• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Кафедрахо 54
There are no translations available.

 




Сияҳаков Сафаралӣ
мудири кафедраи физикаи умумӣ,
номзади илмҳои техникӣ, дотсент
санаи таваллуд: 05.07.1967
E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
Тел: (+992)  944-07-70-77


Сияҳаков Сафаралӣ Мирзоевич (05.07.1965). Солҳои  1989-1990 муаллими физикаи мактаби миёна, 1990-1991 лаборанти кафедраи физикаи умумӣ, 1991-1993 аспирант, 1993-1994 лаборанти калон, 1994-2003 ассисент, 2003-2009 муаллими калони кафедраи физикаи умумии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ,  2005-2010 ҷонишини декан оид ба таълим дар факултети физика, айни ҳол аз соли 2011 то имрӯз муал. калони кафедраи номбурда кору фаъолият намудаистодаанд. Дар давоми фаъолияти кориаш соҳиби 1- ихтироот(патент) гардида,1-китоб ва бештар аз 20 номгӯи корҳои илмӣ, илмӣ - методӣ ва восоитҳои методӣ  таҳия намудааст.


 

Кафедраи физикаи умумӣ

Кафедраи физикаи умумӣ бо таъсисёбии донишгоҳ ба фаъолият оғоз намудааст. Бо таъсисёбии кафедра рушду камолоти кафедраҳои факултет вобастагӣ дорад. Соли 1933 зарурияти  кушодашавии кафедраи физикаи умумӣ дар баробари ташкилшавии шуъбаи шабонаи ихтисоси физикаву  математика ба миён омад.

Тӯли солҳои зиёд  ба кафедра олимони номдор  сарварӣ  кардаанд: профессор Рам Р., дотсент Содиқов Ҳ. У., академик Добровольский О. В. (солҳои 1951-1958), дотсент Тухтасунов И. Т. (солҳои 1958-1982), дотсент Норматов А. (солҳои 1982-1987), профессор Маҷидов Ҳ., ( солҳои 1987-1995), дотсен Зубайдов С. (солҳои 1995-1997), Неъматов А. (аз январи соли 1997 то январи соли 1998 иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра ), дотсент Қодиров Б.А. (аз соли 1998 то  соли 2009),  Неъматов А. (аз соли 2009-2016) (аз соли 2016-2021) Умаров А. (аз соли 2021 то ҳол) Сияҳаков С. мебошанд.

Барои таълими самараноки асосҳои физика як қатор лаборатория, кабинетҳои  таълимӣ, аз он ҷумла лабораторияҳои механика, физикаи молекулӣ, электрик ва магнетизм, оптика ва кабинетҳои лексионӣ ва намоиши таҷрибаҳо  ташкил шудаанд.

Дар ин давра шумораи гурӯҳҳои таълимӣ дар факултет зиёд гардид, талабот ба мазмун ва мундариҷаи  корҳои лабораторӣ боло рафт. Барои зиёд кардани шумораи лабораторияҳои  таълимӣ ва баланд бардоштани мазмуни корҳои устодони кафедра Ландман И.М., Двойкин Е.П., Бендерский С.Я., Шерматов М., Ҷумъаев Т., Ҳакимов Қ., Файзуллоев З., Турсунов Н., Боймуродов Э., Ахмедшина З.М., Ашуралиев С., Хушатов Э., Солиев С., лаборантон Шерматова Б., Абдуҳамидова З. саҳми арзанда гузоштанд.

Дар ин давра аз тарафи устодони кафедра як  қатор китобҳои дарсӣ, воситаҳои таълим, тавсияҳои методӣ таҳия ва нашр карда шуданд. «Механика» (Куинов Н.Г., с.1965), «Электромагнитизм – бобҳо аз электродинамика» (Ландман И.М., Бендерский С.Я., с.1973), «Электродинамика»  (Ландман И.М., Бандерский С.Я. с.1975), «Физические свойства кристаллов»  (Тухтасунов И., с 1979) аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Солҳои  1980-1990 барои кафедра давраи  нашъу намо ва пешравиҳо  ба ҳисоб меравад. Дар кафедра  24 нафар устодон фаъолият доштанд, ки 19 нафарашон номзадҳои илм, дотсентон буданд. Дар заминаи кафедра  лабораторияҳои илмӣ – тадқиқотӣ, ба монанди «Физикаи гармо» (роҳбараш дотсент, ҳоло профессор  Маҷидов Ҳ.), «Акустика» (роҳбараш дотсент Норматов А.), «Оптикаи когерентӣ» (роҳбараш дотсент Ржевский В.Н.), «Физикаи полимерҳо» (роҳбараш дотсент Қодиров Б.А.) таъсис ёфтанд. Устодони ҷавони кафедра имконият пайдо карданд, ки дар заминаи ин лабораторияҳо  ба корҳои илмӣ- тадқиқотӣ машғул гарданд. Дар лабораторияи «Физикаи гармо» бо роҳбарии дотсент Маҷидов Ҳ. (ҳоло профессор) як қатор ҷавонон корҳои илмӣ- тадқиқотӣ гузаронида, рисолаҳои номзадӣ дифоъ намуданд. Доктори илмҳои техникӣ, профессор Сафаров М., номзади илмҳои техникӣ, дотсент Зубайдов С., номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Неъматов А., номзади илмҳои физикаву математика Асоев Р. аз ҷумлаи  дастпарварони  ин лаборатория мебошанд. Дар лабораторияи илмии «Акустика» бо роҳбарии дотсент Норматов А. собиқ устоди кафедра Акрамов М. корҳои илмӣ- тадқиқотӣ гузаронида, номзади илмҳои физикаю риёзиёт гардид. Дар лабораторияи «Оптикаи когерентӣ» бошад, бо роҳбарии дотсент Ржевский В.Н. аспирантон Давлатов Т. (шодравон) ва Рупчев Н. ба корҳои илмӣ –тадқиқотӣ машғул буданд. Дар айни замон дар лабораторияи «Физикаи гармо»  устодон Неъматов А. , Сияҳаков С. ва Шукрихудоев Х. таҳти роҳбарии профессор Маҷидов Ҳ. ба фаъолияти илмӣ машғул  мебошанд.

Дар солҳои  1980-1990 дар заминаи лабораторияҳои илмии кафедра  корҳои илмӣ- тадқиқотии шартномавӣ бо муассисаҳои илмӣ ва донишгоҳҳои шаҳрҳои Москва, Ленинград иҷро карда мешуданд. Дар заминаи ин лабораторияҳо донишҷӯён корҳои тадқиқотӣ гузаронида, тибқи натиҷаҳои он рисолаҳои курсӣ, дипломӣ таҳия карда, бомуваффақият дифоъ мекарданд. Аз тарафи дигар, аз ҳисоби даромади ин корҳо базаи таълимӣ ва илмӣ-тадқиқотии кафедра ва факултет ғанӣ мегардид. Дар ин солҳо устодони кафедра бо зиёда аз 122 маърӯзаҳои илмӣ дар конфронсҳо, симпозиумҳои гуногун гузоришҳо доданд, зиёда аз 70 нафар хатмкунандагони факултети физика ва риёзиёт рисолаҳои дипломӣ дифоъ намуданд. Донишҷӯён дар 6 махфилҳои гуногуни илмӣ, фанӣ, аз ҷумла «Тадқиқи хосиятҳои гармофизикии моддаҳо» (роҳбараш дотсент Маҷидов Ҳ.), «Тадқиқҳои хосияти акустикии моддаҳо» (роҳбараш дотсент Норматов А.), «Сохтани асбобҳои физикӣ» (роҳбараш дотсент Бендерский С.Я.), «Ҳалли масъалаҳо аз физикаи умумӣ» (роҳбараш дотсент Қодиров Б.), «Ҳалли масъалаҳои физикаи мактабӣ» (роҳбараш дотсент Нуриддинов З.) иштирок карда, дониш, маҳорату малакаҳои  касбии худро сайқал медоданд.

Дар охири солҳои 90-ум лабораторияҳои кафедра бо асбобҳои замонавӣ пурра гардиданд, корҳои нави лабораторӣ пешниҳод шуданд. Дар ин масъала хизмати устодони кафедра Неъматов А. ва Расулов Н. назаррас аст. Дар гузориши корҳои лабораторӣ ҳиссаи устоди калон Двойкин Е.П., ассистент Давлатов Т. («Чен кардани доимии Болсман», «Чен кардани дарозии роҳи озод ва диаметри эффективии молекулаҳои ҳаво», «Муайян кардани гармиғунҷоиши металлҳо бо усули хунуккунӣ»), Бандерский С.Я. ва Қодиров Б. («Омӯхтани вобастагии энергияи конденсатори заряднок аз ғунҷоиш ва шиддат», «Омӯхтани ҳаракати электронҳо дар майдони магнитӣ», Бандерский С.Я. ва Турсунов Н. («Омӯхтани спектрҳо бо ёрии дастгоҳи ИСП-51», «Чен кардани доимии Стефан- Болсман») ва дигарҳо  калон аст.

Яке аз боигариҳои кафедраи физикаи умумӣ, ин кабинети намоиши таҷрибаҳои физикӣ мебошад. Дар кабинет барои намоиши таҷрибаҳои физикӣ доир ба ҳама қисмҳои физика,  аз механика сар карда, то физикаи атом ва ядро таҷҳизотҳои зарурӣ барои намоиши кинофилмҳои таълимӣ - дастгоҳи кинонамоишдиҳӣ муҳаёст. Бештар асбобу дастгоҳҳо бо ёрии донишҷӯён ва устодони кафедра сохта шудаанд. Дастгоҳи «Курсии Жуковский» (барои намоиши қонуни бақои моменти импулс) аз ҷониби донишҷӯ Саидов Қ. Ҳ. (шодравон, дотсенти кафедраи  физикаи назариявӣ) сохта шудааст, ки то имрӯз вай мавриди истифода қарор дорад.

Кори кабинети намоишдиҳии таҷрибаҳоро зиёда аз 30 сол   устоди калон, собиқдори меҳнат Круковский Сергей Владимирович (шодравон) ба уҳда дошт. Ин кабинетро бе ин марди фозил тасаввур кардан мушкил буд. Дар ҳама мавридҳо ин шахс ҳамеша ба намоиши таҷрибаҳои мушкили физикӣ дар савияи баланди илмӣ-методӣ омода мекард. Дар давраи  солҳои 1980-1990 аз тарафи устодони кафедра як қатор воситаҳои таълимӣ, дастурҳои методӣ бо забони тоҷикӣ ба табъ расиданд. Дастурҳои методии устодон «Асосҳои физикаи  молекулавӣ ва термодинамика» (Маҷидов А. Норматов А., с.1986), «Механика» (М. Ёқубов, с. 1985), «Машғулиятҳои амалӣ аз физикаи  умумӣ» (Зокиров Р., с. 1988), «Материалы спецкурса по кристаллофизике» (Бендерский С.Я., с. 1988), «Саҳеҳияти ченкунӣ дар корҳои лабораторӣ» (Қодиров Б., Норматов А., Ҷуманбоев Ҳ., с. 1988), «Плани кори машғулиятҳо аз  курси физикаи умумӣ» (Шерматов М., Қодиров Б., с.1989), «Супоришҳо барои кори мустақилона аз физикаи молекулӣ» (Маҷидов Ҳ., Сафаров М., с.1989), «Супоришҳо барои кори мустақилона аз электрик ва магнитизм» (Маҷидов Ҳ., Сафаров М., с. 1989),  «Супоришҳо барои кори           мустақилона аз физикаи квантӣ» (Туйчиев  Ш., Расулов Н., с.1989), «Механика қ.2»  (Ёқубов М., Норматов А., с. 1989) ва ғайраҳо дар раванди таълими  физика дар кафедра  ва дигар кафедраҳои  мувофиқи мактабҳои олии ҷумҳурӣ васеъ истифода карда мешаванд. Як қатор  омӯзгорони кафедра, аз ҷумла  Маҷидов Ҳ, Двойкин Е.П., Богданов А.И., Сафаров М., Зубайдов С., Неъматов А. оиди навовариҳои хеш дар соҳаи  илм ва техника ба гирифтани  «Шаҳодатномаи муаллифӣ» ноил гаштанд.

Дар  солҳои охир (1990-2000) аз тарафи омӯзгорони кафедра як қатор дастурҳои таълимӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони  мактабҳои миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ таҳия ва нашр шудаанд. Дастурҳои методии «Газҳои реалӣ, моеъҳо ва ҷисмҳои сахт» (Маҷидов Ҳ., Норматов А.), «Плани машғулиятҳо ва супоришҳо барои корҳои мустақилона аз оптика» (Сафаров М., Маҷидов Ҳ., Солиҳов Т.), «Супоришҳои санҷишӣ аз  физика» (Қодиров Б., Ҷанобилов Қ., Шерматов М.),  «Механика ва физикаи молекулӣ» (Маҷидов Ҳ., Сафаров М., Расулов Н., Бендерский С.Я., Норматов А., Қодиров Б.), «Тавсияи методӣ аз физикаи умумӣ» (Шерматов М. ва дигарон), «Электрик ва магнитизм» (Маҷидов Ҳ., Сафаров М., Қодиров Б., Бендерский С.Я.), «Асосҳои физикаи гармо» (Маҷидов Ҳ., Солиҳов Т., Сафаров М.), «Плани корӣ аз физикаи умумӣ» (Шерматов М., Қодиров Б., Ҷанобилов Қ.), «Контрольные задания по физике» (Қодиров Б., Шерматов М., Ҷанобилов Қ.), «Барномаи корӣ аз физикаи умумӣ» (Солиҳов Т., Қодиров Б.), «Барномаи корӣ аз физикаи умумӣ барои ғоибхонҳо» (Неъматов А.), «Корҳои санҷишӣ аз физика» (Қодиров Б., Ҷумъаев Т.), «Маҷмӯи масъалаҳо аз физика» (Ҷумъаев Т., Қодиров Б., Шерматов М.) ва ғайраҳо аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Дар солҳои (2000-2010) аз тарафи устодони кафедра як қатор дастурҳои таълимӣ-методӣ, китобҳои дарсӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони мактабҳои миёна нашр ва таҳия шуданд.

Дастурҳои методии «Асосҳои механика», физикаи молекулӣ ва термодинамика, оптика ва физикаи квантӣ» (Ҳамид Маҷидов), «Асосҳои физикаи квантӣ» (Ҳ.Маҷидов, С.Я. Бендерский), «Супоришоти тестӣ аз физика» (Қодиров Б.А., Ҷумъаев Т.), «Маҷмуаи супоришҳои тестӣ аз физика» (Неъматов А., Туйчиев Ҳ., Мухамедшин Р.), «Механика» (Неъматов А., Ғуломов С., Туйчиев Ҳ) «Корҳои мустақилона аз физикаи молекулӣ ва асосҳои термодинамика» (Ҳамид Маҷидов, Абдуқодир Неъматов., Ҳалим Туйчиев), «Асосҳои физикаи квантӣ» (Турсунов Н., Қодиров Б.А.)  ва ғайраҳо аз ҷумлаи онҳо мебоошанд.

Дар охир қайд кардани хизмати бузурги  устодони кафедра  дотсент Тӯхтасунов И., дотсент Норматов А., профессор Маҷидов Ҳ., дотсент Бендерский С.Я., дотсент, Шерматов М., профессор Сафаров М.,  устодони калон Двойкин Е.П., Ландман И.М., Ёқубов М., профессор Солеҳов Т., дотсент Қодиров Б.А., Самиев С., Неъматов А.,  Туйчиев Ш., Турсунов Н., Турсунов З., Рашидов С., Ҷабборов Т., Давлатов Т., Ҳакимов Қ., Шарипов Қ., Ҷонобилов Қ., Жабаров О., Марупов Н., Зокиров Р., Ахмедшина З.М., Зубайдов С., Абдуҳамидова З., Акрамов М.Б. Асоев Р., Боймуродов Э., Добровольский О.В., Пӯлодов К., Рамм Р., Файзуллоев З., Шестерова Е., Раҷабов Ҳ., Расулов Н., Ржевский В.Н., Ҷуманбоев Ҳ., Шодиев Т., Норқулов А., Щербаков Ю.Д. Куинов Н.Г., Бобоев Г.Ю., Ашуралиев С., Назаров Ҷ., Шерматова Б., Абдуллоева С., Маҳмудова Г.  ва дигарон бамаврид аст. Бо номи ҳар яки ин устодон рушду камоли кафедра, муваффақиятҳои факултети физика алоқаманд мебошад.

 

Омӯзгорон

 

 

 

Бобоқул  Қодиров

профессори кафедраи физикаи умумӣ,
(Раиси Шурои илмӣ-методии факултети физика)
санаи таваллуд 13.02.1947
Тел: (+992) 934777864




Неъматов  Абдуқодир

Дотсенти кафедраи физикаи умумӣ
Санаи таваллуд: 15.02.1950
Тел: (+992)95-163-15-85
E-mail:  Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript






 

 

Мирзоева Кутосби

Дотсенти кафедраи физикаи умумӣ
Санаи таваллуд: 10.01.1952
Тел: (+992) 918-99-88-88








Мирзомамадов Алимамад Гулмамадович
Дотсенти кафедраи физикаи умумӣ
Санаи таваллуд: 28.03.1985
Тел: (+992) 501-10-39-44
E-mail:  Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript










Рустам Давлатов
Дотсенти кафедраи физикаи умумӣ
(муовини декан оид ба таълим, факултети физика)
Санаи таваллуд: 1.08.1991
Тел: (+992) 918-99-88-88










Ҷумъаев Саидҷаҳфар Сафаралиевич
Ассистенти кафедраи физикаи умумӣ
Санаи таваллуд: 06.09.1989
Тел:  (+992)985-11-68-23
E-mail: saidchaxfar@mail.ru




 

 

 

Хуррам  Шукрихудоев

муаллими кафедраи физикаи эксперименталӣ,
(котиби Шурои олимони факултети физика)
санаи таваллуд 16.04.82
Тел:  (+992) 935131516
E-mail:khurram-82@mail.ru






Сафаров Файзалӣ
Лаборанти калони кафедраи физикаи умумӣ
Санаи таваллду:21.08.1948
Тел:  (+992)556-00-19-48










Шерматова Барно
Лаборанти калони кафедраи физикаи умумӣ
Санаи таваллду:
Тел:  (+992)934-50-30-45











Насриддинова Гулҷаҳон
Лаборанти кафедраи физикаи умумӣ
Санаи таваллуд:30.05.1992
Тел:  (+992)981-47-77-76


 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj