• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
менюхо

Коллеҷи омӯзгории ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ

Омӯзишгоҳи омӯзгории  шаҳри Душанбе  моҳи июли соли 1999 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  №262 ба Коллеҷи омӯзгории ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ табдил дода шуд.

Айни замон дар Коллеҷи омӯзгории ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ аз рӯйи 7 ихтисос дар ду шӯъба: рӯзона ва ғоибона чунин  мутахассисҳои соҳаи омӯзгорӣ тайёр карда мешавад:

- муаллими забон ва адабиёти тоҷик;

- муаллими забон ва адабиёти рус;

- муаллими забони англисӣ;

- муаллими педагогика ва методикаи таълими ибтидоӣ;

-муррабии муассисаҳои томактабӣ;

-муаллими таърих;

-муаллими математика ва информатика.

Дар Коллеҷ  5 кафедра арзи вуҷуд дорад.

- кафедраи забон ва адабиёти тоҷик;

- кафедраи филология(забонҳои хориҷӣ);

- кафедраи педагогика ва психология;

- кафедраи таърих;

- кафедраи математика ва информатика.

Дар ин кафедраҳо 9 нафар номзади илм,6 нафар дотсент, 2 нафар профессор фаъолият доранд.

Ҳамагӣ дар Қоллеҷ 69 нафар  омӯзгорон кор мекунанд, ки аз ин теъдод 39 нафар тасвибӣ, 26 нафар ҳамкор,4 нафар соатбайъ мебошанд.

Ҳоло дар таълимгоҳ 1130 нафар донишҷӯй ( дар шӯъбаи рӯзона 442 нафар ва ғоибона 688 нафар) таҳсил менамоянд.

Масоҳати умумии бинои таълимгоҳ 26469м2, буда дорои 19 синфхона,15 кабинетҳои  фаннӣ  барои 610 ҷойи  нишаст, як китобхона, хобгоҳ барои зистани  70 нафар донишҷӯён, ошхона барои 100 нафар ҷойи нишаст,як нуқтаи тиббӣ, толори маҷлисгоҳ 252,8м2,  майдони варзишӣ 365м2, як мошинаи сабукрав тамғааш 2107 мебошад.

Миқдори умумии компютерҳо 34 адад буда, ду синфхонаи компютерӣ дорои 26  адад компютер мебошад.

Paванди корҳои илмӣ-методӣ дар кафедра¸о пурсамар ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, устодону омӯзгорони кафедраҳо дастуру китобҳои  дарсӣ  эҷод намуда ба табъ расониданд. Устод Абдуллозода Шерзот номзади илми фалсафа китобҳои дарсии «Асосҳои диншиносӣ», «Муқаддимаи фалсафа»  ва китоби «Фалсафаи одамият» мақолаҳои илмӣ  «Синтез ва рушди фарҳангӣ»,«Таносуби дину ахлоқ дар «Ҷоме ус-саноеъ» -и Имом- ал- Бухорӣ», «Ҳадафи танзим ворастан аз қашшоқию бенавоӣ аст» ,устодон – номзадони илми таърих Давлатбеков Ниёзбек, Қурбонова Ширин «Таърихи сиёсии халöи тоҷик» , дастури методии устодон Юсупова ¨., Қосимова М., Қурбонова Ш., Масимов М. «Ташаккулу инкишофи маҳорат ва қобилиятҳои омӯзгорӣ»,

Масъалаҳои илмӣ ва методӣ дар коллеҷ пайваста дар Шӯрои илмӣ  баррасӣ мешуданд.

Аз ҷумла, мақолаҳои илмӣ-методӣ , барномаҳои  таълимӣ, маърӯзаҳо барои конфронсҳо,  дастурҳои методӣ таълиф ва мураттаб гардиданд.

Идрисов Д. – «Обҳои Тоҷикистон ва роли онҳо дар истеҳсоли неруи барқ»;

Раззоқов А. – «Татбиқи кредитҳо», «Баҳогузорӣ дар низоми кредитӣ», «Омилҳои асосии ҷалб сохтани хонандагон ба дарс», «Татбиқи зарби скалярии векторҳо дар ҳалли масъалаҳо»;

Иқболов С. «Качественные исследования нелинейных краевых задач математической физики с памятью», «Периодические во времени плоские электромагнитные поля в полупространстве с общими материальными уравнениями»;

Каримов А. «Масъулият баҳри Наврӯзи Аҷам;

Ҷӯраев Ҳ . «Шахсиятҳои таърихӣ в тарбияи маънавиии хонандагон»;

Ҷӯраев Ҳ. «Ҳадафҳои миллии таълим ва тарбият дар консепсияи низоми нави таҳсилот»;

Тағоев С. «Миршакар – адиби кӯдакон».

 

Дар баробари ин  устодони кафедраҳо Барномаҳои таълимӣ зеринро ба табъ расониданд:

1.«Асосҳои демография», «Асосҳои экология», «Методикаи таълими табиатшиносӣ», «Экологияи умумӣ» ,«Консепсияи табиатшиносии муосир» – мураттиб Идрисов Д.

2.«Муқаддимаи забоншиносӣ ва забоншиносии умумӣ», «Методикаи таълими забони модарӣ дар синфҳои ибтидоӣ», «Методикаи таълими адабиёти тоҷик», «Методикаи таълими забони тоҷикӣ» –  мураттиб Олимова Ф.

3.«Практикуми забони тоҷикӣ», «Забони тоҷикӣ» (барои гурӯҳҳои ғайрифилологӣ) – мураттиб Каримов А.

4.«Забони модарӣ» – мураттиб Ғаффорова С.

5.«Адабиёти бачагона» – мураттиб Тағоев С.

6.«Шевашиносӣ» – мураттиб Ҷӯраев Ҳ.

7.«Ҳусни баёни омӯзгор» – мураттиб Ҳайдаров Б.

8.«Алгебра ва назарияи ададҳо» – мураттиб Шодиева З.

9. «Анализи математикӣ» – мураттиб Иқболов  М.

10. «Геометрия » , « Таърихи математика» – мураттиб Раззоқов А.

11. «Методикаи таълими математика », «Методикаи ҳалли мисолу масъалаҳо»  «Асосҳои математика», «Практикуми ҳалли мисолу масъалаҳо», «КБС», «Математикаи элементарӣ» –  мураттиб Раҳимова Л.

12.«Информатика», «Барномасозӣ», «Технологияи информатсионӣ» – мураттиб Файзуллоева М.

13. «Нутқи гуфтугӯи ва хаттӣ аз забони англисӣ» -мураттиб Маҳмадхонова М.

 

14. «Методикаи тарбияи мусиқӣ» – кафедраи педагогика .

15..«Психологияи умумӣ»– Раҷабова Ф.

16. «Фарҳангшиносӣ», «Таърихи халқи тоҷик »– Ғуломшоев С.

17.«Инкишофи  нутқи хаттиву шифоҳӣ» (русӣ– ПУПР), «Методика преподавания русской  литературы», «Русский  язык», «Методика преподавания русской  язык», «Введение в языкознание», «Сопоставительная типология»,  «Устное  народное  творчество », «Детская литература» – мураттибон– омӯзгорони забон ва адабиёти рус.

 

ш. Душанбе, кӯчаи  С.Айнӣ 73.    тел. +992 37 226 – 28 – 10.,

факс  +992 37 226 – 09 – 55 Kolleji-omuzgori @ mail.ru

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj