омузгорони кафедра н.и.и., дотсент Ғафорзода Ҷ.Ғ ва н.и.и., дотсент Самизода Т.О санаи 20.12.2021 бо Ифтихорномаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Соли ҷори бо қарори Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба омӯзгори кафедра н.и.и., дотсент Ғафорзода Ҷ.Ғ унвони илмии дотсент аз рӯи ихтисоси иқтисодиёт дода шуд. Ва муаллими калони кафедра унвони илмии номзади илмҳои иқтисодӣ дода шуд.

Дар фарҷом ҳаминро қайд кардан бамаврид аст, ки омӯзгори кафедра н.и.и., дотсент Самизода Т.О., н.и.и Арабов Ф.П ва ассистент Гулбекова С.Ҷ   5-мақола дар SCOPUS ба нашр расонидаанд, инчунин 34 - мақола дар конференсияҳои байналмиллалии хориҷӣ, 14-мақола дар конференсияҳои умумидонишгоҳӣ, 25- мақола дар нашрияи КОА – и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби омӯзгорони кафедра ба нашр расонда шуд.

Омӯзгорон


 

Азизиов Шоазиз Самиевич

номзади илмҳои иқтисодӣ., дотсент

Тел.: (+992) 918-66-19-97
E-mail:
Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

 

 

 

 

 

Самиева Меҳрангез Бобоҷоновна

номзади илмҳои иқтисодӣ, муаллими калони кафедра

Тел.: (+992) 987-61-77-00
E-mail:

 

 

 

 

 

 

Ализода Ҳуснигули Соҳиб

муаллими калони кафедра

Тел.: (+992) 918153533
E-mail:
Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

 

 

 

 

Ҳамдамзода Забиҳулло

ассистенти кафедра

Тел.: (+992) 93-390-00-30
E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

 

 

 

 

 

 

Дустова Навраста Оқилбоевна

ассистенти кафедра

Тел.: (+992) 93-415-18-00
E-mail:
Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

 

 

 

Атоев Фируз

ассистенти  кафедра

Тел.: (+992) 908-68-1986
E-mail:
Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript


 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj