менюхо |
There are no translations available.
Убайдуллоева Ситора Ахмедовна
Убайдуллоева Ситора Ахмедовна 16- уми декабри соли 1985 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Ӯ мактаби миёнаро бо баҳои хубу аъло хатм намуда, пас аз хатми мактаб, соли 2003 ба Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дохил шуда баъдан соли 2005 тариқи интиқол ба Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат гузашта онро соли 2008 бо ихтисоси молия ва қарз бо дипломи аъло хатм намудааст. Соли 2011 ба сифати мудири кафедраи назарияи иқтисодии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолияти меҳнатиашро оғоз намуд, соли 2012 дар вазифаи сармутахассиси бахши таҳияи тестҳо, ассистенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит, соли 2014 ба вазифаи методисти шуъбаи ғоибонаи факултети иқтисодиёт ва идаракунии маориф, ассистенти кафедраи назарияи иқтисодӣ, соли 2016 ба вазифаи сармутахассиси Раёсати таълим бо нигоҳ доштани сарбории таълим ва муаллимаи калони кафедраи назарияи иқтисодӣ кору фаъолият намудааст. Аз моҳи августи соли 2018 то ҳол вазифаи мудири шуъбаи умумиро бар душ дорад.
Саидов Баҳодур Эмомалиевич сармутахассиси шуъба Тел: 905009373
Сабурова Сарвиноз Мирқодировна мутахассиси пешбари шуъба Тел: 909992212
|