• Tajik
  • Russian
  • English

Кафедраи технология ва экологияи химиявӣ

Кафедрахо 54
There are no translations available.

Кафедраи технология ва экологияи химиявӣ

Бо назардошти таъмини шӯъбаи химия ва экологияи факултаи химия ба кафедраи тахассусӣ дар назди факултети химия бо фармони ректори Донишгоҳ таҳти рақами №22 ОД аз сентябри соли 2002 кафедраи технология ва экологияи химиявӣ дар заминаи кафедраи химияи органикӣ ва биологӣ таъсис дода шуд.

Дар кафедра аз фанҳои зерин: технологияи химиявӣ, синтези ғайриузвӣ, химияи муҳити зист, усулҳои таҳлили физико-химиявӣ ва мониторинги муҳити атроф, асосҳои экология, экологияи саноатӣ, экологияи шаҳр, маълумоти экологии муаллим, иқтисодиёти истифодабарии табиат, асосҳои ҳуқуқии истифодабарии табиат, экологияи кишоварзӣ, геохимияи шаҳр, экологияи шаҳр, асосҳои токсикология, техникаи корҳои лабораторӣ, муҳофизати меҳнат, таҷрибаҳои таълимии истеҳсолӣ аз технологияи химиявӣ ва экология, курси интихобӣ ва ғайра таълим медиҳанд.

Дар рушду нумӯи кафедра устодони зиндаёд номзади илми химия, дотсент Алиев Ҷ.И., номзади илми биология, дотсент Шарипов И.Н., номзади илми биология, дотсент Тошев А.С., саҳми арзанда гузоштаанд. Дар айни замон ҳайати зерини омӯзгорону кормандон дар кафедра номзади илми химия, и.в. дотсент Қурбонова Ҳ., номзади илми химия, и.в.дотсент Усмонов М.Б.,  ассистентон Умаралии С., Мухторов П. ва лаборантон Урозова С., Муҳиддинов Ш. кору фаъолият менамоянд.

Ба ғайр аз ин, кафедра барои баланд бардоштани самаранокии таълим ҳар сол аз Пажӯҳишгоҳи кимиёи АИ ҶТ ва аз дигар факултаҳои донишгоҳ мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногуни химия ва экологияро барои хондани лексияҳою гузаронидани машғулиятҳои амалӣ даъват менамояд. Дар кафедра тайёр намудани мутахассисони ҷавон аз рӯи ду равия: химия ва экология амалӣ гардонида мешавад. Мувофиқи ин дар кафедра ду лабораторияи таълимӣ мавҷуд аст, ки донишҷӯён бо ёрии омӯзгорону лаборантон дар онҳо донишҳои назаравияшонро такмил ва сайқал медиҳанд. Кафедра дар баробари ташкили раванди таълиму тарбия бо корҳои тадқиқотии илмӣ ва илмӣ – методӣ, машғул мебошад, ки дар он омӯзгорон, аспирантон ва донишҷӯён саҳм мегузоранд.

Устодони кафедра дар таҳияи дастурҳои таълимӣ – методӣ ва тайёр намудани барномаҳои таълимӣ аз фанҳои технологияи химиявӣ, таҷрибаомӯзии таълимӣ – истеҳсолӣ ва сиклҳои гуногуни фанни экология саҳми арзанда мегузоранд. Устодони кафедра дар ин давраи кӯтоҳи мавҷудияти худ дар конфренсияҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, донишгоҳӣ фаъолона баромад намуданд ва маводҳои илмии онҳо дар маҷалаҳои бонуфуз ба таъб расидаанд. Аз аввали таъсисёбии кафедра сарварии онро номзади илмҳои химия, дотсент Алиев Ҷ. ба ӯҳда гирифта буд. Баъдан роҳбарии кафедраро  номзади илмҳои биологӣ, дотсент Шарипов И.Н., номзади илмҳои химия, дотсент Тошев А.С., номзади илмҳои химия, и.в. дотсент Усмонов М.Б., ба ӯҳда доштанд.  Ҳоло роҳбарии кафедраро номзади илмҳои химия, дотсент Қурбонова Ҳ. ба ӯҳда дорад.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj