• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Кафедрахо 54
There are no translations available.






Назруллозода  Абдуқодир  Садулло

Мудири кафедраи физикаи эксперименталӣ,

номзади илмҳои техникӣ, дотсент
Тел: 918 42 91 13

 

Кор ва собиқаи меҳнатӣ

Солҳо

Вазифаи ишғолнамуда

Солҳои 1988-1993

Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Солҳои 1990-1993

Муаллими мактаби № 17-и шаҳри Ваҳдат

Солҳои 1993-1994

Лаборанти кафедраи физикаи умумии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, сипас лаборанти калони кафедраи мазкур

Солҳои 1994-1998

Мудири анбори СТУЗ-1

Солҳои 1998-2005

Ҷонишини раиси СТУЗ-1

Солҳои 2005-2012

Саринженери ҶСП «Сантехмонтаж»

Солҳои 2012-2013

Сардори раёсати корҳои хоҷагии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

2013-2021

Муовини ректор оид ба корҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, ҳамзамон дотсенти кафедраи информатика ва фанҳои табиӣ-риёзии ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода

Солҳои 2021-2022

Дотсенти кафедраи информатика ва фанҳои табиӣ-риёзии ДДЗТ ба номи С. Улуғзода

27.08.2022-02.11.2022

Муовини декан оид ба корҳои илмии факултети физика, ҳамзамон дотсенти кафедраи физикаи умумии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

Аз 02.11.2022 то ҳол

Декани факултети физикаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ, дотсенти кафедраи физикаи умумӣ


 


 

Кафедраи физикаи эксперименталӣ

Кафедраи физикаи эксперименталӣ сентябри соли 1990 дар шакли мустақил таъсис гардид. Мақсади таъсиси кафедра муттаҳид кардани мутаххасисони илмӣ-омӯзгорӣ ва ҳамгиро кардани лабораторияҳои таълимӣ, фароҳам овардани шароитҳои самараноки таълимӣ ва корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ буд. Аз рӯзҳои аввал дар кафедра раванди таълим аз рӯйи фанҳои электротехника, радиотехника, асосҳои автоматика ва техникаи ҳисоббарор, татбиқи МЭҲ дар идора кардани равандҳои технологӣ, физикаи умумӣ ва курсҳои махсус аз физикаи полимерҳо ба роҳ монда шуд. Дар ихтиёри кафедра лабораторияҳои таълимии таҷҳизонидашудаи радиотехника, электротехника, лабораторияҳои илмӣ – таҳқиқотии физикаи полимерҳо ва таҳлили рентгенӣ фаъолият доштанд.

Асосгузор ва сарвари аввалини кафедраи физикаи эксперименталӣ дотсент (ҳоло профессор) Рашидов Ҷ. буд ва дар кафедра 8 нафар номзадҳои илм фаъолият доштанд. Ба кафедра сарвари намуданд: дотсент Рашидов Ҷ. (солҳои 1990-2002), дотсент Шоимов У. (солҳои 2002-2004), досент Шерматов М. (солҳои 2004-2008). Соли 2008 кафедраи физикаи назариявӣ ва кафедраи физикаи эксперименталиро муттаҳид намуда, кафедраи физикаи назариявӣ ва эксперименталӣ ташкил карда шуд. Мудири кафедраи физикаи назариявӣ ва эксперименталӣ солҳои 2008-2009 дотсент Муҳаббатов Х.Қ. ва солҳои 2009-2012 дотсент Нуриддинов З. буданд. Аз соли 2012 кафедраи физикаи эксперименталӣ боз аз нав ба фаъолият шурӯъ намуд ва роҳбари кафедраи навтаъсис дотсент Қодиров Б.А. то соли 2016 буд, аз соли 2016 то ҳол роҳбарии кафедраро дотсент Муҳаббатов Х.Қ. ба ӯҳда дорад.

Дар ибтидои фаъолияти кафедраи физикаи эксперименталӣ дар он 5 нафар дотсентон (Тӯхтасунов И.Т., Богданов А.И, Ҷанобилов Қ., Файзуллоев З., Бобоев Г.Ю.), се нафар номзадҳои илм (Ҳакимов Қ., Ҷуманбоев Қ., Рашидов Ҷ.), се нафар муаллими калон (Хусравов Ҷ., Рашидов С., Насруллоева М) кор мекарданд.

Дар озмоишгоҳҳои илмӣ донишчӯён таҳти роҳбарии устодони пуртаҷриба корҳои илмию таҳқиқотӣ гузаронида, натиҷаи онро ба шакли рисолаҳои дипломӣ, корҳои озмунӣ ҷамъбаст менамуданд. Бештари корҳои илмию таҳқиқотии кафедра ба омӯзиши хосиятҳои физикии ҷисмҳои сахт (хосиятҳои механикӣ, электрӣ), махсусан физикаи полимерҳо бахшида шуда буд.

Дар давраи солҳои 2004-2008 (мудири кафедра дотсент М. Шерматов) дар назди кафедраи физикаи эксперименталӣ барои донишҷӯёни факултетҳои ғайритахассуси (химия, география, технология) озмоишгоҳҳои таълимии механика ва физикаи молекулавӣ, электр, оптика аз нав барқарор карда шуд.

Бо саҳми устодони кафедра ин озмоишгоҳҳо бо асбобу анҷомҳои таълимӣ таҷҳизонида шуданд. Махсусан саҳми устодон Шерматов М., Рашидов С., Шоимов У., Нуриддинов З., Муҳаббатов Х.Қ., Ширинбеков З., Шукрихудоев Х., Абдуҳамидова З., Қушматов А., Давлатов З., Соқиев Р., Бобохонова Ш.Н., Дустов Ҷ.М. ва Қодиров Б.А.-ро қайд кардан бамаврид аст. Дар давраи солҳои 2008-2018 (мудирони кафедра дотсентон Муҳаббатов Х.Қ., Нуриддинов З.) дар назди кафедра маҳфили «Ихтирокорон» ташкил карда шуд, ки ба он муаллими калон Қушматов А. роҳбарӣ менамуд.

Таҳти роҳбарии дотсентон Муҳаббатов Х.Қ, Шерматов М., Нуриддинов З., Қодиров Б.А. ва муаллимони калон Қушматов А., Соқиев Р як зумра донишҷӯён ба сохтани як қатор асбобҳо ва дастгоҳҳо барои истифода дар соҳаҳои гуногуни саноат ва истеҳсолот ноил шуданд. Аъзоёни ин маҳфил бо асбобҳо ва лоиҳаҳои худ борҳо дар телевизион баромад намуда, дар озмунҳо иштирок карда, сазовори ҷоизаҳо шуданд ва ҷойҳои аввалро ишғол намуданд.

Ҳоло дар кафедра бо равияи 01.04.07. «Физикаи муҳитҳои конденсионӣ» омӯзгорони кафедра (профессор Маҷидов Ҳ., профессор Қодиров Б.А., Муҳаббатов Х.Қ., Бобохонова Ш.Н., Алишери З., Бахтовари М., Холов И.Р., Ҷаъфаров Б.А.Дустов Ҷ.) корҳои илмию таҳқиқотӣ мегузаронанд.

Дар соли таҳсили 2020-2021 дар кафедра 16 нафар, устодон ва лаборантон фаъолият менамоянд, ки ду нафар профессор Маҷидов Ҳ. ва Қодиров Б. ва як нафар номзади илм дотсент Муҳаббатов Х.Қ мебошанд. Шуъбаи аспирантураро омӯзгорон Бобохонова Ш. ва Дустов Ҷ. хатм намуданд. Бобохонова Ш. дар нимсолаи якуми соли равон ва нимсолаи дуюм Дустов Ҷ. дар рухсати эҷодии илм мебошанд. Омӯзгорон Алишери З., Бахтовари М., (Холов И.Р. унвонҷӯй ) дар шуъбаи ѓоибонаи соли сеюм ва Ҷаъфаров Б.А. дар шуъбаи ѓоибонаи хатм намудааст, аспирантураи донишгоҳ илмии худ кор бурда истодаанд.

Дар назди кафедра барои донишҷӯён як маҳфил амал мекунад. Маҳфили «Эврика » таҳти роҳбар Нуров Қ. мебошад. Аъзоёни маҳфили « Эврика » дар соли таҳсли 2022-2023 дар турҳои (1-3) олимпиадаи дохили факултет иштирок карда, қобилияти хуби ихтироъкории худро нишон дода, ҷойҳои намоёнро ишѓол карданд. Оид ба натиҷаҳои олимпиадаи дохили факултет ба раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ гузориш пешниҳод карда шудааст

 

Омӯзгорон




Муҳаббатов Хушнуд Қурбонович
номзади илмҳои техникӣ, дотсент
Тел: (+992) 938 35 31 35
E-mail:  Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

Нуров Қурбоналӣ Бозорович

Дотсенти кафедраи физикаи эксперименталӣ,
санаи таваллуд:15.08.1958
Тел: (+992)804-04-04-08

Баҳодур Ҷаъфаров

Муаллими калони кафедраи физикаи эксперименталӣ,
санаи таваллуд 21.07.1990
Тел: (+992) 988944595

Алишери Зукуръё

Муаллими калони кафедраи физикаи эксперименталӣ,
санаи таваллуд: 26.03.1992
Тел: (+992) 987626241

Миров Исломҷон

Ассистенти кафедраи физикаи эксперименталӣ,
санаи таваллуд:18.06.1989
Тел: (+992)918-31-67-42

Собиров Муртазо

Ассистенти кафедраи физикаи эксперименталӣ,
санаи таваллуд: 24.08.1994
Тел: (+992)985-04-13-15


Ахмедов Шавқат

Лаборанти кафедраи физикаи эксперименталӣ
санаи таваллуд:
Тел: (+992)908-77-11-12


Ниёзов Сироҷиддин

Ассистенти кафедраи физикаи эксперименталӣ,
(мутассади шуъбаи фосидавии факултети физика)
санаи таваллуд: 25.04.1990
Тел: (+992)902-22-72-04

Шарифа Бобохонова

Муаллими калони кафедраи физикаи эксперименталӣ,
санаи таваллуд: 24.07.1986
Тел: (+992) 987626241

Абдухолиқова Зиёда

Лаборанти кафедраи физикаи эксперименталӣ
(раиси Шурои занони факултети физика)



 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj