• Tajik
  • Russian
  • English
Кафедрахо 54
There are no translations available.






Ҳамза  Боқиев,
мудири кафедраи забони ва адабиёти тоҷик,
номзади илмҳои  филологӣ, дотснет
Email: This e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it
Тел: 919 00 20 22




Боқиев Ҳамза  Олимович зодаи деҳаи Каздони н.Айнӣ, в.Суғд мебощад. Ӯ 15-уми январи 1969 дар ҳамин деҳа ба дунё омадаст. Ӯ аз хонадони зиёӣ мебошад. Солҳои (1976-1986) таҳсил дар мактаби миёнаи №5-и ба номи М.Бедил, н. Айнӣ.Солҳои (1986-1987) коргари корхонаи қаннодии н.Айнӣ. Солҳои (1987 – 1989) хизмат дар сафи Қувваҳои Мусалаҳи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, дар ш. Боку, Ҷумҳурии Озарбойҷон. Солҳои (1989-1990)  аъзои колхози  «Тоҷикистон»-и н. Айнӣ. Солҳои (1990-1995) донишҷӯйи факултаи филологияи тоҷики  ДДОТ ба номи С.Айнӣ. Солҳои (1995-1996)  коромӯз-тадқиқотчии кафедраи адабиёти тоҷики ДДОТ. Солҳои (1996-1999) аспиранти  рӯзонаи кафедраи адабиёти тоҷики ДДОТ. Солҳои (1999-2001) муаллими калони кафедраи забон ва адабиёти тоҷики ДТТ ба номи А.И.Сино. Солҳои (2001-2005) мудири кафедраи  фанҳои гуманитарӣ ва маълумоти умумии Коллеҷи тиббии шаҳри Душанбе. Солҳои (2005-2008)  дотсенти кафедраи забонҳои Донишкадаи нақлиёти Тоҷикистон. Солҳои (2008-2009) дотсенти кафедраи адабиёти тоҷики ДДЗТ ба  номи С.Улуғзода. Аз 01.03. 2009 то 01.04.2015 мудири кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии ДТТ ба номи академик М.Осимӣ. Аз 10.09.2015 то 27.01.205 и.в. мудири кафедраи  забон ва адабиёти тоҷики ДДОТ ба номи С.Айнӣ. Аз 27.01.2017 мудири кафедраи  забон ва адабиёти тоҷики ДДОТ ба номи С.Айнӣ. Узви  Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (2010).  Аълочии матбуоти Тоҷикситон (2003), «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2005), «Ифтихорнома»-и  Вазорати маориф ва илми ЧТ (2010).

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

Собиқаи корӣ

Солҳо

Мансаб

1986-1987

коргари корхонаи қаннодии ноҳияи Айнӣ

1987-1989

хизмат дар сафи Армияи Советӣ

1989-1990

колхозчии колхози «Тоҷикистон»-и ноҳияи Айнӣ

1990-1995

донишҷӯи  факултети филологияи ДДОТ ба номи С.Айнӣ

1995-1996

коромӯз-тадқиқотчии кафедраи адабиёти тоҷики факултети филологияи ДДОТ ба номи С.Айнӣ

1996-1999

аспиранти кафедраи адабиёти тоҷики  факултети филологияи ДДОТ ба номи С.Айнӣ

1999-2001

муаллими калони кафедраи забон ва адабиёти тоҷики ДТТ ба номи А.И.Сино

2001-2005

мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ ва маълумоти умумии Коллеҷи тиббии шаҳри Душанбе

2005-2008

дотсенти  кафедраи забонҳои ДНТ

2008-2009

дотсенти кафедраи адабиёти тоҷики ДДЗТ ба номи С.Улуғзода

2009- 2015

мудири кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ

2015- 2017

и.в. мудири кафедраи забони тоҷикии факултети таҳсилоти ибтидоии  ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

27.01.2017

мудири кафедраи забони тоҷикии факултети таҳсилоти ибтидоии  ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

 

КАФЕДРАИ ЗАБОН ВА АДАБИЁТИ ТОҶИК

Кафедраи забон ва адабиёти тоҷик  бо қарори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз  03.07. 2015, № 6/ 8.3 таъсис дода шуд.

Мудирии кафедраро номзади илмҳои филологӣ, дотсент Боқиев Ҳамза Олимович роҳбарӣ менамояд.

Дар кафедра асосан аз рӯйи ду равия: адабиётшиносӣ ва забоншиносӣ  корҳои илмӣ бурда мешавад. Дар соли равон устодони кафедраи навтаъсис  вобаста ба равияҳои адабиётшиносӣ  ва забоншиносӣ  дар мавзӯи «Нақши илмҳои забон ва адабиёти тоҷик дар таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон» корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бурда истодаанд.

Дар кафедра семинари илмӣ-методӣ амал мекунад, ки ба он муаллими калони кафедра Зиёев М. роҳбарӣ менамояд. Инчунин, дар кафедра  маҳфили фаннӣ  бо номи «Ҳусни баён» амал мекунад», ки роҳбари он  муаллими калони  кафедра  Раҳимов Х.Б.  мебошад.

Аъзоёни кафедра ба ғайр аз корҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва илмию методӣ ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ низ машғуланд.

Кафедра бо  кафедраҳои факултети филологияи тоҷики донишгоҳ ва кафедраҳои забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ДДЗТ ба номи С.Улуғзода, коллеҷҳои омӯзгорӣ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров ва ғайра робитаҳои илмию методӣ дорад.

Ҳоло дар кафедра дотсентон Боқиев Ҳ.О., Ғаффоров А.О., муаллимони калон Раҳимов Х.Б., Қаландарова Д.М., Зиёев М. аз фанҳои тахассусӣ дарс мегӯянд. Аз соли 2016 Давляева Г. ба сифати лаборанти кафедра фаъолият намуда истодааст.

 

Ҳайати профессорону омӯзгоронии кафедраи Забони ва адабиёти тоҷик

 






Абдушукур  Ғаффоров 30.12.1968
н.и.ф. дотсент
This e-mail address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it
Тел: 93-506-34-12













Холмаҳмад  Раҳимов 20.05.1972
муаллими калон
Тел: 938495691










Маҳмадалӣ  Зиёев 15.05.1936
н.и.п.дотсент
Тел: 93-591-29-52














Дунёзода  Қаландарова 27.09.1956
муаллими калон
Тел: 901008884

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj