There are no translations available.
Баррасии 1328 маърӯзаи илмии устодон ва донишҷӯён дар конфронси апрелии соли равон
Муовини Ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон, профессор Абдусамад Муллоев иттилоъ дод, ки имсол дар конфронси илмии апрелӣ аз ҷониби устодони Донишгоҳ 603 маърӯза ва аз тарафи донишҷӯёни факултаҳои гуногун 725 маърӯза пешниҳод ва баррасӣ гардид.
Ин конфронс рӯзи 17-уми апрел оғоз ва 20-уми апрел ба анҷом расид. Бино ба гуфтаи Муовини Ректори Донишгоҳ устодони ин боргоҳи маърифату дониш дар қиёс ба як
соли пеш ба конфронси илмии апрелӣ 27 дарсад бештар маърӯза пешниҳод кардаанд. Шумори маърӯзаҳои илмии донишҷӯёни факултаҳои гуногун дар муқоиса ба конфронси апрелии соли 2016 93 маърӯза ё худ 18,8 дарсад бештар буд.
Абдусамад Муллоев афзоиши ширкаткунандагон дар конфронси апрелиро далели фароҳам омадани шароти хубу мусоид дар корҳои пажуҳишии устодон ва ҷалби беш аз пеши донишҷӯён унвон крад.
Дар конфронси апрелии соли равон дар маҷмуъ 1328 маърӯзаи устодони кафедраҳои гуногуни Донишгоҳ ва донишҷӯёну унвонҷӯён ба барномаи конфронс ворид гардиданд. |