Кафедрахо 54 |
Технология ва механикаи амалӣ
Кафедраи «Технология ва механикаи амалӣ» 1-уми сентябри соли 1977 дар назди факултети «Саноатию омӯзгорӣ» бо номи кафедраи «Механикаи техникӣ ва нақшакашӣ» таъсис дода шуд. Аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ дар кафедра 1 дотсент, 4 муаллими калон, 2 муаллим, 1 устои таълимӣ, 1 лаборант, ҳамагӣ 9 -нафар фаъолият мекарданд. То моҳи апрели соли 1978 Поташников К.Л., иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраро ба ӯҳда дошт. Баъд аз гузаштани озмун моҳи апрели соли 1978 мудири кафедра, дотсент, Захарова Г.Г таъйин гардид. Соли 1977 дар кафедра дотсент, Захарова Г.Г., номзадҳои илм, Гутман Б.Е., Андрианов И.П., муаллимони калон, Поташников К.И., Максумов Б.И., муаллимон, Ҳусниддинова Н.У., Тхостова А.А., Мансуров А.Г., Абдиев Х.Х., Кондратьев В.И., Рослова Н.П., Шарипов Т., Федорина А.С., Тихонова Л.Ф., кору фаъолият мекарданд. Дар соли таҳсили 1977 муаллимон аз фанҳои муқовимати масолеҳ, механикаи назариявӣ, назарияи мошин ва механизмҳо, ҷузъи мошин, буриши масолеҳ, геометрияи тасвирӣ нақшакашӣ ба донишҷӯён дарс мегузаштанд. Дар кафедра маҳфилҳои «Технологияи масолеҳи конструксионӣ», «Буриши масолеҳ», «Нақшакашии мошинсозӣ» фаъолият мекарданд, ки роҳбарии онҳоро устодони ботаҷриба дотсент, Захарова Г.Г., муаллимони калон Максумов Б.И., ва Рослова Н.П ба уҳда доштанд. Соли 1979 дар факултет таҳти роҳбарии н.и.т. муаллими калони кафедра Гутман Б.Е. бюрои конструктории донишҷӯён (БКД) таъсис дода шуд. Вазифаи асосие, ки роҳбарияти донишкада дар назди бюрои конструктории донишҷӯён гузошта буд, ин баланд бардоштани сатҳи корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва илмӣ-методии донишҷӯён бо мақсади инкишофи маҳорат ва малакаи онҳо буд, ки донишҷӯён ин вазифаҳоро сарбаландона иҷро менамуданд. Донишҷӯи бахши 2-юми шуъбаи рӯзонаи факултет Беляев Н.И., дастгоҳи буриши плазмавии «Офтоб»-ро дар НКХХ-и СССР пешниҳод намуда, соҳиби медали нуқра (За успехи в народном хозяйстве) гардид ва баъдтар бошад дастгоҳи «Офтоб-1»-ро донишҷӯи мазкур дар намоишгоҳи техникаи навтарин, ки бахшида ба солгарди «Навоварони мошинсозии Осиёи Миёна ва Қазоқистон» баргузор гардида буд, ба намоиш гузошта сазовори медали биринҷӣ гардид. Дастгоҳи «Офтоб»-ро соли 1977 дар РМЗ-4-и ноҳияи Ёвон ва соли 1978 дар заводи сементбарории шаҳри Душанбе ба истифода додаанд. Соли 1979 дар бюрои конструктории донишҷӯён стенди ҳолатҳои дохилшавии метеоритҳоро ба атмосфераи системаи сайёраҳои офтобӣ кор карда, онро барои истифода ба Донишкадаи Астрофизикаи Тоҷикистон супориданд. Аз соли 1980 сар карда аъзоёни бюрои конструктории донишҷӯён кори худро оид ба масъалаҳои ҳимояи қисмҳои гидроагрегатҳо аз вайроншавии кавитатсионӣ ва абразивӣ ба роҳ монданд. Равияи асосии корҳои илмӣ-татқиқотии кафедра ин инкишофдиҳии асосҳои физикӣ-кимиёвӣ ва коркарди масолеҳҳои фузулотӣ бо истифодаи таъсири сели бойи ҷараён дар реҷаи пай дар пай ва импулсӣ буда, омӯзгорони кафедра оиди ин мавзӯъ корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаанд. Омӯзгорони кафедра Поташников К.Л., Максумов Б.И. таҳти роҳбарии муаллими калон, Гутман Б.Е. конструксияи нави плазмабарорӣ (плазматрон) аргонӣ-камонӣ дар асоси ЭДП-104 бо ҷамъкунии камони барқӣ ба воситаи майдони магнитиро кор карда баромаданд. Омӯзгорони кафедра аз рӯи равияи проблемаҳои мошинсозӣ, коркарди масолеҳҳои фузулотӣ, дар кафедра ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ҷалб гардиданд. Вобаста ба равияи илмии кафедра омӯзгорон, Захарова Г.Г., Андрианов И.П., Мансуров А.Г., дар мавзуъҳои «Тадқиқоти таъсири ҳолатҳои коркарди термикӣ ба устувории корди тезбур», «Коркард ва баландбардории технологияи коркарди термикии ҷузъҳои гидравликии механизми комбайнҳои Нива ва Колос», «Динамикаи реҷаи ҳаракати тезгард ва мошинаҳои пурқувват ва системаи мошин» як қатор корҳоро ба анҷом расониданд. Дар кафедра бо истифода аз неруи илмии ҳайати омӯзгорон дастгоҳҳои зерин сохта шудаанд: Лазери неодимй. ЛХМ-8МД. Блоки ченкуни вақти импулсӣ дар асоси С1-49. Реактори лазерӣ-кимиёвӣ. Инчунин дар кафедра мувофиқи нақшаи таълимии ихтисосҳои амалкунанда таҷрибаомӯзии таълимӣ-истеҳсолӣ бо донишҷуёни бахши 4уми шуъбаи рузонаи факултет ба нақша гирифта шуда буд, ки таҷрибаомӯзии таълимӣ-истеҳсолӣ дар корхонаҳои истеҳсолии «Торгмаш» ва корхонаи «Тоҷиктекстелмаш» -и шаҳри Душанбе гузаронида мешуд. Донишҷӯёни таҷрибаомӯз дар шароити истеҳсолот ҷараёни технологияи муосиро аз худ карда, истифодабарии асбобу дастгоҳҳо, идоракунии корхона ва ғайраро меомухтанд. Тайи солҳои охир дар кафедра омӯзгорон н.и.ф Ҷанобилов Қ (шодравон)., н.и.т. Миррахматов С., н.и.п. Додоҷонов А., муаллимони калон Поташников К., Раҳмонов А., ассистент Садирова Ҳ., лаборантҳо Бозорова Г., Бекмуродова Ш, устоҳои таълимӣ Ҳабибуллоев М ва Додоҷонов И кор мекарданд. Тибқи фармони ректори донишгоҳ таҳти №178ОД аз 29.04. 2013 оид ба тағйири номи факултет ва кафедраҳо кафедраи «Механикаи техникӣ ва нақшакшӣ» аз 24.04.2013 «Технология ва механикаи амалӣ» номгузорӣ карда шуд. Дар назди кафедра кабинетҳои механикаи назариявӣ, нақшакашӣ, буриши масолеҳ ва лабараторияи технологияи плазмо-лазерӣ таъсис дода шуда, бо асбоб ва дастгоҳҳои зарурӣ ҷиҳозонида шуда буданд. Ҳоло дар кафедра кабинетҳои нақшакашӣ, ҷузъи мошин, механикаи назариявӣ, муқовимати масолеҳ, буриши масолеҳҳо, назарияи мошин ва механизмҳо амал мекунанд, ки ба талаботи имрӯза пурра ҷавоб дода метавонад. Муаллимони кафедра аз рӯи 16 фанни таълимӣ дар факултет ба донишҷӯён дарс мегузаранд, ки ин фанҳои геометрияи тасвирӣ ва нақшакашӣ; механикаи назариявӣ; санъати тасвирӣ; муқовимати масолеҳ; ҷузъи мошин; назарияи мошин ва механизмҳо; буриши масолеҳ дастгоҳҳо ва асбобҳо; асосҳои стандартикунонӣ ва ченкунии техникӣ, санадҳои меъёри ва китобҳои дарсии фаннӣ, роҳнамоии касбӣ ва касбинтихобкунӣ, моделсозии графикӣ, асосҳои рӯзғордорӣ, нақшакашии муҳандисӣ, психологияи муҳандисӣ, графика ва дизайни компютерӣ, амсиласозӣ ба воситаи компютер мебошанд. Дар соли 2012 бо тақозои замон зарурияте ба миён омад, ки барномаҳои таълимии кафедраро баҳри рушду нумӯи истеъдод, барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ба меъёрҳои ҳозиразамон мутобиқ намояд. Бинобар ин дар як муддати кӯтоҳ бо роҳбарии мудири кафедра Убайдов С нақшаҳову барномаҳои таълимӣ ва силабусҳо аз фанҳои кафедра: Асосҳои санъати тасвирӣ, нақшакашии муҳандисӣ, назарияи механизму мошинҳо, асосҳои нақша ва нақшакашӣ, моделсозии графикӣ. назария ва амалияи буриши масолеҳ, раҳнамои касби ва кабинтихобкунӣ барои шӯъбаҳои рӯзонаву ғойибона бо забони давлати аз сари нав таълиф ва танзим шудааст, ки ҳоло мавриди барабардории устодон қарор доранд. Аъзоёни кафедра барои баланд бардоштани таълиму тарбияи насли наврас ва беҳтар намудани сифати тайёр кардани муаллимони фанҳои технология ва нақшакашӣ, дониши худро такмил дода истодаанд. Натиҷаи муҳимтарини илмӣ дар кафедра (соли 2012) ин бомувафақият ҳимоя намудани рисолаҳои номзадии аъзоёни кафедра Убайдов С ва Алиев А.Ҳ мебошад. Имрӯз дар кафедра омӯзгорон н.и.т.Убайдов С, н.и.п.Алиев А.Ҳ. омӯзгори калон, Одинаев Қ ва як лаборант Султонова М кору фаъолият мекунанд. Аз соли 2012 инҷониб сарварии кафедраро н.и.т. Убайдов С.О. ба ӯҳда дорад. Номгӯи китоби дарсӣ, дастурҳои таълимию методӣ, ки аз ҷониби омӯзгорони кафедра дар солҳои гуногун ба чоп расонида шудааст.
Омӯзгорон ![]() Алишер Алиевдотсенти кафедраи технология ва механикаи амалӣТел: 935 94 00 55Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript ![]() Қурбоналӣ Одинаев Муаллими калони кафедраи технология ва механикаи амалӣТел: 907 72 98 34Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript |