• Tajik
  • Russian
  • English

Кафедраи химияи органикӣ ва биологӣ

Кафедрахо 54
There are no translations available.

Кафедраи химияи органикӣ ва биологӣ

Mудири кафедра н.и.х.,дотсент

АБДУЛЛОЕВ Фатхулло

 

40 – сол муқаддам бо қарори рақами № 89 – и ректори Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко, дар базаи кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ, кафедраи химияи органикӣ ва биологӣ таъсис ёфтааст.
Дар солҳои аввали таъсисёбӣ дар кафедра 2 нафар номзади илм – шодравон Мансуров М. У. ва Зубайдов У.З., як нафар муаллими калон – Абдуллоев Ф., ду нафар ассистент шодравон – Азимов Б. А., ва Қодиров А. фаъолият доштанд.
Дар назди кафедра вазифаи хеле муҳим- аз ҳисоби шогирдон тарбия ва ба камол расонидани мутахассисони баландихтиссос меистод. Бо ташаббуси мудири кафедра, дотсент Зубайдов У. З. шодравон Пирназаров Б., Шарипов И.Н. ва Тошев Ҳ.С. ба кор даъват карда шуданд. Бандаев С. Г., Ҳайдаров А., Сафаров И. барои кор дар кафедра нигоҳ дошта шуда, барои баланд бардоштани савияи дониш онҳоро ба муассисаҳои илмии шаҳрҳои Москва, Ленинград, Кишинёв, Боку ба коромӯзӣ фиристода шуданд. Баъди коромӯзии илмӣ онҳо ба аспирантура дохил шуда, дар мӯҳлатҳои гуногун рисолаҳои номзадӣ дифоъ карданд.
Шогирдон – хатмкунандагони Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин Нуриддинова Н., Худоиев Қ.Ҳ., Ҳоҷибоев Ю., Қурбонова Ҳ., Холов Ш., Бобиев F. дар кафедраи мазкур саҳми назаррас гузоштаанд. Баробари ин дар рушду камолоти онҳо кафедра низ саҳми арзанда дорад. Аксарияти онҳо имрӯз соҳиби унвонҳои илмӣ гаштаанд. Кафедра дар тӯли 40 соли фаъолияташ дар ривоҷу равнақи корҳои илмӣ – тадқиқотӣ, илмӣ – методӣ муваффақиятҳои назаррас ба даст овардааст. Аз соли 1980 то соли 1990 кафедра дар иҷрои барномаҳои байналхалқии илмӣ – техникии «Реактив» фаъолона иштирок дошт. Соли 1985 устод Бандаев С. сазовори медали нуқра, Абдуллоев Ф. ва Сафаров И. медали биринҷии намоишгоҳи комёбиҳои хоҷагии халқи Иттиҳоди Шӯравӣ гардиданд. Дар ҳалли баъзе масъалаҳои илмии барномаи «Реактив» донишҷӯён низ иштирокчии фаъол буданд ва сазовори ифтихорномаҳо гардиданд.
Ҳоло дар кафедра доктори илми химия: профессор Бандаев С.Г., доктори илми биология, профессор Бобиев Ғ.М., дотсентон Абдуллоев Ф., Гулов Т.Ё., муаллимаи калон Касирова А.Н., ассиссент Мансурова Т. ва ду нафар аспирантон Муродов Д. ва Саидов Д. ба таълиму тадрис машғуланд.
Аз тарафи устодони кафедра 2 китоби дарсӣ барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ, 4 китоби дарсӣ барои мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ, 15 дастури таълимӣ – методӣ, 13 ихтироот ва зиёда аз 700 мақолаву фишурдаҳо ба чоп расиданд.
Устодони кафедра корҳои илмӣ – тадқиқотии худро дар мавзӯи «Усул ва методҳои синтези модаҳои органикии бисёрфунксиядошта» зери роҳбарии профессор Бандаев С. Г. пеш бурда истодаанд ва ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштаанд. Устодони кафедра профессор Бандаев С.Г., дотсент Гулов Т.Ё. доир ба мавзӯи илмии кафедра соҳиби ду ихтироот гардиданд: «Тарзи ҳосил кардани 3-винибенз [с] изоксалҳои ва »
Профессор Бандаев С. ҳангоми гузаронидани кори илмӣ - татқиқоти бо шогирдонаш
Дар давраҳои гуногуни фаъолияти кафедра устодон Зубайдов У., Бандаев С., Алиев Ҷ.Р., Ҳайдаров А., Бобиев Ғ.М., Абдуллоев Ф. сарварии кафедраро ба ӯҳда доштанд. Дар айни замон сарварии кафедраро номзади илми химия, дотсент Гулов Т.Ё. ба ӯҳда дорад.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj