• Tajik
  • Russian
  • English
Пажуҳиш
There are no translations available.

МУРОДИФОТИ ИБОРАҲОИ ИСМИИ ИЗОФӢ ВА ИСТИФОДАИ ОНҲО ДАР «ЧОР ДАРВЕШ»

Дар забоншиносии тоҷик тадқиқи мавзуи ибора бо номи  як қатор муҳаққиқон, ба монанди Д.Т. Тоҷиев, Н. Маъсумӣ, А. Халилов, Р. Ғаффоров, А. Мирзоев, С. Абдураҳимов, М. Акрамов, Ф. Зикриёев ва дигарон иртибот дорад. Муҳаққиқони зикршуда ба масъалаи муродифоти қолабҳои мухталифи ибора махсус таваҷҷуҳ накарда бошанд ҳам, дар баъзе мавридҳо дар хусуси бо ҷумлаи пайрави муайянкунанда ва ибораҳои сифати феълӣ ифода кардани айни як муносибати маъноию грамматикӣ нуқтаи назарашонро баён кардаанд. Таълифоти нисбатан наву тоза ва боэътимод ба қалами профессор Б. Камолиддинов мансуб аст.

Дар асари мазкур профессор Б. Камолиддинов қолабҳои зерини ибораҳои исмиро ба риштаи таҳлил кашидааст:

(1) бачаи чашмаш сиёҳ,(2) ҳуҷумкунандагони боргоҳи амир,(3) сабзаҳои лаби кишт,(4) марде қоматбаланд,(5) ангуштони дароз-дарози мардона [2, 68-146].

Ҳангоми таҳлили мавод забоншинос ба навъи алоқаи ҷузъҳои асосӣ ва тобеъ такя карда, онҳоро ба се гурӯҳ тасниф намудааст:  ибораҳои исмии изофӣ;ибораҳои исмии ҳамроҳӣ;ибораҳои исмии вобастагӣ [2, 68].

Тибқи нуқтаи назари муҳаққиқон, дар мавриди интихоби муродифот се махсусиятро ба назар гирифтан лозим аст:

1) айният ва ё наздикии мазмуни ифодаёбанда (меъёри мазмун ё маъно);

2) қобилияти дар як матн корбаст гардидан (меъёре, ки ба айнияти таносуби маъно асос ёфтааст);

3) ягонагии маъно (семантика) ва  қобилияти васлшавӣ доштан.

«Дар муродифоти грамматикӣ ду навъ тафовутро мушоҳида кардан мумкин аст: шаклӣ ва маъноӣ. Фарқи маъноӣ дар натиҷаи тағйироте, ки дар шакли грамматикии муродифҳо ба вуҷуд меояд, падидор мегардад» [2, 8].

Пас, маълум мешавад, ки ба мисли муродифоти луғавӣ муродифоти грамматикӣ низ ҷиҳатҳои фарқкунанда дорад, ба мисли созмони ибораҳо, имконоти синтаксисӣ, хусусиятҳои услубӣ ва амсоли инҳо. Аз нигоҳи созмон ибораҳои изофӣ аз вобастагӣ ё ҳамроҳӣ фарқ мекунад. Дараҷаи истеъмоли онҳо ва ё мансубияти услубиашон низ гуногун аст. Ҳамчунин муродифоти наҳвиро аз қолабҳои мувозӣ (параллелизм), вариант ва дублет фарқ кардан лозим аст.

Қолабҳои мувозӣ, ба назари мо, ҳамон як қолаби аз нигоҳи сохтор якхела, аммо аз ҷиҳати ифодаи мақсад (мазмун) гуногун мебошад. Чунончи: Магар ҳамон шахсе, ки туро аз зулму ҷабри хӯҷаинат халос кард, ман набудам. Магар ҳамон шахсе, ки туро ба завод бурда, ба кор монд, ман набудам.

Вариант аз вожаи лотинии varians / variantis – тағйирёбанда  буда, 1) тасаввурот дар бораи тарзҳои гуногуни ифодаи ягон падидаи забонӣ ҳамчун тағйирёбанда ва навъҳои гуногуни он; 2) истилоҳе, ки василаи  мавҷудият ва ё амалкарди воҳидҳои забон ва дар маҷмӯъ системаи забонро дар назар дорад [3, 80]. Зери ин мафҳум шаклҳои гуногуни ҳамон як падида фаҳмида мешавад, ки дар ҳамаи шаклҳои тағйирёфта қолаби асосӣ боқӣ мемонад. Бояд гуфт, ки вариантнокӣ ба мисли муродифот дар ҳама қисматҳои забон мушоҳида мешавад. Профессор Б. Камолиддинов вобаста ба шакл ва сохтор, таркиб, хусусиятҳои семантикиву услубӣ чунин навъҳои вариантҳои наҳвиро ҷудо кардаанд:

1. Вариантҳои  ибора, ҷумлаҳои сода ва мураккаб, ки тафовути шакливу сохтории казоӣ надоранд. Чунончи:

Пинҳонӣ аз ходимонаш (131) – аз ходимонаш пинҳонӣ, бисёрии одамон (140) – одамони бисёр, ду нафари онҳо (141) – ду нафарашон, бисёрии мардум (167) – мардуми бисёр, боқимондаи умр (182) – умри боқимонда // муродиф – умре, ки боқӣ монд.

2. Вариантҳои қолабҳои наҳвӣ, ки  бо аломатҳои интонатсия фарқ мекунанд.

3. Вариантҳои наҳвӣ, ки дар натиҷаи тағйирёбии таркиби луғавии ибораҳо ва ҷумлаҳо ба вуҷуд меоянд: Ислоҳи ман (168) – ислоҳ шудани ман; … ман онҳоро дӯсти ҷонӣ гумон кардам (16) – ман гумон кардам, ки онҳо дӯсти ҷониянд.

4. Вариантҳои наҳвӣ дар натиҷаи фурӯгузор шудани ҷузъҳои ёрирасон ва ё калимаҳои мустақилмаънои қолабҳои наҳвӣ пайдо мешаванд [2, 45-46]:  баъд аз се рӯз (11) – се рӯз баъд; ба кӯча баромадан (21) – кӯча баромадан.

Аз мисолҳои овардашуда маълум мешавад, ки вариантнокӣ бештар ба забони гуфтугӯйӣ хос аст, чунки тарзҳои ифодаи баъдӣ ба меъёри забони адабӣ хос нест. Вариантҳое, ки камистеъмоланд, хусусияти тару тозагӣ доранд, мансуби забони адабии китобианд.

Дублет дар натиҷаи ба меъёри забон мувофиқат накардани ифодаҳои бавуҷудомада ба миён меояд. Масалан: ба Бухоро рафтан – Бухороба рафтан; китобро хондан лозим – китоба хондан лозим (даркор);  Рустамро писар // писари Рустам – Рустама писараш. Доираи истеъмоли дублетҳо бо мурури забон маҳдуд мегардад ва ё онҳо ҳамчун унсури барзиёд аз истифода мебароянд. Ба қавли профессор Б. Камолиддинов, «Яке аз сабабҳои ба вуҷуд омадани дублетҳо нусхабардорӣ (калкирование) дар шароити дузабонӣ мебошад» [2, 48]. Бо таъсири забонҳои мухталиф дар забонҳо на танҳо калимаҳо, балки ифодаҳои мухталиф, ибораҳои рехта ва то ҳатто қолабҳои иборасозиву ҷумлабандӣ низ пайдо мешаванд. Агар ин воҳидҳо ба табиати забони дигар мутобиқ оянд, пас, забон онро қабул мекунад, агар созгор наояд, нуқсон шуморида мешавад (чи тавре ки дар забони васоити ахбори омма мушоҳида мешавад (Доир ба ин масъала ниг.: Камолиддинов  Б. Сухан аз бањри дигарон гўянд. – Душанбе, 2015; Меъёри забони матбуот ва забони адабї. – Душанбе, 2015.)) ва доираи истеъмолаш  маҳдуд мегардад (ё аз истеъмол мебарояд). Дублетҳо ба мисли вариантҳо аз нигоҳи мазмун тафовут надоранд. Онҳо дар натиҷаи мубодилаи афкори соҳибзабонон ба миён меояд, зеро тарзи гуфтори намояндагони маҳалҳои гуногун мухталиф аст.  Ҳамчунин ин падидаҳо бо марҳилаҳои инкишофи забон ва ба вуҷуд омадани меъёри забон алоқаманд аст. Тадқиқи ин масъала вобаста ба табиати ҳар як забон сурат мегирад.

Яке аз навъҳои ибора, ки на танҳо дар «Чор дарвеш», балки дар забони тоҷикӣ низ мавқеи устувор дорад ва ниҳоят серистеъмол аст, ибораҳои изофӣ мебошад. Ибораҳои изофӣ яке аз навъҳои серистеъмол ва маъмули ибора дар забони адабии тоҷикӣ ба ҳисоб меравад, ки тавассути алоқаи тобеии изофӣ шакл мегирад. Нишондиҳандаи грамматикии ин навъи алоқа бандаки изофӣ () мебошад, ки ба калимаи асосӣ – муайяншаванда  пайваст шуда, муайянкунандаро ба он тобеъ мекунад. Истилоҳи изофат ҳанӯз дар фарҳангу луғатҳои классикӣ дучор меояд. Пас, маълум мешавад, ки таърихи омӯзиши баъзе масъалаҳои ибора ва истилоҳсозӣ ба даврони классикӣ рост меомадааст. Чунончи, дар «Ғиёсуллуғот» (Гиёсиддин ибниЉалолиддин.Ѓиёс-ул-луѓот / Ѓиёсиддин ибниЉалолиддин. –  Љ. 2. – Душанбе: Адиб, 1988. –  С. 67.) омадааст: «…изофат ба истилоҳи наҳвиён нисбатест, ки миёни ду исм воқеъ шавад бар ваҷҳи тақйид. Исми аввалро музоф ва сониро музофунилайҳ гӯянд» [1, 67]. Муаллифи луғат Ғиёсиддин ибни Ҷалолиддин ибораҳои изофиро вобаста ба хусусиятҳои луғавию грамматикии ҷузъҳои он ба даҳ гурӯҳ ҷудо кардааст: изофати тамликӣ (ҳақиқӣ), изофати тахсисӣ,  изофати тавзеҳӣ, изофати табйинӣ, изофати ташбеҳӣ (маҷозӣ), изофати тавсифӣ, изофати маҷозӣ, изофати зарфӣ, изофати иқтиронӣ, изофати бааднии мулобасат [1, 67-68].

Чи тавре ки муҳаққиқон зикр менамоянд, дар дастурҳои таълимии солҳои 30-40-уми асри гузашта низ ба масъалаи вазифаҳои грамматикии бандаки изофӣ дар забони тоҷикӣ таваҷҷуҳ намуда, бо роҳҳои гуногун ифода ёфтани як муносибат – соҳибиятро қайд кардаанд.  Соҳибият ба воситаи ҷонишинҳои шахсӣ ва ё бандакҷонишинҳои шахсӣ-соҳибӣ ба воситаи бандаки изофӣ ифода меёбад. Дар матн ҷонишинҳо ва бандакҷонишинҳоро барои ифодаи ин муносибат ба хотири худдорӣ аз такрор баробар кор фармудан мумкин аст. Чунончи: – Эй фалонӣ, агар дар даъвии муҳаббат содиқ бошӣ, аз гуфтаи ман набаро (4, 24) // … аз гуфтаам набаро;  Ман ба фармудаи ӯ амал намуда, асбоби дарвешонаро… бардошта, ба хонаи  навхаридамон рафтем (4, 25-26) // … ба хонаи навхаридаи мо (худамон) рафтем.

Дар мисоли аввал маънои соҳибият ҳам бо ҷонишин ва ҳам бо бандакҷонишин табиӣ ифода ёфтааст. Дар мисоли дувум ин маъно ҳам бо ҷонишини шахси якуми ҷамъ – мо, ҳамчунин  ҷонишини нафсӣ-таъкидии худ ва бандакҷонишин баён гардидааст.

Назар ба дигар ҳиссаҳои нутқ исм дар сохтани ибораҳои изофӣ сермаҳсул аст. Мо ибораҳои исмии изофии «Чор дарвеш»-ро вобаста ба мансубияти ҳиссаинутқии ҷузъи асосӣ ва тобеъ гурӯҳбандӣ намуда, ба риштаи таҳлил кашидем. Ибораҳои исмии изофӣ дар асари мазкур чунин ҳиссаҳои нутқро ба худ тобеъ кардааст: исм, сифат, шумора, ҷонишин, сифати феълӣ ва зарф.

Дар байни ибораҳои мазкур ибораҳои исмии изофии қолаби «исм+бандаки изофӣ+исм» низ бо қолабҳои дигар муносибати муродифӣ зоҳир менамояд. Бо ин қолаби ибораҳои изофӣ дар «Чор дарвеш»  7  ибора ба назар расид:  талаби кӯкнор (39),  ҷойи гузаргоҳ (45),  марди тоҷир (85, 87, 95), димоғи ёрон (90), амри подшоҳ (103), ҷойи амн (130), марди мизбон (145 (2)):

Хоҷасарой ба талаби кӯкнор рафта, бо як калбачаи 8-9-сола бозгашт (4, 39); Шумо ба ҷойи он ки ҳамон марди тоҷирро ҷеғ зада, аҳволи ӯро фаҳмед, бо шунидани ҳарфе аз шахсе…ӯро ба куштан амр кардед…(4, 95); Баъд аз он ки димоғи ёрон чоқ мешавад, таом меоранд (90); Пеш аз он ки касе туро дар ин ҷо бинад, худро баҷойи амне бирасон ва ҷони худатро аз ин бало бираҳон (4, 130); Он марди мизбон бо  ман дар сари хон нишаст (4, 145).

Ҷузъҳои тобеи ибораҳои мазкурро исмҳои шахс (тоҷир, ёрон, мизбон), моддӣ (кӯкнор) ва маънӣ (амн) ташкил медиҳанд. Ҳарчанд мансубияти морфологии ҷузъҳои тобеи ин ибораҳо ба як гурӯҳи лексикиву грамматикӣ (исм) мансуб аст, на ҳамаи онҳо якранг таъвиз мешаванд. Чунончи, муқоиса намоед:

1. талаби кӯкнор (4, 39) – талаби кӯкнор кардан // кӯкнор талаб кардан;

2. ҷойи гузаргоҳе (4, 45) – гузаргоҳ ҷое // ҷое, ки гузаргоҳ аст

3. марди тоҷир (4, 85, 87, 95) – тоҷир мард // марде, ки тоҷир аст // бо тиҷорат машғул аст;

4. димоғи ёрон (4, 90) – ёронро димоғ;

5.  амри подшоҳ (4, 103) – подшоҳро амр // амре, ки подшоҳ додааст;

6. ҷойи амн (4, 130) – амн ҷой // ҷое, ки амн аст;

7. марди мизбон (4, 145 (2)) – мизбон мард // марде, ки мизбон аст.

Чи тавре ки мебинем, ибораҳои исмии боло, ки муносибатҳои объектӣ (1, 2, 6), субъективу муайянкунандагиро (3, 4, 5, 7) ифода кардаанд,  як хел таъвиз нашудаанд. Дар мисолҳои боло (1, 2, 3, 6, 7) ибораҳои исмии изофӣ бо ибораҳои ҳамроҳӣ ҳаммаъно шудаанд. Муносибатҳои семантикиву грамматикии байни ҷузъҳо бо бандаки изофӣ ва тартиби калима ифода ёфтаанд. Маънои ибораҳои исмии 4-ум ва 5-умро дар қолаби ибораҳои вобастагии пасояндӣ (ёронро димоғ, подшоҳро амр) баён кардан мумкин аст. Муносибатҳои объектӣ, субъектӣ ва муайянкунандагӣ тавассути ибораҳои изофӣ равшантар ифода меёбад. Қолабҳои пасояндиву ҳамроҳӣ бештар дар нутқи хаттӣ кор фармуда мешаванд. Мазмуни як қисм ибораҳои болоро (2, 3, 5, 6, 7) дар қолаби  ҷумлаи  пайрави  муайянкунанда ҳам ифода кардан мумкин аст. Дар ин қолаб мафҳуми дар ибора баёнгардида нисбатан пурра ифода меёбад.

Ибораҳои боло аз нигоҳи созмон фарқ мекунанд. Қолаби ибтидоӣ «исм+бандаки изофӣ (-и)+исм», яъне «ҷузъи асосӣ+бандаки изофӣ+ҷузъи тобеъ» мебошад. Ибораҳои ҳаммаънои ибораҳои изофӣ дар қолаби «исм+исм» (1, 2, 6, 7) ба воситаи тартиби калима шакл гирифтаанд. Ибораҳои ҳаммаънои 5,6 дар қолаби «исм+пасоянд+исм» сохта шудаанд.  Дар ибораҳои боло байни ҷузъҳои асосии онҳо тарзу воситаҳои гуногуни алоқа ва дар байни унсурҳои дохилии ибора алоқаҳои гуногуни наҳвӣ мавҷуд аст.

Чи тавре ки профессор Б. Камолиддинов қайд мекунанд, «тафовут дар имконияти синтаксисӣ ва хусусияти услубӣ ҳам дида мешавад» [2,  8]. Дар қолабҳои муродифии боло ибораҳои изофӣ  умумиистеъмоланд. Қолаби ибораҳои ҳамроҳию пасояндӣ обуранги адабии китобӣ дорад.

Аз нигоҳи ифодаи маъно низ ибораҳо гуногунанд. Онҳо муносибатҳои объектӣ (талаби кӯкнор (39), субъектӣ (ҷойи гузаргоҳе (45), ҷойи амн (130), муайянкунандагиро (марди тоҷир (85, 87, 95), димоғи ёрон (90),  амри подшоҳ (103), марди мизбон (145, 2)) ифода мекунанд.

Ҳамин тариқ, дар қатори қолаби ибораҳое, ки бо навъҳои гуногуни алоқаи грамматикӣ шакл гирифтаанд, ибораҳои изофии қолаби «исм+бандаки изофӣ+исм» дар ҷараёни муродифоти наҳвӣ ҷойгир шудаанд, ки барои чанд тариқа ифода кардани маъноҳои матлуб мусоидат менамоянд. Агар сохтори грамматикии забони тоҷикӣ дар гузашта ҳам бой намебуд, имкони бо чанд роҳ баён кардани айни як матлаб имконнопазир мегардид. Таҳлили маводи шоҳасари адабиёти классикӣ «Чор дарвеш» нишон дод, ки он аз ганҷинаи имконоти муродифоти наҳвӣ бебаҳра намондааст.

 

АДАБИЁТ

1. Ғиёсиддин ибни Ҷалолиддин. Ғиёс-ул-луғот / Ғиёсиддин ибни Ҷалолиддин. –  Ҷ. 2. – Душанбе: Адиб, 1988. –  С. 67.

2. Камолиддинов, Б. Синтаксическая синонимия в современном таджикском литературном языке: монография / Б. Камолиддинов. – Душанбе: Ирфон, 2012. – 288 с.

3. Лингвистический энциклопедический словарь. – М.: Сов. энциклопедия, 1990. – 683 с.

4. Халилов А. Вазифаи бандаки изофӣ (-и) дар забони адабии ҳозираи тоҷик / А. Халилов. – Душанбе, 1970. – С. 15.

5. Хоҷаев, Д. Муродифоти як навъи ҷумлаи пайрав // дар кит. Гуфтори накӯ куҳан нагардад / Д. Хоҷаев. – Душанбе: Шуҷоиён, 2011. – 229 с. – С. 129-132.

6. Чор дарвеш. – Душанбе: Адиб, 2009. – 208 с.

 

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj