• Tajik
  • Russian
  • English

кафедраи Методикаи таълими химия

Кафедрахо 54
There are no translations available.

Kафедраи Методикаи таълими химия

Соли 1976 факултети табиатшиносию география ба ду факултет, факултети биология-химия ва факултети география ҷудо шуд ва ин имконияти ба вуҷуд омадани кафедраро ба миён овард. 15 майи соли 1989 дар назди факултети биология-химия кафедра бо номи кафедраи методикаи таълими биология ва химия таъсис ёфтааст. Аввалин мудири ин кафедра шодравон н.и.п., дотсент Усмонов И.У. буданд, ки дар ташкил кардан ва бо базаи моддию техникӣ муҷҷаҳаз гаштани он хизмати калон кардааст. Ҳайати нахустини кафедраро дотсентон Тошев А.С., Ашурова М.А., омӯзгорони калон Маҳмудова Э.М., Ҷӯраева С.М., Зиёбекова М ва омӯзгорон Қараев Ғ.Ю., Маҷидов Р.Н., Лалъбекова М, Иброҳимова О, Шарипов М ва Алимов С.Ш. ташкил медоданд.
Бо ташаббуси аъзоёни кафедра донишҷӯёни факултет дар олимпиадаҳои умумиитифоқии донишҷӯён, ки солҳои 1985 – 1990 таҳти шиори донишҷӯ ва прогресси илмию техникӣ доир гаштааст, ширкат варзида ба гирифтани «Ифтихорномаи фахрии Вазорати маориф» ноил гардидаанд.
Пас аз фавти дотсент Усмонов И.У. ба ин вазифа соли 1993 н.и.б., дотсент Тошев А.С интихоб гардид, ки дар инкишоф ва рушди кафедра саҳми калон дорад.
Соли 1998 факултети биология-химия ба ду факултет, факултети биология ва факултети химия ҷудо шуд ва ин боиси он гардид, ки кафедра ба ду кафедраи мустақил: кафедраи методикаи таълими биология ва кафедраи методикаи таълими химия ҷудо шавад. Вазифаи мудирии кафедраи навтаъсис ба уҳдаи дотсент Тошев А. С гузошта шуд ва минбаъд ин вазифаро дар асоси озмӯн моҳи апрели соли 1998 доктори илмҳои педагогика, академики Академияи Таҳсилоти Тоҷикистон, профессор Зубайдов У. З. ишғол кард.
Бо сарварии профессор Зубайдов У.З. аъзоёни кафедра ба таҳлилу таҳқиқи паҳлуҳои гуногуни мавзӯи «Назария ва амалияи таълими тафриқа – асоси таълим, инкишоф ва тарбия» машғул мебошанд. Кафедра инчунин ба омӯзиши осори ниёгон ва истифодабарии маводҳои маҳал дар таълим аҳамияти зиёд медиҳад.
Кафедра бо мактабу муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ робитаи қавӣ дорад. Як зумра аъзоёни кафедра бо роҳбарии профессор Зубайдов У.З. дар таҳлили маводҳои дидактикӣ, маводҳои таълим ва барномаҳои таълимӣ аз химия ҳиссаи худро гузоштаанд. Аввалин барномаи таълими тафриқаи химия, монографияю китобҳои дарсӣ, дастурҳои методӣ, консепссияи таълими фанни химия ва стандарти давлатии маълумоти химия ба қалами доктори илми педагогика, профессор Зубайдов У.З. мансуб аст.
Таҳти роҳбарии бевоситаи ӯ 15 нафар унвоҷӯёну аспирантон рисолаи номзадӣ дифоъ намуданд ва чанде дигар омодаи дифоъанд. Муаллифи китобҳои дарсии химияи синфҳои 8, 10, 11, методикаи таълими химия ва асосҳои таълими биология барои донишҷӯёни Донишгоҳҳои омӯзгорӣ мебошад. Бо роҳбарии н.и.п., дотсенти кафедра Алимов С.Ш. китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ таълиф карда мешаванд.
Дар ин давра аъзоёни кафедра беш аз 450 мақола, 12 китоби дарсӣ, 30 барномаи таълимӣ, 25 дастури методиро аз усули таълими химия барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва олӣ ба табъ расонида, бо донишҷӯён корҳои илмию таҳқиқотӣ гузаронида 65 кори дипломӣ ҳимоя карда шудааст.
Бо ташабус ва дастгирии сарвари кафедра профессор Зубайдов У.З. дар кафедра аввалин маротиба дар ҷумҳурӣ Шӯрои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳои номзадӣ аз рӯи шифри 13.00.02 (методикаи таълими химия) кушода шуд, ки чандин нафар унвонҷӯён дар он ҳимоя намуданд. Дар кафедра унвонҷӯён, аспирантон ва магистрҳо аз дохили кишвар ва берун аз он, ба мисли Эрон, Туркия ва Афғонистон таҳсил мекунанд.
Имрӯз дар кафедра профессор Зубайдов У.З., дотсент Бобиев Х.А., дотсент Алимов С. Ш., омӯзгори калон Маҳмадаминов М. Н. ва Файзуллоева М.М. , омӯзгорон Раҷабова Б.В. ва Ахмедова Ф.А. фаъолияти илмию омӯзгорӣ доранд.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj