• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Кафедрахо 54

КАФЕДРАИ МЕТОДИКАИ ТАЪЛИМИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ

Кафедраи методикаи таълими забони англисӣ навбунёд буда, моҳи сентябри соли 1998 дар заминаи кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ ва забони дуюм таъсис ёфтааст.  Айни ҳол сарварии онро Эмомов Исматулло Боронович ба ўҳда дорад.

Кафедра дар шакли пештарааш ҳанўз соли 1974 дар назди факултети забони хориҷӣ таъсис ёфтааст. Дар кафедра дар солҳои гуногун профессорон Сатская П.Н., Алиев С.Н., Сайфуллоев Х., дотсентон Наҳангова М., Болтабоева У., Утаев М.М., Ғуломов А.О., Карабоев Б. ва саромўзгорон Максименко Е.В., Демидович Н.И., Маҳмадҷонова М., Кашичкина Е.И., Сахарова В.В.., Умедҷонова Н., Маматова М., Ҳоҷимуҳаммадова С. Алидодхонова К. ва дигарон кор кардаанд, ки дар тайёр кардани омўзгорони забони хориҷӣ барои мактабҳои ҷумҳурӣ ҳиссаи босазо гузоштаанд.

Имрўз  дар кафедра 12 нафар,  аз он ҷумла 9 нафар кормандони тавсибӣ ва 3 нафар ҳамкорони дохилӣ фаъолият доранд.  Дар кафедра 4 нафар  номзадони илм, 6 нафар муаллимони калон ва 2 нафар  ассистентон кор мекунанд.

Муаллимони  кафедра (Эмомов И.Б., Сангинова М., Мавлонова И.,   Ѓуломов Н., Комилов М., Саидхоҷаева Т., Ҳалимова З., Исматиллоева Д., Бобоев М., Нуров Н., Бобоҷонова М., Асадова Г. ) мувофиқи  равияи нақшаи дурнамои илмӣ таҳти унвони «Амалӣ гардонидани муносибати коммуникативӣ нисбат ба мундариҷа ва методикаи таълими забони англисӣ дар шароити ислоҳоти мактаби таҳсилоти умумӣ ва олӣ» кори илмию методӣ ва илмию таҳқиқотӣ  мебаранд. Равия  таҳқиқи проблемаҳои зайлро дар бар мегирад: омўхтани омодагии донишҷўёни факултети  забони англисӣ ба касби омўзгорӣ, таҳқиқи  комплексии салоҳияти касбии донишҷўён дар заминаи  муносибати системӣ, инкишофи салоҳияти коммуникативии донишҷўён дар ҷараёни омўзиши фанҳои методикаи таълими забони англисӣ, психологӣ–педагогӣ ва дар рафти таҷрибаомўзӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ.

Тайёр кардани омўзгорони забони англисӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ вазифаи муҳими кафедра маҳсуб меёбад. Донишҷўи имрўза, ки дар оянда омўзгори забони англисӣ мешавад, на танҳо забонро комилан бояд хуб донад, балки дар баробари он ба асосҳои маҳорати педагогӣ мусаллаҳ гашта, методика ва технологияи таълими забони англисиро дар мактаб ҳамаҷониба омўзад. Аз ин лиҳоз, омўзгорони кафедра дар факултет, аз курси методикаи умумӣ ва методикаи махсуси таълими забони англисӣ, методҳои муосири таълими забони англисӣ, асосҳои маҳорати педагогии омўзгори забони англисӣ, асосҳои психологии таълими забонҳои хориҷӣ дар мактаб, семинари махсус аз методикаи амалии таълими забони англисӣ, методикаи мактаби олӣ, усулҳои интерактивии таълими забони англисӣ, амалияи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони англисӣ дарс гуфта, роҳбарии корҳои курсӣ ва рисолаҳои хатму магистрӣ ва доторантонро ба уҳда доранд.

 


Омӯзгорон

ЭМОМОВ ИСМАТУЛЛО БОРОНОВИЧ

10.04.  1966  дар  ноҳияи  Муъминободи  вилояти Хатлон  дар  оилаи  коргар  таваллуд  шудааст.  Соли 1973 ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 2-и

ноҳияи  Муъминобод  рафта,  онро  соли  1983  бомуваффақият хатм намудааст. Педагог ва мутухассиси соҳаи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ, номзади илмҳои педагогӣ, мудири кафедраи методикаи таълими забони англисӣ.  Соли  1983  ба  Донишкадаи  давлатии  педагогии ш.  Душанбе  ба  номи  Т.Г.  Шевченко  (ҳоло Донишгоҳи  давлатии  омӯзгории  Тоҷикистон  ба номи  Садриддин  Айнӣ),  (рӯзона)  дохил  шуда,  онро  соли  1990  бо ихтисоси  омӯзгори  забонҳои  англисӣ  ва  фаронсавӣ  хатм  кардааст. Солҳои  1984-1986 дар сафи Артиши Шӯравӣ дар Федератсияи Россия хизмат  намудааст.  Солҳои  1990-2002  ҳамчун  муаллими  забони  англисии  мактабҳои  таҳсилоти  миёнаи  умумии  рақами  18  ва  30-и ноҳияи Муъминобод фаъолият намудааст. Солҳои  2002-2005  ҳамчун ассисенти кафедраи  забони  англисӣ ва  типологияи муқоисавӣ ва ҳамзамон ҷонишини декан оид ба тарбияи  факултети  забони  англисӣ ва забонҳои шарқи  Донишгоҳи  давлатии  омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият кардааст.  Солҳои  2006-2007  ва  2009-2011  ҳамчун  ҷонишини  декан  оид  ба таълими факултети забони англисӣ ва забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба  номи  Садридин  Айнӣ  фаъолият  карда,  солҳои  2007-2013  ҳамчун  муаллими  калони  кафедраҳои  забони  англисӣ  ва типологияи  муқоисавӣ  ва  услубшиносӣ  ва  назарияи  тарҷумаи  Донишгоҳи  давлатии  омӯзгории  Тоҷикистон  ба  номи  Садриддин  Айнӣ  фаъолият намудааст.

Солҳои  2011-2012  ҳамчун  муовини  ректор  оид  ба  робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин  Айнӣ  фаъолият  кардааст.  Солҳои  2012-2015 ба ҳайси мудири  кафедраи  услубшиносӣ  ва назарияи  тарҷумаи  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  фаъолият кардааст.

Солҳои  2015-2016  ҳамчун  декани  факултети  забонҳои  романию германии  Донишкадаи  давлатии  забонҳои Тоҷикистон  ба  номи Сотим  Улуғзода  фаъолият  кардааст.  Солҳои  2015-2017  ҳамчун дотсенти кафедраҳои назария ва амалияи тарҷума, филологияи англис ва  методикаи  таълими  Донишкадаи  давлатии  забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода  фаъолият кардааст.  Аз августи соли 2017 то августи 2022  ба ҳайси  мудир  ва  дотсенти  кафедраи  забонҳои  хориҷии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон фаъолият кардааст.  Рисолаи  номзадиашро  дар  риштаи  илмҳои  педагогика  соли  2013 зери роҳбарии профессор Нуров А. ҳимоя намудааст. Ба унвони  дотсент  аз  рӯйи  ихтисоси  «Педагогика»  моҳи  июни  соли 2019  мушарраф  гардид.  Соли  2013  барои  корҳои  фаъолоаш  дар  таълиму  тарбияи ҷавонон  ва  корҳои  ҷамъиятӣ  ба  унвони  аълочии  маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидонида шуд. Эмомов Исматулло Боронович муаллифи 3 китоби дарсӣ,  3  монографияи  илмӣ,  10  дастури  таълимӣ-методӣ  ва  зиёда  аз 100  мақолаи  илмӣ-тадқиқотӣ  оид  ба  масоили  педагогика  ва методикаи таълими забонҳои хориҷӣ ва инчунин забоншиносӣ мебошад.











Муяссара Сангинова
Ихтисос: забони англисӣ, муаллими забони англисӣ ва методикаи  таълими он
Саромӯзгори кафедраи  методикаи таълими забони англисӣ
Тел: 904 00 55 66
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript











Мирато Комилов,

Ихтисос:   забони англисӣ, омӯзгори калони  забони англисӣ
Соли таваллуд:          11-ноябри  соли 1982
Соли   2005 –Донишгоҳи давлатии шаҳри Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро хатм  кардааст
Тел: 938699566
Е-mail:   Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

 










Интизор Мавлонова
Ихтисос: забони англисӣ, муаллими забони англисӣ ва методикаи таълими он
Саромӯзгори кафедраи забони англисӣ ва методикаи таълими он
Тел: 918 79 49 97
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript










Наимҷон Ғуломов
Ихтисос: забони англисӣ, муаллими забони англисӣ
Ассистенти кафедраи методикаи таълими забони англисӣ
Тел: 934 08 50 38
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript












Зарина  Ҳалимова
Ихтисос: забони англисӣ, муаллимаи забони англисӣ
Ассистенти кафедраи методикаи таълими забони англисӣ
Тел: 904 03 33
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript










Мунира Каримова
ассистент
Тел: 904 43 34 44
Email:  Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

 

 

 

 


 

Тахмина Саидхоҷаева

саромӯзгор
Тел: 904 38 85 85
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript



Меҳроҷиддин  Бобоев
Ихтисос: забони англисӣ, муаллими забони англисӣ
Ассистенти кафедраи методикаи таълими забони англисӣ
Тел: 908 77 19 17
Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript


 
free pokerfree poker

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj