• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Кафедрахо 54

 

КАФЕДРАИ ЗАБОНШИНОСӢ ВА ТИПОЛОГИЯИ МУҚОИСАВӢ

Кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ соли 1974 таъсис ёфта, дар тўли фаъолияти худ беҳтарин мутахассисони соҳаи забони англисӣ ва забоншиносии муқоисавиро тарбия намудааст. Ин кафедра аввалин докторону профессорони соҳаи забоншиносии муқоисавӣ ва муқоисавӣ-тахрихиро аз қабили П. Ҷамшедов, Р. Убайдуллоев,   В.Д. Гогошидзе, А. Собиров, М. Ҷалилова, С.Я. Балхова  ва зиёда аз 20 нафар номзадҳои илми ин соҳаро ба воя расондааст.

Солҳои  ҳафтодуми қарни гузашта бошад як гуруҳ аъзоёни кафедра (П. Ҷамшедов,   Р. Убайдуллоев, В.Д. М. Турсунова, Гогошидзе, С.Я. Балхова Ш. Асадов, М. Эшонхоҷаева, Н. Х. Умедҷонова) ба масъалаҳои омўзиши муқоисавии морфология ва синтаксиси забонҳои тоҷикӣ, англисӣ ва русӣ машѓул шуданд. Дар муддати кўтоҳ ин нафарон рисолаҳои хешро перомуни мавзуъҳои мухталиф дифоъ намуданд.

Солҳои ҳаштодум шумораи аъзоёни кафедра зиёда аз чил нафарро ташкил медод. П. Ҷамшедов,   Р. Убайдуллаев, В. Д. Гогошидзе,  С. Я. Балхова, Ш. Асадов, И. Яковлев  аз зумраи онҳо буданд. Ҳамаи аъзоёни кафедра зери сарпарастии мудирон П. Ҷамшедов, В.Д . Гогошидзе ва Ш. Мухторов дар гуруҳҳои гуногуни таълимӣ аз бахшҳои мухталифи забоншиносӣ, забоншиносии муқоисавӣ ва луѓатшиносӣ  дарс мегуфтанд. Бояд ишора намуд, ки  устодони дар боло оварда шуда рисолаҳои номзадӣ ва доктории хешро маҳз дар ҳамин кафедра татбиқ намуданд, ки он боиси ифтихори кафедра ба шумор меравад.

Кори кафедра солҳои навадум боз ҳам ривоҷ ёфт. Дар ин давра чанд тан аз ҷавонон ба аспирантура дохил шуда, дар соҳаи забоншиносии мукоисавӣ (таҳлили сохториву семантикии бархе аз истилоҳоти марбути соҳаҳои гуногун (Ҳ. Мирзоев),  грамматикаи муқоисавӣ (Х. Сайфуллоев)  зери роҳбарӣ ва мададу дастгирии устодони кафедра ва олимони АУ Ҷумҳурӣ ба таҳқиқ машѓул шуда, рисолаҳои номзадиро барои дарёфти номзади илми филология ҳимоя намуданд.

Аз ибтидои солҳои ҳаштод то соли 2001 роҳбарии кафедраро профессор Ҷамшедов Парвона ба ўҳда дошт. Дар ин давра фаъолияти кафедра таѓйиротҳои ҷиддии сифатӣ кард, ки ин дигаргуниҳо аз зиёд кардани соатҳои курсҳои интихобӣ ва дар ҳамин асос ба шогирдони факултет додани ихтисоси муаллими забони немисӣ ва франсавӣ, ҷиддан ба роҳ мондани ҳимояи рисолаҳои дипломӣ, мунтазам ва бо усули нав ба роҳ мондани таҷрибаи омузгорӣ, зиёд намудани соатҳои лексияҳои типологияи муқоисавӣ ва назарияи грамматика иборат аст. Дар ин давра устодони кафедра барномаҳои зиёди таълимӣ (барои мактабҳои олӣ)-ро интишор доданд.

Дар солҳои минбаъда низ кафедра фаъолияти худро барои беҳбудии сифати таълим равона сохта, як силсила китобҳо, барномаҳо, дастурҳо ва мақолаҳо ба чоп расонд. Як нуқтаро бояд ишора намуд, ки устоди кафедра Ҷоматов Самъиддин соли 2006-ум рисолаи хешро бо унвони «Структурно-семантический анализ ирригационной терминологии  таджикского и английского языков в сопоставительном плане» дифоъ намуд.

Солҳои 2000-2008 кафедраро номзади илми педагогика Авѓонов С. роҳбарӣ намудааст. Ў доир ба чопи маҷмўаҳои илмии кафедра ва тайёр кардани муаллимону ходимони соҳаи илм кўшиши зиёд намуд. Бояд ишора намуд, ки номбурда маҳз дар давраи роҳбариаш дар кафедра соли 2006-ум рисолаи хешро бо унвони «Подготовка преподавателей иностранных языков (английского языка) для общеобразовательных школ (на материалах Республики Таджикистана)» дифоъ намуд.

Аз моҳи июни соли 2008 то имрўз то соли сентябри соли 2021 мудирии кафедраро доктори илми филология, профессор Ҷоматов  С. ба ўҳда дошт. Маҳз зери роҳбарии ў кафедра ба як қатор комёбиҳои илмиву-методӣ мушарраф гардид. Таҳия ва нашри силсилабарномаҳои таълимӣ амсоли (Учебная программа по предмету дисциплину по выбору «Основные варианты и диалекты английского языка». Изд. Педуниверститета, Душанбе, 2008; Учебная программа по предмету «Литература Англии». Изд. Педуниверститета, Душанбе, 2010; Учебная программа по предмету «Страноведение». Изд. Педуниверститета, Душанбе, 2010; Учебная программа по предмету «История английского языка» Изд. Педуниверститета, Душанбе, 2010; Учебная программа по предмету «Теоретическая грамматика  английского языка», Изд. Педуниверститета, Душанбе, 2010; Учебная программа по предмету «Теоретическая фонетика языка», Изд. Педуниверститета, Душанбе, 2010.; Учебная программа по предмету «Сопоставительное типологии таджикского и английского языков», Изд. Педуниверститета, Душанбе, 2010) низ бевосита ба қалами ў таалуқ дорад.

Аз сентябри соли 2021 то имрўз мудирии кафедра ба уҳдаи номзади илмҳои филологӣ, дотсент Асламов Ҳ. мебошад.

Имрўз дар кафедра 12 нафар устодон фаъолият доранд. Аз он теъдод 3 нафар доктори илми филология, профессор, 4 нафар номзади илм, 1 нафар саромўзгор, 4 нафар ассистентон  фаъолият доранд.

Аъзоёни кафедра дар се самт фаъолият мекунанд: а) таълим, б) тарбия, в) илм.

Мутахассисон аз рўи як равияи илмии «Омўзиши муқоисавии забонҳо дар шароити кунунӣ» ва ду масъала: «Масъалаи луѓатшиносӣ дар забони англисӣ» ва «Таҳқиқи масоили грамматика» корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мебаранд, ки натиҷааш ба вуҷуд омадани чандин рисолаю, барнома ва воситаҳои таълимӣ гардидааст. Маҳсули тадқиқоти онҳо дар рўзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ ва дар маҷмўаҳои дастҷамъии кафедраву донишгоҳ, монографияҳо ҳар сол нашр мешаванд.

Кафедра бо донишгоҳҳои хориҷи кишвар, аз ҷумла, бо донишгоҳҳои Британияи Кабир, Покистон, Ҳиндустон, Туркия, Англия ва Амрико робитаи зич дорад. Оид ба тартиб додани барномаҳои таълимӣ аз тарафи устодон корҳои зиёде ба сомон расонида шудаанд. Бо ташаббуси устодони кафедра моҳе як маротиба дар Маркази Шўрои Британиягии донишгоҳ бо устодони соҳибзабон мизи мудаввар ва семинару вохўриҳо барпо мегардад. Илова ба ин, таи ин солҳо алоқаи кафедра бо дигар марказҳои илмӣ зич пайваст гардид. Аз ҷумла, бо Донишкадаи такмили ихтисоси назди Вазорати маорифи ҶТ, Институти забон ва адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи Рўдакии АУ Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву-Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Б. Ѓафуров, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хоруѓ ба номи М. Назаршоев ва дигар муассисаҳои илмию фарҳангӣ.

Бояд ишора намуд, ки дар кафедра 1 маҳфили илмӣ-адабӣ бо номи «Linguists –Забоншиносон» амал мекунад. Мавзўъҳои дар маҳфил матраҳшаванда бо равияи илмии кафедра робитаи қавӣ дорад.

Кафедра ҳамчун муассисаи пешбар ҳамасола ба даҳҳо рисолаи илмӣ тақриз медиҳад.

 

 
free pokerfree poker

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj