менюхо |
Шакарбеков Ғайрат Сарвархонович 10.09.1984 дар н. Ишкошими ВМКБ дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 2001 мактаби миёнаро хатм намуда, худи ҳамон сол ба омўзишгоҳи шаҳри Хоруғ дохил шуда, соли 2003 онро хатм намудааст. Аз соли 2003 то соли 2008 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ Соли 2008 ба ДДХ ба номи М. Назаршоев дохил шуда, соли 2009 ба ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ интиқол гирифтааст. Соли 2012 зинаи бакалавр ва соли 2014 зинаи магистратураро бо ихтисоси филологияи забони англисӣ хатм намуда, аз соли 2010 то соли 2017 дар гимназияи № 74 ва гимназияи хусусии «Кафолат» дар шаҳри Душанбе кор ва фаъолият намудааст. Аз соли 2016-2018 дар кафедраи забонҳои шарқи факултети забони англисӣ ба ҳайси ассистент кор кардааст. Аз моҳи августи соли 2018 ба ҳайси мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ кор ва фаъолият карда истодааст.
Омонов Рустам Каримова Мунира
Ҳасанзода Фозилҷон
Расулов Абдулҳафиз
Назарова Зарнигор Комиловна |