менюхо |
There are no translations available. Қосимов Қурбоналӣ АбдусамадовичМудири Шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ Директори литсейи назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Тел: 900 88 66 73 E-mail: This e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it
Қосимов Қурбоналӣ Абдусамадович 16-уми августи соли 1986 дар ноҳияи ноҳияи Фархори вилояти Хатлон таваллуд шудааст. Соли 2009 Донишгоҳи андоз ва ҳуқуқро бо ихтисоси иқтисочӣ хатм кардааст. Соли 2021 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба рноми Садриддин Айниро бо касби омӯзгор аз рӯи ихтисоси таърихи ва ҳуқуқ хатм намудааст. Солҳои 2009-2012 мутахассиси шуъбаи умумии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ. Солҳои 2012-2013 сармутахассиси шуъбаи умумии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ. Солҳои 2013-2018 мудири шуъбаи умумии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ. Солҳои 2018-2022 муовини сардори шуъбаи таҳсилоти фосилавии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ. Соли 2022 муовини сардори маркази ягонаи тести бақайдгири ва машваратии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва мудири шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ. Дар мавзӯи «Муътазила ва фалсафаи ақлгароии он» кори тадқиқотӣ мебарад. Муаллифи зиёда аз 7 мақолаҳои илмӣ мебошад. Аз оғози соли 2023 дар вазифаи Директори литсейи назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият дорад.
Шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетиторӣ Шуъбаи тайёрӣ ва хизматрасонии репетитории Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар асоси шартнома довталабонро аз рӯи кластерҳои ихтисосҳои зерин ҷиҳати омода намудани онҳо ба озмуни қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон омода менамояд: 1. Кластери ихтисосҳои табиӣ ва техникӣ; 2. Кластери ихтисосҳои иқтисодӣ ва география; 3. Кластери ихтисосҳои филология, педагогика ва санъат; 4. Кластери ихтисосҳои ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ; 5. Кластери ихтисосҳои тиббӣ, биологӣ ва варзиш. Курсҳои омӯзишӣ ба довталабон имкон медиҳад, ки барои супоридани имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ мувофиқи талаботи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра омода гарданд. |