Кафедрахо 54 |
Ашур Умаровмудири кафедраи физикаи умумӣ,номзади илмҳои педагогӣ, дотсент
Ашур Умаров 19.08.1956. Соли 1982 лаборанти калони кафедраи физикаи умумии ДДК ба номи А.Рӯдакӣ Соли 1983 ассисенти кафедраи физикаи умумй. Соли 1984 муаллими кафедраи физикаи умумй. Соли 1989 ҷонишини декани факултети физика. Соли 1998 мудири кафедраи методикаи таълими физика ва технологияи материалхо дар ДДК ба номи А.Рӯдакӣ кор кардааст. Аз соли 2009 дар ДДОТ ба номи С. Айни декани шуъбаи тайёри,ҷонишини декан оид ба таълим, мудири кафедраи физикаи умумй дар факултети физика кор ва фаолият карда истодааст.Номзади илмҳои педагогӣ, дотсент.
Кафедраи физикаи умумӣ Кафедраи физикаи умумӣ яке аз кафедраҳои аввалини донишгоҳ аст. Вай аз солҳои 30-ум сарчашма гирифтааст. Бо номи ин кафедра таъсис, барқароршавӣ ва рушду камолоти факултети физика, зич алоқаманд аст. Зарурияти кафедра дар баробари ташкилшавии шуъбаи шабонаи физикаву математика соли 1933 ба миён омад. Дар тӯли солҳои зиёд ба кафедра як зумра олимони номдор сарварӣ кардаанд. Инҳо профессор Рам Р., дотсент Содиқов Ҳ. У., академик Добровольский О. В. (солҳои 1951-1958), дотсент Тухтасунов И. Т. (солҳои 1958-1982), дотсент Норматов А. (солҳои 1982-1987), профессор Маҷидов Ҳ., ( солҳои 1987-1995), дотсен Зубайдов С. (солҳои 1995-1997), Неъматов А. (аз январи соли 1997 то январи соли 1998 иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра ), дотсент Қодиров Б.А. (аз соли 1998 то соли 2009), Неъматов А. (аз соли 2009 то имрӯз) мебошанд. Дар охири соли 60-ум ва аввалҳои соли 70-ум омӯзгорони кафедра академик Добраволський О.В. ва дотсент Саидов Қ.Ҳ. (дар соҳаи астрофизика) ва дотсент Содиқов Ҳ. У. (дар соҳаи таърихи илм), корҳои илмӣ- тадқиқотӣ мебурданд. Дар ин давра, барои таълими самараноки асосҳои физика як қатор лабораторияю кабинетҳои таълимӣ, аз он ҷумла лабораторияҳои механика, физикаи молекулӣ, электрик, оптика, электротехника, кабинетҳои лексионӣ ва намоиши таҷрибаҳо ташкил ёфтанд. Бо қувваи устодони кафедра ин лабораторияҳо бо асбобу анҷомҳои таълимии замонавӣ таҷҳизонида шудаанд. Бендарский С. Я., Саидов Қ. Ҳ., Круковский С. В. барои гузориши корҳои лабораторӣ, таҳияи нишондоди кор ба онҳо ороиши кабинети намоишдиҳӣ хизмати шоиста кардаанд. Бо самимияти бузург қайд кардан лозим меояд, ки аксарияти он асбобҳои дастисохти корҳои лабораторӣ, нишондоди кор ба онҳо то имрӯз дар раванди таълими физика бомуваффақият истифода карда мешаванд. Бо талаботи замон сол аз сол кафедраи физикаи умумӣ васеъ ва шумораи устодони он зиёд гардид. Инак, кафедраи физикаи назариявӣ (соли 1966), кафедраи методикаи таълими физика (соли 1974), кафедраи физикаи умумӣ ва назариявӣ (соли 1976 дар назди факултети риёзиёт), дар заминаи кафедраи физикаи умумӣ арзи вуҷуд карданд. Аввали солҳои 70-ум пас аз таъсис ёфтани факултети мустақили физика, бо ташаббуси устодони кафедраи физикаи умумӣ Тухтасунов И. ва Ҷабборов Ғ. бо як қатор мактабҳои олӣ ва муассисаҳои илмии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ робитаҳои илмӣ барқарор гардид ва дастпарварони кафедра барои коромӯзию иҷрои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ба ин марказҳои илмӣ сафарбар шуданд. Дар тӯли соли 80-ум ба ин марказҳои илмӣ нахустин аспирантони кафедра (Зокиров Р., Пӯлодов Ҷ., Маҷидов Ҳ., Файзуллоев З., Нуриддинов З., Ҳакимов Қ., Шарипов Қ., Ҷабборов О., Раҷабов П.) ба кафедраи физикаи молекулавии Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи В.И. Ленин ш. Боку, Донишгоҳи давлатии ба номи С.И. Кирови Озарбойҷон фиристонида шуданд ва онҳо зери роҳбарии профессорон А. Аббос- зода, К. Д. Гусейнов ва А. Мухторов ба фаъолияти илмӣ шурӯъ карданд. Гурӯҳи дигари дастпарварони кафедра (Назаров Ҷ., Ҷабборов Т., Муҳиддинов Х., Қодиров Б.А.) ба кафедраи физикаи полимерҳои Академияи ҳарбии муҳофизат аз моддаҳои кимиёвии ш. Москва таҳти профессорон Манин В.Н., Громов А,Н. ба корҳои илмӣ- тадқиқотӣ пардохтанд. Дар кафедраи нимноқилҳои Пажӯҳишгоҳи кристаллографияи АУ Иттиҳоди Шӯравӣ аспирантони кафедра Бендерский С. Я., Бобоев Г.Ю., Самиев С.Ҳ. бо роҳбарии профессорон Шувалов Л.А., Иванов М.Р. ва Брандт дар Пажӯҳишгоҳи физикаи кимиёвии АФ ИҶШС аспиранти кафедра Масалимов К.Т. таҳти роҳбарии номзади илмҳои физикаю риёзиёт Мусаэлян И. Н., дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ- тадқиқотии пластмасс (НИИПМ) шаҳри Москва бошад аспирантон Ҷуманбоев Ҳ., Ҷабборов А. Ғ. зери роҳбарии профессор Г.А.Лущейкин корҳои илмӣ-тадқиқотӣ гузаронида, аксарияташон рисолаи номзадӣ дифоъ намуданд. Ҳамаи он нафароне, ки номи онҳоро ёдовар шудем, корҳои илмӣ- тадқиқотии хешро бомуваффақият анҷом дода, рисолаи номзадӣ дифоъ карданд ва имрӯз дар мактабҳои олӣ, муассисаҳои илмии дохилии ҷумҳурӣ ва хориҷи он фаъолият доранд. Соли 1970 дар кафедра 29 нафар омӯзгорон фаъолияти илмӣ- омӯзгорӣ доштанд, ки танҳо 14 нафарашон ба кори илмӣ- тадқиқотӣ ва илмӣ- методӣ машғул буданд. Дар кафедра ду нафар номзади илм (дотсент Норматов А. ва Тӯхтасунов И.) буд. Кафедра дар се самт корҳои илмӣ- тадқиқотӣ мегузаронд. Самти якум – физикаи ҷисмҳои сахт ва моеъҳо (Тӯхтасунов И., Бендерский С.Я., Зокиров Р., Двойкин Е.П.,), самти дуюм- инкишофи физика ва нуҷум дар Тоҷикистони Шӯравӣ, мамлакатҳои шарқи миёна ва таърихи физика (Шерматов М., Шодиев Т., Маърупов Н.), самти сеюм- методикаи таълими физика (Ҷумъаев Т., Куинов Н. Г., Ҷабборов Ғ.). Дар ин давра шумораи гурӯҳҳои таълимӣ дар факултет зиёд гардид, талабот ба мазмун ва мундариҷаи корҳои лабораторӣ боло рафт. Барои зиёд кардани шумораи лабораторияҳои таълимӣ ва баланд бардоштани мазмуни корҳои устодони кафедра Ландман И.М., Двойкин Е.П., Бендерский С.Я., Шерматов М., Ҷумъаев Т., Ҳакимов Қ., Файзуллоев З., Турсунов Н., Боймуродов Э., Ахмедшина З.М., Ашуралиев С., Хушатов Э., Солиев С., лаборантон Шерматова Б., Абдуҳамидова З. саҳми арзанда гузоштанд. Дар ин давра аз тарафи устодони кафедра як қатор китобҳои дарсӣ, воситаҳои таълим, тавсияҳои методӣ таҳия ва нашр карда шуданд. «Механика» (Куинов Н.Г., с.1965), «Электромагнитизм – бобҳо аз электродинамика» (Ландман И.М., Бендерский С.Я., с.1973), «Электродинамика» (Ландман И.М., Бандерский С.Я. с.1975), «Физические свойства кристаллов» (Тухтасунов И., с 1979) аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Солҳои 1980-1990 барои кафедра давраи нашъу намо ва пешравиҳо ба ҳисоб меравад. Дар кафедра 24 нафар устодон фаъолият доштанд, ки 19 нафарашон номзадҳои илм, дотсентон буданд. Дар заминаи кафедра лабораторияҳои илмӣ – тадқиқотӣ, ба монанди «Физикаи гармо» (роҳбараш дотсент, ҳоло профессор Маҷидов Ҳ.), «Акустика» (роҳбараш дотсент Норматов А.), «Оптикаи когерентӣ» (роҳбараш дотсент Ржевский В.Н.), «Физикаи полимерҳо» (роҳбараш дотсент Қодиров Б.А.) таъсис ёфтанд. Устодони ҷавони кафедра имконият пайдо карданд, ки дар заминаи ин лабораторияҳо ба корҳои илмӣ- тадқиқотӣ машғул гарданд. Дар лабораторияи «Физикаи гармо» бо роҳбарии дотсент Маҷидов Ҳ. (ҳоло профессор) як қатор ҷавонон корҳои илмӣ- тадқиқотӣ гузаронида, рисолаҳои номзадӣ дифоъ намуданд. Доктори илмҳои техникӣ, профессор Сафаров М., номзади илмҳои техникӣ, дотсент Зубайдов С., номзади илмҳои физикаю математика, дотсент Неъматов А., номзади илмҳои физикаву математика Асоев Р. аз ҷумлаи дастпарварони ин лаборатория мебошанд. Дар лабораторияи илмии «Акустика» бо роҳбарии дотсент Норматов А. собиқ устоди кафедра Акрамов М. корҳои илмӣ- тадқиқотӣ гузаронида, номзади илмҳои физикаю риёзиёт гардид. Дар лабораторияи «Оптикаи когерентӣ» бошад, бо роҳбарии дотсент Ржевский В.Н. аспирантон Давлатов Т. (шодравон) ва Рупчев Н. ба корҳои илмӣ –тадқиқотӣ машғул буданд. Дар айни замон дар лабораторияи «Физикаи гармо» устодон Неъматов А. , Сияҳаков С. ва Шукрихудоев Х. таҳти роҳбарии профессор Маҷидов Ҳ. ба фаъолияти илмӣ машғул мебошанд. Дар солҳои 1980-1990 дар заминаи лабораторияҳои илмии кафедра корҳои илмӣ- тадқиқотии шартномавӣ бо муассисаҳои илмӣ ва донишгоҳҳои шаҳрҳои Москва, Ленинград иҷро карда мешуданд. Дар заминаи ин лабораторияҳо донишҷӯён корҳои тадқиқотӣ гузаронида, тибқи натиҷаҳои он рисолаҳои курсӣ, дипломӣ таҳия карда, бомуваффақият дифоъ мекарданд. Аз тарафи дигар, аз ҳисоби даромади ин корҳо базаи таълимӣ ва илмӣ-тадқиқотии кафедра ва факултет ғанӣ мегардид. Дар ин солҳо устодони кафедра бо зиёда аз 122 маърӯзаҳои илмӣ дар конфронсҳо, симпозиумҳои гуногун гузоришҳо доданд, зиёда аз 70 нафар хатмкунандагони факултети физика ва риёзиёт рисолаҳои дипломӣ дифоъ намуданд. Донишҷӯён дар 6 махфилҳои гуногуни илмӣ, фанӣ, аз ҷумла «Тадқиқи хосиятҳои гармофизикии моддаҳо» (роҳбараш дотсент Маҷидов Ҳ.), «Тадқиқҳои хосияти акустикии моддаҳо» (роҳбараш дотсент Норматов А.), «Сохтани асбобҳои физикӣ» (роҳбараш дотсент Бендерский С.Я.), «Ҳалли масъалаҳо аз физикаи умумӣ» (роҳбараш дотсент Қодиров Б.), «Ҳалли масъалаҳои физикаи мактабӣ» (роҳбараш дотсент Нуриддинов З.) иштирок карда, дониш, маҳорату малакаҳои касбии худро сайқал медоданд. Дар охири солҳои 90-ум лабораторияҳои кафедра бо асбобҳои замонавӣ пурра гардиданд, корҳои нави лабораторӣ пешниҳод шуданд. Дар ин масъала хизмати устодони кафедра Неъматов А. ва Расулов Н. назаррас аст. Дар гузориши корҳои лабораторӣ ҳиссаи устоди калон Двойкин Е.П., ассистент Давлатов Т. («Чен кардани доимии Болсман», «Чен кардани дарозии роҳи озод ва диаметри эффективии молекулаҳои ҳаво», «Муайян кардани гармиғунҷоиши металлҳо бо усули хунуккунӣ»), Бандерский С.Я. ва Қодиров Б. («Омӯхтани вобастагии энергияи конденсатори заряднок аз ғунҷоиш ва шиддат», «Омӯхтани ҳаракати электронҳо дар майдони магнитӣ», Бандерский С.Я. ва Турсунов Н. («Омӯхтани спектрҳо бо ёрии дастгоҳи ИСП-51», «Чен кардани доимии Стефан- Болсман») ва дигарҳо калон аст. Яке аз боигариҳои кафедраи физикаи умумӣ, ин кабинети намоиши таҷрибаҳои физикӣ мебошад. Дар кабинет барои намоиши таҷрибаҳои физикӣ доир ба ҳама қисмҳои физика, аз механика сар карда, то физикаи атом ва ядро таҷҳизотҳои зарурӣ барои намоиши кинофилмҳои таълимӣ - дастгоҳи кинонамоишдиҳӣ муҳаёст. Бештар асбобу дастгоҳҳо бо ёрии донишҷӯён ва устодони кафедра сохта шудаанд. Дастгоҳи «Курсии Жуковский» (барои намоиши қонуни бақои моменти импулс) аз ҷониби донишҷӯ Саидов Қ. Ҳ. (шодравон, дотсенти кафедраи физикаи назариявӣ) сохта шудааст, ки то имрӯз вай мавриди истифода қарор дорад. Кори кабинети намоишдиҳии таҷрибаҳоро зиёда аз 30 сол устоди калон, собиқдори меҳнат Круковский Сергей Владимирович (шодравон) ба уҳда дошт. Ин кабинетро бе ин марди фозил тасаввур кардан мушкил буд. Дар ҳама мавридҳо ин шахс ҳамеша ба намоиши таҷрибаҳои мушкили физикӣ дар савияи баланди илмӣ-методӣ омода мекард. Дар давраи солҳои 1980-1990 аз тарафи устодони кафедра як қатор воситаҳои таълимӣ, дастурҳои методӣ бо забони тоҷикӣ ба табъ расиданд. Дастурҳои методии устодон «Асосҳои физикаи молекулавӣ ва термодинамика» (Маҷидов А. Норматов А., с.1986), «Механика» (М. Ёқубов, с. 1985), «Машғулиятҳои амалӣ аз физикаи умумӣ» (Зокиров Р., с. 1988), «Материалы спецкурса по кристаллофизике» (Бендерский С.Я., с. 1988), «Саҳеҳияти ченкунӣ дар корҳои лабораторӣ» (Қодиров Б., Норматов А., Ҷуманбоев Ҳ., с. 1988), «Плани кори машғулиятҳо аз курси физикаи умумӣ» (Шерматов М., Қодиров Б., с.1989), «Супоришҳо барои кори мустақилона аз физикаи молекулӣ» (Маҷидов Ҳ., Сафаров М., с.1989), «Супоришҳо барои кори мустақилона аз электрик ва магнитизм» (Маҷидов Ҳ., Сафаров М., с. 1989), «Супоришҳо барои кори мустақилона аз физикаи квантӣ» (Туйчиев Ш., Расулов Н., с.1989), «Механика қ.2» (Ёқубов М., Норматов А., с. 1989) ва ғайраҳо дар раванди таълими физика дар кафедра ва дигар кафедраҳои мувофиқи мактабҳои олии ҷумҳурӣ васеъ истифода карда мешаванд. Як қатор омӯзгорони кафедра, аз ҷумла Маҷидов Ҳ, Двойкин Е.П., Богданов А.И., Сафаров М., Зубайдов С., Неъматов А. оиди навовариҳои хеш дар соҳаи илм ва техника ба гирифтани «Шаҳодатномаи муаллифӣ» ноил гаштанд. Дар солҳои охир (1990-2000) аз тарафи омӯзгорони кафедра як қатор дастурҳои таълимӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони мактабҳои миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ таҳия ва нашр шудаанд. Дастурҳои методии «Газҳои реалӣ, моеъҳо ва ҷисмҳои сахт» (Маҷидов Ҳ., Норматов А.), «Плани машғулиятҳо ва супоришҳо барои корҳои мустақилона аз оптика» (Сафаров М., Маҷидов Ҳ., Солиҳов Т.), «Супоришҳои санҷишӣ аз физика» (Қодиров Б., Ҷанобилов Қ., Шерматов М.), «Механика ва физикаи молекулӣ» (Маҷидов Ҳ., Сафаров М., Расулов Н., Бендерский С.Я., Норматов А., Қодиров Б.), «Тавсияи методӣ аз физикаи умумӣ» (Шерматов М. ва дигарон), «Электрик ва магнитизм» (Маҷидов Ҳ., Сафаров М., Қодиров Б., Бендерский С.Я.), «Асосҳои физикаи гармо» (Маҷидов Ҳ., Солиҳов Т., Сафаров М.), «Плани корӣ аз физикаи умумӣ» (Шерматов М., Қодиров Б., Ҷанобилов Қ.), «Контрольные задания по физике» (Қодиров Б., Шерматов М., Ҷанобилов Қ.), «Барномаи корӣ аз физикаи умумӣ» (Солиҳов Т., Қодиров Б.), «Барномаи корӣ аз физикаи умумӣ барои ғоибхонҳо» (Неъматов А.), «Корҳои санҷишӣ аз физика» (Қодиров Б., Ҷумъаев Т.), «Маҷмӯи масъалаҳо аз физика» (Ҷумъаев Т., Қодиров Б., Шерматов М.) ва ғайраҳо аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Дар солҳои (2000-2010) аз тарафи устодони кафедра як қатор дастурҳои таълимӣ-методӣ, китобҳои дарсӣ барои донишҷӯён ва омӯзгорони мактабҳои миёна нашр ва таҳия шуданд. Дастурҳои методии «Асосҳои механика», физикаи молекулӣ ва термодинамика, оптика ва физикаи квантӣ» (Ҳамид Маҷидов), «Асосҳои физикаи квантӣ» (Ҳ.Маҷидов, С.Я. Бендерский), «Супоришоти тестӣ аз физика» (Қодиров Б.А., Ҷумъаев Т.), «Маҷмуаи супоришҳои тестӣ аз физика» (Неъматов А., Туйчиев Ҳ., Мухамедшин Р.), «Механика» (Неъматов А., Ғуломов С., Туйчиев Ҳ) «Корҳои мустақилона аз физикаи молекулӣ ва асосҳои термодинамика» (Ҳамид Маҷидов, Абдуқодир Неъматов., Ҳалим Туйчиев), «Асосҳои физикаи квантӣ» (Турсунов Н., Қодиров Б.А.) ва ғайраҳо аз ҷумлаи онҳо мебоошанд. Дар охир қайд кардани хизмати бузурги устодони кафедра дотсент Тӯхтасунов И., дотсент Норматов А., профессор Маҷидов Ҳ., дотсент Бендерский С.Я., дотсент, Шерматов М., профессор Сафаров М., устодони калон Двойкин Е.П., Ландман И.М., Ёқубов М., профессор Солеҳов Т., дотсент Қодиров Б.А., Самиев С., Неъматов А., Туйчиев Ш., Турсунов Н., Турсунов З., Рашидов С., Ҷабборов Т., Давлатов Т., Ҳакимов Қ., Шарипов Қ., Ҷонобилов Қ., Жабаров О., Марупов Н., Зокиров Р., Ахмедшина З.М., Зубайдов С., Абдуҳамидова З., Акрамов М.Б. Асоев Р., Боймуродов Э., Добровольский О.В., Пӯлодов К., Рамм Р., Файзуллоев З., Шестерова Е., Раҷабов Ҳ., Расулов Н., Ржевский В.Н., Ҷуманбоев Ҳ., Шодиев Т., Норқулов А., Щербаков Ю.Д. Куинов Н.Г., Бобоев Г.Ю., Ашуралиев С., Назаров Ҷ., Шерматова Б., Абдуллоева С., Маҳмудова Г. ва дигарон бамаврид аст. Бо номи ҳар яки ин устодон рушду камоли кафедра, муваффақиятҳои факултети физика алоқаманд мебошад.
Омӯзгорон ![]() Неъматов Абдуқодир (15.02.1950), номзади илмҳои физикаю математика (1998), дотсент (1998). Соли 1979-1982 лаборанти калони кафедраи методикаи таълими физика, 1983-1984 мудири лабораторияҳои кафедраи методикаи таълими физика, 1984-1987 аспирант, 1987-1993 ассистенти кафедра, 1993-1998 муаллими калон ва аз соли 1998 ба сифати дотсент кору фаъолият кардааст. Солҳои 2005 то соли 2009 вазифаи декании факултети физикаро ба ӯҳда дошт. Аз соли 2009 то феврали соли 2016 мудири кафедраи физикаи умумии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ-ро ба дӯш дошт. Айни ҳол дотсенти кафедраи физикаи умумии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ мебошад. Дар давоми фаъолияти кориаш зиёда аз 100- китобу дастурҳои таълимию методӣ, инчунин зиёда аз 200 мақолаҳои илмӣ ва илмию методиро бо чоп расонидаанд. Тел: (+992)95-163-15-85 E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript ![]() Сияҳаков Сафаралӣ Мирзоевич (05.07.1965). Солҳои 1989-1990 муаллими физикаи мактаби миёна, 1990-1991 лаборанти кафедраи физикаи умумӣ, 1991-1993 аспирант, 1993-1994 лаборанти калон, 1994-2003 ассисент, 2003-2009 муаллими калони кафедраи физикаи умумии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, 2005-2010 ҷонишини декан оид ба таълим дар факултети физика, айни ҳол аз соли 2011 то имрӯз муал. калони кафедраи номбурда кору фаъолият намудаистодаанд. Дар давоми фаъолияти кориаш соҳиби 1- ихтироот(патент) гардида,1-китоб ва бештар аз 20 номгӯи корҳои илмӣ, илмӣ - методӣ ва восоитҳои методӣ таҳия намудааст. Тел: (+992) 93-408-77-46 E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript ![]() Мирзоева Кутосби (10.01.1952) Соли 1973-1975 асссистенти кафедраи физики умумии ДДК ба номи А. Рудакӣ. Аз соли 1975 то имруз аввал ба хайси ассистент ва баъдан ба хайси муаллимаи калони кафедраи физикаи умуми ДДОТ ба номи С. Айни кор карда истодааст. Тел: (+992) 918-99-88-88 ![]() Мирзомамадов Алимамад Гулмамадович (28.03.1985). Соли 2006-2007 омузгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №7 ш. Хоруғ. Соли 2007-2011 омӯзгори мактаби таҳсилотии миёнаи умумии № 13 н. Ишкошим, соли 2011-2012 ассистенти кафедраи физикаи умумӣ ДДОТ ба номи С.Айнӣ кор кардааст. Аз соли 2012-2014 дар аспирантура тахсил намудааст. Аз соли 2014 то инҷониб ассисенти кафедраи физикаи умумии ДДОТ бо номи С. Айнӣ шуда кор карда истодааст. Дар давоми фаолияти кориаш, зиёда аз 22 мақолаи илмӣ–методӣ, 4 дастури таълими-методи ба чоп расонидааст. Тел: (+992) 501-10-39-44 E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript |