• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
менюхо

НИЗОМНОМАИ
ШӮРОИ  ЗАНОНИ  ДОНИШГОҲИ  ДАВЛАТИИ  ОМӮЗГОРИИ  ТОҶИКИСТОН  БА НОМИ  САДРИДДИН  АЙНӢ

1. МУҚАРРАРОТИ  УМУМӢ

1.1  . Шӯрои занон сохтори ҷамъиятии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  (минбаъд Донишгоҳ) мебошад.

1.2  . Низомномаи мазкур вазифа, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои асосии Шӯрои занони донишгоҳ  (минбаъд Шӯрои занон) – ро муайян менамояд.

1.3  . Шӯрои занон фаъолияти худро  дар  асоси қонунҳои Ҷумхурии Тоҷикистон « Дар  бораи маориф», Оинномаи донишгоҳ ,амру фармонҳои  ректор  ва Низомномаи мазкур  ба  роҳ мемонад.

1.4  . Шӯрои занон фаъолияти худро  дар   ҳамкорӣ бо Раёсат, марказҳою шуъбаҳо,   факултет ва кафедраҳои донишгоҳ   пеш  мебарад ва  дар  назди муовини  ректор   оид  ба  корҳои тарбиявии донишгоҳ масъул мебошад.

2. Сохтори  Шӯрои  занон

2.1.  Ҳайати Шӯрои занон  аз  раис, ҷонишини раис  ва намояндаи факултетхо    (17 нафар) иборат мебошад.

2.2.  Шӯрои занонро раиси  он  роҳбарӣ менамояд,  ки бо пешниҳоди муовини  ректор оид ба корҳои тарбиявӣ аз ҷониби ректори донишгоҳ ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.

2.3. Ба риояи интизоми меҳнат  аз  тарафи кормандони Шӯрои занон ва самаранокии фаъолияти онҳо раис ҷавобгар мебошад.

2.4. Ҳамаи кормандони Шӯрои занон вазифадоранд, ки низоми кор, қоидахои техникаи бехатарӣ, қоидахои зидди сӯхтор ва дастуру нишондодҳои муқаррарнамудаи раёсати донишгоҳро пурра ва пайваста риоя намоянд.

2.5. Ба  Низомномаи мазкур таѓироту иловаҳо  аз  тарафи Шӯрои олимони донишгоҳ ворид  карда  мешавад.

2.6. Фаъолияти Шӯрои занон  дар  асоси қарори Шӯрои олимони донишгоҳ қатъ  ё  аз  нав барои фаъолият иҷозат дода мешавад.

 

3. Вазифахо ва самтҳои асосии фаъолияти Шӯрои занон:

3.1.  Дастуру супоришҳои Раёсати донишгоҳ,  Қарорҳои Шӯрои олимон ва дигар супоришҳоро иҷро мекунад.

3.2.  Бо раисони бахши кор бо духтарону занони факултетҳо  дар  хусуси иҷрои нақша -  чорабиниҳои умумидонишгоҳӣ ҳамкорӣ менамояд.

3.3. Чорабиниҳои идона, мизҳои мудаввар,  маҳфилҳои саволу ҷавоб, конфронсу машваратҳоро бо донишҷӯдухтарон ва занони донишгоҳ ташкил ва мегузаронад.

3.4.  Иштироки фаъолонаи духтарону занонро  дар  чорабиниҳои тарбиявӣ, корҳои сиёсиву ҷамъиятӣ,  шанбегиҳо,  маъракаҳои гуногуни донишгоҳ ва ѓайра таъмин менамояд.

3.5. Фаъолияти раисони бахши кор бо духтарону занони Донишгоҳро таҳти назорат қарор медиҳад.

3.6. Бо Созмони ҷавонон, Шӯрои сарпарастон, Шӯрои волидайн ва Шӯрои собиқадоро ҳамкорӣ мекунад.

3.7. Занону духтаронро  дар  рӯзҳои чорабиниҳои сиёсӣ  дар  миқёси ҷумҳурӣ сафарбар менамояд.

3.8. Дар  тамоми чорабиниҳои фарҳангӣ ва иҷтимоиву сиёсӣ  дар  Донишгоҳ саҳмгузорӣ мекунад.

3.9. Маълумоти саривақтиро оид  ба  корҳои анҷомёфта  ба  муовини  Ректор  оид  ба  корҳои тарбиявӣ манзур месозад .

3.10.  Аз  рӯи тартибу  низом  ва одобу ахлоқи донишҷӯдухтарон, бахусус, донишҷӯдухтароне, ки  дар  хобгоҳҳо истиқомат мекунанд,  назорат мебарад.

3.11. Суҳбатҳо, вохӯриҳо бо донишҷӯдухтарон ва занони   донишгоҳ мегузаронад.

 

4. Ҳуқуқхои Шӯрои занон

4.1.  Шӯрои занон ҳуқуқ дорад,  бо ҳадафи тадбиқи ҳаматарафаи фаъолияти  худ  бо тамоми зерсохторҳои донишгоҳ иртиботи расмӣ дошта бошад.

4.2.  Шӯрои занон бо мақсади муайян намудани риояи Низомномаи сару либоси донишҷӯён дар  факултаҳои донишгоҳ  рейду  санҷишҳо баргузор менамояд.

4.3.  Шӯрои занон оид ба тартибу низоми донишҷӯён вобаста  ба  натиҷаҳои  рейду  санҷишҳо  ба  ректори Донишгоҳ  маълумот пешниҳод менамояд.

4.4 . Шӯрои занон вобаста ба одобу ахлоқи накӯи инсонӣ бо донишҷӯён ҷаласаю мулоқотҳо доир менамояд.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj