• Tajik
  • Russian
  • English
Кафедрахо 54
There are no translations available.





Самиев   Тоҳир  Абдусамадович

мудири кафедраи методикаи таълими технология ва соҳибкори
номзади илмҳои педагогӣ, дотсент

Тел:

Email:

 

 

 

КАФЕДРАИ МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ ТЕХНОЛОГИЯ ВА СОҲИБКОРӢ

Маълумоти мухтасари кафедра

Маълум аст, ки ҳар як муассиса ва дигар объектҳо тарҷумаи ҳол сабабҳои таърихии таъсисёбӣ ва самтҳои асосии инкишофи худро доранд. Ҳар як кафедрае, дар таркиби ин ё он факулта таъсис дода мешавад, пеш аз ҳама ин ба талаботи ҷамъият аз дараҷаи саводнокии одамон вобаста мебошад. Сабабҳои пайдоиш ва сарнавишти ташкилшавии кафедраи мо ҳам дар ҳамин асос мазмуну мундараҷаи худро дорад.

Солҳои пеш яке аз сабабҳои ба вуҷуд овардани масъалаи тайёркунии мутахассисони соҳаи физика ва асосҳои истеҳсолот буд. Сарчашмаи асосии тавлиди  кафедра низ аз ҳамон солҳо сар мешавад. Аз солҳои 1955 сар карда таъсисдиҳии устохонаҳои таълимӣ дар факултети физикаву риёзӣ оғоз мегардид, ки минбаъд он дараҷаи тайёр намудани муаллимони физика ва асосҳои истеҳсолотро муайян менамояд.

Асосгузорони кафедраи “Асосҳои истеҳсолот” Тухтасунов И.Т., баъдтар академик Петров Ю.Н. (шодравон), полковники ба истеъфобаромада Локшин С.Л. (шодравон) вазифаи мудирии кафедраи “Асосҳои истеҳсолот”-ро ба ӯҳда доштанд ва кабинету лабораторияҳо маҳз дар давраи роҳбарияти онҳо таъсис дода шуд.

Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Қонун дар бораи маорифи халқи ҶШС Тоҷикистон” -ро қабул намуд. Дар қонун қайд карда мешавад, ки дар мактабҳои олӣ кори таълиму тарбия мукаммал карда, ихтисосҳои иловагй кушода щавад. ҳамин тавр бо дарори Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар асоси пещниҳодоти раёсати донишгоҳ) факултаи физика ва саноатию омӯзгори бо кафедраи навтаъсиси худ “Методикаи таълими фанҳои умумитехникӣ арзи вуҷуд намуд.

Солҳои 1975-1980 давраи инкишофи илму техника ба ҳисоб меравад. Омӯзиши асосҳои истеҳсолот, тайёр намудани муаллимони фанҳои умумитехникӣ боихтисосҳои иловагии механикикунонии кишоварзӣ, методисти интихоби касб ва нақшакашӣ тақозои замона буд. Зарурате ба вуҷуд омад, ки усулҳои тадриси ин фанҳо таъмин карда ва дастурҳои методии ёрирасон барои омӯзиши ин фанҳо фароҳам оварда шаванд.

Фаъолияти кафедраи “Методикаи таълими фанҳои умумитехникӣ аз ноябри соли 1975 таҳти роҳбарии номзади илмҳои педагогӣ, дотсент Пелепенко Г.Я. сурат мегирад. Ӯ дар инкишофи кафедра саҳми арзанда мегузорад. Дар ин давра таҷҳизотҳои кори пурра нав карда шуда, дар бинои имрӯза санаторияи сафо, кабинетҳои эҷодиёти техникӣ ташкил мегарданд. Равандаи таълим ба маҷрои муайян дароварда шуд. Таҳти роҳбарии дотсент Пелепенко Г.Я. корҳои илмӣ низ дар кафедра равияи муайянеро пайдо намуд. Устодони ҳамонвақтаи кафедра ба тадқиқоти мавзӯи “Мукаммал намудани тайёрии муаллимони фанҳои умумитехникӣ ва меҳнат” машғул буданд. Таҳти роҳбарии достент Пелепенко Г.Я. якчанд дастурҳои методӣ аз чоп бароварда шуданд. Устодони кафедра барои гузаронидани таҷрибаомӯзӣ “Дастури методи оиди гузаронидани таҷрибаомӯзӣ” -ро навишта аз чоп бароварданд. Номбурдаи мавзӯъҳои корҳои курсӣ аз фанни методикаи таълими фанҳои умумитехникӣ” аз чоп бароварда шуд, ки ин як воситаи ёрирасон барои донишҷӯён дар таълифи корҳои курсӣ баҳисоб мерафт. Устод Пелепенко Г.Я. дар як муддати кутоҳ тавонист колективи кафедраро бо муаллимони варзида ва соҳибмаълумот таъмин намояд. Дар байни онҳо дотсентон Ахмедҷонов Р.Х., Ниниашвили М., устодон Трембич А.А., Кейзер Б.А., мудири устохона Халиулин Х.З. ва ғ.

Дар ин муддат дар кафедра як мактаби илмӣ ташкил гардид, ки роҳбарии онро дотсент Карамзин И.В. ба ӯҳда дошт. Зери сарпарастии ӯ муаллимони варзидаи кафедра Ниниашвили М.И., Пелепенко Г.Я., Ахмедзянов Р.Х. рисолаҳои номзадии худро навишта онҳоро бомуваффақият ҳимоя намуданд.

Пас аз декани факулта интихоб шудани Пелепенко Г.Я. соли 1979 вазифаи мудири кафедра ба ӯҳдаи номзади илмҳои педагогӣ, устоди калон Ниниашвили М.И, гузошта шуд. Дар ин муддат ӯ барои беҳбудии сифати таълиму тарбия ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ кушиши зиёд ба харҷ додааст. Дар асарҳои илмиаш бошад, масъалаҳои тарбияи меҳнатӣ, тайёр намудани мактаббачагон ба истеҳсолот, роли таҷрибаомӯзӣ дар истеҳсолот таҳлили худро ёфтаанд. Бо ташаббуси Ниниашвили М.И. қисми зиёди омӯзгорон барои баланд бардории ихтисос ба шаҳрҳои Минск, Киев, Масква, Санкт-Петербург фиристода шуданд. Кулли ин устодон дар марказҳои илмӣ бо олимони намоёни ҳамонвақта Никандаров Д.Н., Атутов П.Р., Катханов К.Н., Василҷев Ю.К., Тхоржевский Д.Н., Симоненко Д.Н. шинос гардида таҳти сарпарастии онҳо рисолаҳои номзади дифоъ намуда, бомуваффақият ҳимоя намуданд.

Аз соли 1989 ба сифати мудири кафедраи “методикаи таълими фанҳои умумитехникӣ дотсент Рӯзиев Шарафҷон Мунавварович интихоб гардид. Дар кафедра зиёда аз 29 омӯзгорон кор мекарданд, аз он ҷумла Ахмедзянов Р.Х., Сайфиддинов М., Исломов С., Кейзер Б.А., Аронов Б., Ашеров Б., Трембич.А.А., Рупчек Н.Г., Кодиров С. Нозимов О.Н., Ниниашвили М.И., Карамзин И.В., Лазерев Д.Н. ва ғайраҳо. Дар соли 1989 пас аз қабули донишҷӯён аз рӯи ихтисоси муаллими фанҳои умумитехникӣ ва методисти интихоби касб дар заминаи кафедраи “Методикаи таълими фанҳои умумитехникӣ” кафедраи “Интихоби касб” ташкил гардид, ки қисме аз омӯзгорон ба ин кафедраи нав ба иҷрои вазифаҳои худ шурӯъ намуданд.

Проблемаҳои тадқиқотию илмӣ дар кафедраи “Интихоби касб” боқӣ монд. Зарурате ба миён омад, ки ки проблемаи нави тадқиқотиро интихоб намоем ва барои ҳалли он аз соли 1989 cap карда камари ҳиммат бандем. Проблемаи дигаре назди кафедра меистад қариб ягон воситаи таълими ба забони давлатӣ мавҷуд набуд, ва мо вазифадор шудем, ки барои ба забони давлатӣ тартиб додани воситаҳои аввалиндараҷаи таълими машғул шавем.

Вазни асосии кор ба души мудири кафедра Рӯзиев Ш.М. ва Исломов С. дар якҷоягӣ бо Сайфиддинов М. афтода буд. Дере нагузашта аввалин дастурҳои таълимӣ, барномаҳо, харитаҳои технологӣ, воситаҳои ёрирасони таълимӣ ба забони тоҷикӣ таълиф гардиданд.

Дар соли таҳсили 1989 дар факулта (шӯъбаи рузона) 820 нафар донишҷӯ таҳсил мекард, ки аз онҳо 63 нафар аз рӯи проблемаи илмии кафедра корҳои тадқиқотӣ мебурданд. Устодон Гуслистов О., Тифонин Ю.В., Ли А.В., Абдуллоев Ф., Зотова О., Вербитский Е., Нозимов О., Бахриев, Мирзоев Б., ба проблемаҳои мукаммал намудани дараҷаю сифатҳою тайёрии меҳнатӣ машғул буданд.

Ҳамин тавр дар кафедра тадқиқотӣ илмӣ аз рӯи равияҳои зерин сурат гирифт:

1.Баландбардории сифати тайёрии меҳнатӣ ва касбии хонандагон (дотсент Рӯзиев Ш.М.)

2.Мукаммал намудани дониши касбии донишҷӯён дар ҷараёни таълим (дотсент Исломов С.)

3.Мукаммал намудани ташкили корҳои мустақилонаи донишҷӯён дар устохонаҳои таълимӣ. (Исломов С., Рӯзиев Ш.М., Сайфиддинов М., Ахмедзянов Р.Х.)

Мавзӯи тадқиқотӣ: “Баланд бардоштани савияи касбии муаллимони фанҳои умумитехникӣ”. Танҳо дар соли 1989 аз тарафи устодони кафедра 18 мақолаи илмӣ, 3 дастури методӣ аз чоп бароварда шуд, ки ба дӯши муаллифон Рузиев Ш.М. -3, Исломов С. -3, Ахмедзянов Р.Х. -3, Кодиров К. -1, Мансуров К.Х. -3, Беляев Н. -1, Рупчев Н.Г. -2 ва Сайфиддинов М -2 рост меомад.

Устодони кафедра пайваста дар конфронсҳои илмӣ, илмию методии собиқ иттиҳоди Шӯравӣ иштирок менамуданд. Соли 1989 дотсент Рӯзиев Ш.М. дар шаҳри Лвов, дар конфронси панҷуми Умумииттифоқӣ аз рӯи масъалаҳои “Кристалохимии интерметалагическое соединение” аз рӯи мавзӯи “Кинетика окисления алюминидов щелочоземельных материалов” гузориши илмӣ дод.

Соли 1990 устодони тадқиқоти илмиро дар мавзӯи дар боло номбаркардашуда давом доданд. Натиҷаҳои илмӣ чунин буданд:

1.Рузиев Ш.М. Дараҷаи дониш ва малакаи технологии мактаббачагон муайян карда шуд.

2.Рузиев Ш.М. Дониш ва малакаи технологии хонандагони синфҳои болоӣ муайян гардид.

3.Дараҷаи мукаммалкунии дониши хонандагони аз рӯи фанҳои таълимии муҳофизати меҳнат, методикаи таълими меҳнат ва асосҳои назарияи он муайян карда шуд. (Иҷрокунандагон: Рузиев Ш.М., Исломов С., Сайфиддинов М., Ахмедзянов Р.Х., Рупчев Н.Г., Беляев Н.).

Натиҷаи корҳои таълимӣ дар конфронсҳои илми, ки дар шаҳрҳои Новокузнецк (дотсент Рузиев Ш.М.), Самарканд (Рузиев Ш.М., Исломов С., Сайфиддинов М., Ахмедзянов Р.Х.), Ленинград (Рупчев Н.Г.) ташкил шуда буданд муҳокима гардиданд.

Умуман соли 1990 аз тарафи устодони кафедра 17 номгӯи воситаҳои таълимӣ ва як китоби дарсӣ ба табъ расонида шуд:

1.Рузиев Ш.М. Дастурамали методӣ оиди тартиб додан ва иҷрои корҳои курсӣ аз методикаи фанҳои умумитехникӣ (тавсияҳои методӣ) Душанбе, 1990 с.3.7 ҷ.ч.

2.Исломов С- Муҳофизати меҳнат (тавсияи методӣ) 3,5 ҷ.ч.

3.Ёқубов С.Таълими меҳнат, китоби дарсӣ барои синфҳои 5-ум. Нашриёти Маориф, 1990.

Факту рақамҳои зикршуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки иҷрои корҳои илмӣ дар солҳои 1989-1990 хеле ривоҷ ёфт ва ҳамаи аъзоёни кафедра бо як ҳисси масъулиятнокӣ ҳамзамон барои ташкил намудани кабинету лабораторияҳои нав пайваста мекӯшиданд. Дар корпуси 6-ум таълими лабораторияи муҳофизати меҳнат, кабинета методикаи таълими фанҳои умумитехникӣ, кабинета эҷодиёти техникӣ ташкил ва муҷаҳаз гардонида шуд. Бо кӯшиши бевоситаи дотсентон Рузиев Ш.М., Исломов С., Ахмедзянов Р.Х., устодони калон Сайфиддинов М., Холов К. ин кабинету лабораторияҳо бо таҷҳизоти ҳозиразамон таҷҳизонида шуданд. Кабинети методикаи таълими фанҳои умумитехникӣ (зери роҳбарии Рузиев Ш.М.) ба воситаҳои методии таълимӣ ва овозаҳо пурра ороиш дода шуд.

Аз соли 1991 cap карда кафедраи методикаи таълими фанҳои умумитехникӣ ба тадқиқоти проблемаи нави илмӣ огоз намуд.

Равняи тадқиқотӣ: Ташакулёбии илмҳои педагогӣ-психологӣ дар мактаб, муассисаҳои томактабӣ ва назарияи умумии илмҳои методӣ-педагогӣ дар шароити болоравии прогресси илмию техникӣ. Мавзӯи тадқиқотӣ: Проблемаҳои назариявӣ ва амалии тайёрии технологии мактаббачагон дар ҷараёни тайёрии меҳнатӣ ва касбӣ. Роҳбарии мавзӯъро дотсент  Рӯзиев Ш.М. ба ӯҳда дошт.

Пас ба нақшагирии мавзӯи нави тадқиқотӣ устодони зерини кафедра барои ҳалли он ҷалб карда шуданд. Рузиев Ш.М., Исломов С., Ахмедзянов Р.Х., Рупчев Н.Б., Сайфиддинов М., Қодиров К., Ли. А.В., Беляев Н. ва ғайраҳо. Мазмун ва мундариҷаи тайёрии технологии хонандагон муайян карда шуда натиҷаҳои зеринро устодои ба даст оварданд:

1.Асосҳои назариявии тайёрии технологӣ муайян карда шуд (Рӯзиев Ш., Исломов С., Сайфиддинов М.)

2.Асосҳои педагогии ташкили тайёрии технологиро омӯхта роҳҳои ба амал баровардани онро дар мактаб муайян намуданд. (Ахмедзянов Р.Х., Беляев Н.А., Рупчев Н.Г., Нозимов О.Н., Абдураҳмонов Б.Ф.)

3.Масъала ва вазифаҳои технологӣ тартиб дода шуданд. Масъалаҳо дар синфҳои эксперименталии мактаби рақами 47 -и ноҳияи Ленин санҷида шуда натиҷаҳои мусбӣ ба даст оварда шуд (Рузиев Ш.М., Раҳматов Н.).

4.Мукаммал намудани тайёрии технологии донишҷӯён дар ҷараёни таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ.

Варианта оптималии тайёрии тахнологии донишҷӯён дар ҷараёни таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ муайян карда шуд. (Рузиев Ш.М.)

5.Омӯзиши технологии мактаббачагон синии калони мактабӣ ва донишҷӯён ҳангоми кор дар устохонаҳои таълимӣ  пурра гардонида шуда роҳҳои мукаммалшавии он мавриди тадқиқот дарор дода шуд. Шаклҳои омӯзиши технолога муайян карда шуд. (Рузиев Ш.М., Исломов С., Сайфиддинов М.).

6.Варианта оптималии “Профессиограммаи муаллими фанҳои умумитехникӣ” (мазмун ва мундариҷаи омӯхта шуд (Исломов С.).

7.Корҳои тадқиқотӣ аз рӯи масъалаҳои муайян намудани дараҷаи дониш ва малакаҳои технологи давом дода шуд.

Аз рӯи масъалаҳои номбаркардашуда устодони кафедра дар конфронсҳою сипозиумҳои байналхалқй гузоришҳо доданд (Рӯзиев Ш.М. дар конфронсҳои шаҳрҳои Брянск, мавзӯъ: Тайёрии технологии донишҷӯён дар ҷараёии таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ. 1991., Новокузнецк, мавзӯъ: дониш, малака ва маҳорати технологӣ ва усулҳои истифодаи он дар ҷараёни таълим, 1991. Исломов С. дар конфронси шаҳри Душанбе).

Устодони кафедра дар яквақт дар баробари таъмин намудани ҷараёни таълим корҳои илмӣ, илмию методӣ ба ихтироъкорӣ низ машғул гардиданд. Устоди калон Рупчев А.Г. ихтирохъро дар баробари “Способ обработки галлограмм на бихрамированной железе” ба сомон расонида соҳиби шаҳодатномаи ихтироъкории № 163827 гардид. Дар соли 1991, 8-мақолаи илмӣ ба табъ расонида шуда, устоди кафедра Акрамов И. рисолаи номзадиашро ҳимоя намудааст. Қобили қайд аст, ки устод Қодиров К. рисолаи худро ба охир расонида барои ҳимоя ба Шӯроҳои илмӣ пешниҳод намуданд.

Бинобар васеъ гардидани доираи хизматрасонӣ ва зиёд шудани шумораи донншҷӯён кафедраи методикаи таълими технология кабинетҳои эҷодиёти техникиро ба корпуси “Хобгоҳи радами 4 (имрӯз санаторияи Сафо), ба таҳхона кӯчонид. Дар муддати кӯтоҳ 4 синфхона ба кабинетҳои эҷодиёти техникӣ табдил ёфт. (соҳибгузорон устодон Рузиев Ш.М., Вербитский Г Абдураҳмонов Б., Акрамов Н. ва ғайраҳо буданд). Натиҷаи кори допишҷуён борҳо дар ҷаласаҳои гуногуни илмии донишгоҳ ба намоиш бароварда шуданд. Дар ин давра кабинети муҳофизати меҳнат ба ошёнаи дуюм кӯчонида шуд. Дар солҳои 1992-1994 корҳои илмӣ аз рӯи мавзӯи интихобгардида давом дода шуд.

Дар баробари таҷҳизонидани кабинету лабораторияҳо дар кафедра навиштани китобҳои дарсӣ низ ба низом дароварда шуд. Мазмупи асосии корҳои илмӣ дар ин солҳо чунин буд:

1.Асосҳои педагогии тайёрии технологи.

2.Шакл ва усулҳои тайёрии технологи.

3.Санҷиши эксперименталӣ ва тафтиши масъалаҳои технологи дар синфҳои 7-ум.

4.Тайёрии технологии мактаббачагони синфҳои VII-VIII.

5.Мазмуни корҳои лабораторӣ аниқ ва равшан карда шуда усулҳои истифодаи он дар дарс муайян гардид.

6.Масъалаҳои технологи системанок карда шуданд.

7.Аз рӯи масъалаҳои мукаммал гардонидани тайёрии технологӣ устодон барои муаллимони мактабҳои миёна тавсияҳои методиро тайёр намуданд. (Рӯзиев Ш.М., Исломов С., Сафиддинов М.).

8.Тадқиқотҳо оиди масъалаҳои муайянкунии дараҷаи донишҳои технологӣ идома дода шуд.

Солҳои 1992-1994 дар кафедра мақолаҳои зерин таълиф карда

шуданд:

9.Барномаи имтиҳонҳои қабул аз меҳнати техникӣ 1993, ДДОТ 10с. 0.5 ҷ.ч, (муаллиф Рузиев Ш.М.).

10.Корҳои лабораторӣ аз фанни методикам таълимй фанҳо умумитехникӣ. Дастури методӣ. Муаллифон: Рузиев Ш.М., Исломов С., Сайфиддинов М.)

11.Таҷрибаомӯзӣ ва усулҳои гузаронидани он дар факултаҳои саноатию омӯзгорӣ. Тавсияҳои методӣ. Муаллифон: Муаллифон: Рӯзиев Ш.М., Исломов С., Сайфиддинов М., 50 саҳ.3.2 ҷ.ч.

12.Вопросы методики преподавания занятий по техническому моделированию и конструктированию. Душанбе, 1993, 26 саҳ.1,5 ҷ.ч.

13.Практикуми физикӣ бо элементҳои физикам агрономӣ. Душанбе 66 саҳ. 3,5 ҷ.ч. (муаллифон Рахматов Р., Умаров У., Раҳматов Н.).

14.Корҳои дипломӣ ва усулҳои тартиб додани он (муаллиф Рузиев Ш.М.) 1994. 2,5 ҷ.ч.

15.Русско-таджикскиӣ словарь по трудовому обучению. Душанбе. 1994. 1,5ҷ.ч.

16.Дастури методӣ гузаронидани корҳои мустақилона аз фанни АНТКМХ (муаллиф Исломов С.).

17.Дастури методӣ оиди гузаронидани машғулиятҳои амалӣ аз фанни базаи моддӣ таълимӣ (Сайфиддинов М., Исломов С., Нозимов О.Н.).

Дар давоми солҳои 1992 —1994 устодони кафедра корҳои илмии худро давом дода 22 номгӯ мақолаҳои илмиву методиро аз чоп бароварданд.

Соли 1995 бо ташаббуси устодони кафедра ҷаласса -машварати ҷумҳуриявӣ  баргузор гардид, ки дар кори он машваратчиён аз вилоятҳои Хатлон Суғд, Кӯҳистони Бадахшон ва ш.Душанбе иштирок доштанд. Дар натиҷа 6- гузориши дотсент Рузиев Ш.М., як гузориши дотсент Исломов С., як гузориши устоди калон Сайфиддинов М.З. гузориши дотсент Исломов С. ва як гузориши устоди калон Ли А.В. дарҷ карда шуд.

Дар кафедра маҳфилҳои донишҷӯён ташкил карда шуд, ки роҳбарии онро дотсентон Рузиев Ш.М. ва Л. А.В. ба ӯҳда доштанд. Дар ҳамин сол 12 маърӯзаи донишҷӯён дар конфронси баргузоргардида дар донишгоҳ шунида шуд. Аз соли 1995 то имрӯз вазифаи мудирии кафедра ба ӯҳдаи дотсент Исломов С. гузошта шудааст. Дар ин давра устоди калони кафедра Қодиров К. дессертатсияи номзадиро ҳимоя намуд. Муаллимони кафедра Шарипов Сафар дар шаҳри Брянск ба навиштани рисолаи илмӣ  Бадалов М. дар Академияи Улуми Илмҳои Тоҷикистон ба навиштани рисолаи номзадӣ машгул гардиданд. Дар ин ду сол ду конфронси илмӣ дар заминай кафедра дойр гардид ки ба мавзӯъҳои зерин бахшида туда буданд:

1.Конфронси байналхалқи оиди “Назарияи тайёрии меҳнатии ҷавонон”

2.Конфронси Ҷумҳуриявӣ дойр ба проблемаи “Назария ва амалияи тайёрии муаллимони фанҳои умумитехиикӣ дар факултаҳои саноатию омӯзгорӣ”. Дар материалҳои конфронс гузоришҳои дотсент Исломов С., Шарипов Т. ва Бадалов М. дарҷ гардиданд. Дар конфронс дотсент Рузиев Ш.М. баромад намуд ва гузоришҳои илмии ӯ низ дарҷ гардиданд. Солҳои 1997-98 аъзоёни кафедра корҳои илмии худро аз рӯи мавзӯи соли 1992 тасдиқгардида давом доданд ва ба як қатор пешравиҳои назарраси ислмӣ ноил гардиданд. Аз он ҷумла муаллим Бадалов М. рисолаи номзадии худро ба итмом расонида, онро ҳимоя намуд. Муаллимон Ли А.В., Шарипов Сафар рисолаҳои худро ба охир расониданд. Материалҳои конфронси байналхалқӣ аз чоп баромаданд, ки дар он гузоришҳои илмии Исломов С., Рузиев Ш.М., Шарипов Т., Мансуров Қ.Х., Ҳасанов А., Мухторова Г., Холов К. ва Сайфиддинов М. дарҷ гардиданд. Соли 1999 дар кафедра конфронси навбатии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Проблемаҳои тайёрии касбии хонандагон дар ҷараёни таълими технология” баргузор шуд. Устодони кафедра корҳои тадқиқоти илмии худро аз рӯи мавзӯи тасдиқшуда давом доданд.

Конфронси илмӣ  ба 1100 - солагии таъсисёбии Давлати Сомониён ва 9-солагии зодрӯзи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида шуда буд. Марҳилаҳои иҷрошавӣ ва натиҷаи корҳои илмӣ аз рӯи мавзӯи тадқиқшаванда дар маҷлисҳои кафедра, семинарҳо, машваратҳои илмӣ шунида шуданд. Дар конфронс аз рӯи масъалаҳои сохтори дарси технология ва услубҳои мукаммал намудани таълими технология (дотсент (Рузиев Ш.М.), методикаи омӯзиши рахпеч бо гад дар синфҳои 5-ум (дотсент Исломов С), меҳнати эҷодии пурмаҳсули хонандагони синфҳои 9-11 -ӯм (устоди калон Холов К.), сохтани харитаи технологии даста барои асбобҳо (устоди калон Шарипов Т.) усулҳои тез кардани асбобҳо дар устохонаҳои коркарди дастии чуб (устоди калон Мансуров Қ.Х.), асосҳои эҷодиёти техники ҳамчун воситаи баланд бардоштани тайёрии технологи (устоди калон Мухторова Г.), мувофиқкунонии таълими меҳнат дар синфҳои 5-10 ум (устоди калон Нозимов О.Н.) гузоришҳои илмӣ дода шуд.

Устодони кафедра аз рӯи фанҳои дар кафедра таълимдодашванда барномаҳои зеринро тартиб доданд:

- методикаи таълими технология;

- назарияи таълими меҳнат;

- муҳофизати меҳнат -базаи моддӣ-таълимӣ;

- технологияи конструксионӣ ва моделсозӣ;

- практикум оиди коркарди технологияи масолеҳ;

ва гайраҳо.

Устодони кафедра дар соли 1999 миқдори маводҳои зеринро чоп намуданд:

Дотсент Исломов С. (ҳашт гузориши илмӣ), устоди калон Мухторова Г. (ду гузориши илмӣ), дотсент Рӯзиев Ш.М. (ҳаждаҳ гузориши илмӣ) дар ҳаммуаллифӣ бо муаллимони таълими технологияи мактаби рақами 93 шаҳри Душанбе), Сафарова Салима (се гузориши илмӣ), устоди калон Сайфиддинов М. (се гузориши илмӣ).

Қобили қайд аст, ки дотсент Рӯзиев Ш.М. дар соли 1999 ҳисоботи корҳои тадқиқотӣ - илмиро аз рӯи мавзӯи супориши Вазорати Маориф “Тайёрии технологии мактаббачагон дар ҷараёни таълими меҳнат” дар ҳаҷми 19 саҳ. тексти мошинакардашуда пешниҳод намуд. Ҳисобот дар ҷаласаи кафедра  муҳокима  карда шуд баҳои баланд гирифт. (26 декабри с. 1999, протоколи №10).

Шурои илмии факулта аз 29 декабри соли 1999 бо протоколи №4 ҳисоботро тасдиқ намуд. Пас аз тасдиқ шудани ҳисобот дотсент Рӯзиев Ш.М. имрӯз низ аз рӯи мавзӯи супориши нави Вазорати Маориф “Системаи омӯзиши технология дар ҷараёни тайёрии токасбӣ” корҳои тадқиқотӣ мебарад.. Тадқидотҳои гузаронидашаванда ва натиҷаҳои онҳо барои сохтани барномаҳои таълимӣ, навиштани китобҳои дарсӣ ва ташкил кардани воситаҳои таълимӣ барои муассисаҳои мактаби имконият медиҳанд.

Солҳои 2000-ум ва 2001-ум барои устодони кафедра солдои самаранокии кор ба шумор мераванд. Дар соли 2000 -ум устодони кафедра конфронси ҷумҳуриявиро бахшида ба 70-солагии таъсисёбии Донишгоҳи Давлатии Омӯзгории Тоҷикстон ба номи Қ.Ҷӯраев дар мавзӯи “Мукаммал намудани тайёрии технологӣ ва касбии ҷавонон дар асри XXI -ро созмон доданд. Материалҳои конфронс 21-22 ноябри 2000с. чоп шудааст. Дар кори конфронс дотсент Рӯзиев Ш.М. (аз рӯи ду проблема), дотсент Исломов С. (аз рӯи як проблема), устоди калон Сайфиддинов М., Нозимов О., Мухторова Г., Мансуров К. ва Мӯсоев Ф. гузоришҳои илмӣ доданд.

Устодон Рӯзиев Ш.М., Исломов С., Сайфиддинов М., Ҷанобилов Қ. - барномаҳои таълимиро аз чоп бароварданд, ки бо стандарти нави таълимӣ мутобиқат менамояд. Соли 2001 -ум дар кафедра корҳои тадқиқотӣ - илмӣ давом дода шуд. Бахшида ба 10-солагии Истиқлолияти Ҷумдурии Тоҷикистон 70- солагии Донишгоди Давлатии Омӯзгории Тоҷикистон ва 25-солагии таъсисёбии факултаи “Технология ва соҳибкорӣ” бо дастгирии раёсат дар кафедра конфронси илмӣ-амалӣ дойр гардид. Омӯзгорони кафедра дар кори конфронс фаъолона ширкат варзиданд ва як сислсила гузоришдои илмй доданд.

Устодон Рӯзиев Ш.М., Исломов С., Сайфиддинов С. ва Нозимова Н. барномаи кафедраро бо забони тоҷикӣ тартиб дода барои чоп пешнидод намуданд. Устоди шодравон Ҷанобилов Қ., устодон Сайтов Н А., дотсент Рӯзиев Ш.М. якҷоя барномадои таълимииикафедрадои “Механикаи назариявӣ ва нақшакашӣ” ва “Иқтисодиёт ва содибкорӣ” -ро барои чоп тайёр намуданд.

Сентябри соли 2001-ум дар Донишгоди Омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ.Ҷӯраев дар мавзӯи “Тайёр намудани кадрҳои педагогӣ, таҷриба, проблема ва роҳҳои ҳалли он” конфронси байналхалқӣ баргузор шуд, ки дар он дотсент Рӯзиев Ш.М. иштирок намуда дар мавзӯи “Тайёрии технолога дар системаи маълумоти давомдор” баромад намуд ва он дар “Материалҳои конфронс”. Душанбе. 2001с. сад. 47-50. дарҷ гардидааст.

Ҳамин тавр, кормандони кафедра дар баробари таълиму тарбия ба тадқидотҳои проблемаҳои мухталиф машғул мебошанд. Кафедра сарварии таҷрибаомӯзии омӯзгории факултаро ба ӯҳда дорад. Дар ин кор методистони соҳибтаҷриба  Рӯзиев Ш.М., Исломов С,, Сайфиддинов М., Нозимов О.Н., Холов К ва диг. саҳмгузоранд.

Таҷрибаомӯзӣ дар мактабҳои базавии рақамҳои 10, 12, 8, 34, 25, 59 мактаб-литсейи рақами 53 ба номи М.Маҳмудова, омӯзишгоҳи касбӣ-техникии рақами 52 ва Маркази ҷумҳуриявии оид ба корҳоӣ берун аз мактабии Вазорати Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.

 

Ҳайати омӯзгорони кафедра

1.Самиев Тоҳирҷон-номзади илмҳои педагогӣ, дотсент.

2.Сайфуддинов Муҳаббат-муаллими калон.

3.Дустов Одина Ҷонмаҳмадович-ассистент.

4.Қаландаров Зафар-муаллими калон.

5.Муҳиддини Шамсиддин-муаллими калон.

6.Оев Шамсиддин-ассистент.

7.Абдуллоев Абдуҳамид-устои таълими истеҳсолӣ

8.Саидзода Қурбон-ассистент.

9.Султонова Мавзуна-лаборант.

10. Шамсиддин Оев ассистент Тел: 985309030

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj