• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

МАҚОЛАҲО

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
19.03.2024 03:04
САФО ОРАД БА ОЛАМ ҶАШНИ НАВРӮЗ
Возможно, это изображение 11 человек и текст18-уми марти соли 2024 ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар саҳни бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо як шукуҳу шаҳомати хоса бо оростани хони наврӯзии 14 факултети донишгоҳ баргузор карда шуд.
Дар ҳамоиши ҷашни Наврӯз Сафирони фавқулода ва мухтори якқатор ҷумҳуриҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикстон таъйин шудаанд ширкат намуда, аз хони наврӯзии оростаи масъулини Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дидан намуданд.
 
18.03.2024 05:09

ДДОТ: ТОҶИКОНА МЕПУШЕМ!
Возможно, это изображение 14 человек и текстДар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо мақсади арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ ва анъанаҳои неки аҷдодӣ, махсусан, либоси зебои миллӣ, атласу адрасу чакан ва баланд бардоштани фарҳангу маданияти либоспушӣ, таблиғу ташвиқи либоси миллӣ, аз байн бурдани тамоюли бегонапарастӣ пушидани либоси миллӣ дар миёни омӯзгорону донишҷӯён бештар гардидааст.

 
15.03.2024 04:48

ТАВЗЕҲИ НУКТАҲОИ МЕҲВАРИИ СУХАНРОНИИ  ПРЕЗИДЕНТ  ДАР МУЛОҚОТ БО ФАЪОЛОН, НАМОЯНДАГОНИ ҶОМЕА ВА ХОДИМОНИ ДИНИ МАМЛАКАТ ДАР ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ

Дирӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ дар партави  суханронии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам   Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат вохӯри бо кормандони илм баргузор гардид. Сараввал вазъи корҳои илмӣ, мушкилот ва пешомади соҳа мавриди таҳлили ҷиддӣ қарор дода шуд. Таъкид шуд, ки рушди илм ҳамвора дар суҳбату мулоқотҳои Пешвои миллат таъкид мегардад ва дар суханронии Президент дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимогни дини мамлакат низ бори дигар зикр шуд, ки «Мо бояд хонем, илм омӯзем, илмҳои дақиқу риёзиро рушд диҳем, техникаву технологияҳои навтаринро аз худ кунем, кадр тарбия кунем ва заҳмат
 
15.03.2024 04:38

 

ХУШХАБАР: САФИ УНВОНДОРОНИ ДОНИШГОҲ МЕАФЗОЯД!
Бо дастгириҳои ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ки муҳаққиқону омӯзгорон рисолаҳои худро муваффақона дифоъ намуда буданд, якбора рисолаи 4 нафари онҳо бо фармоиши раиси КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Давлатзода Сайфиддин Хайриддин, аз 05.03.2024, №35, 36, 37 тасдиқ гардид.
Аз ҷумла: Максумова Шаҳноза Уктамовна, омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ, сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои география;
Имамбердиева Саломат Менгликуловна, омӯзгори кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷик, сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ;
 
12.03.2024 05:33

ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ МИЁНИ 2 МУАССИСАИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ИМЗО ШУД

Имрӯз 12 – уми марти соли 2024 миёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Донишкадаи давлатии омӯзгории Термези Ҷумҳурии Ӯзбекистон ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Санади муҳими ҳамкорӣ аз тарафи Ибодуллозода Аҳлиддин Ибодулло, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Ҳасанов Азизбек Бахтиярович, ректори Донишкадаи давлатии омӯзгории Термез ба таври маҷозӣ ба имзо расонида шуд.
 
11.03.2024 05:25
ГУСТАРИШИ ҲАМКОРИҲО БО МУАССИСАҲОИ ЧИН
Возможно, это изображение 5 человек и отдел новостей7-уми марти соли равон Қурбонзода Рухшона, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо Сун Янмэй, ректори Институти таълим ва мубодилаи байналмиллалӣ, муовинони ректор Лю Хунмей, Ван Ся, роҳбари Маркази табодул ва ҳамкории забонҳои чинӣ ва хориҷии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин, муовини ректори Донишгоҳи Ҷинан ва Ҷау Хун Лян директори Ширкати “Технологияи таълими Shangdon Daliangzao”-и Ҷумҳурии Халқии Чин вохӯрии маҷозӣ баргузор намуд.
 
09.03.2024 03:36
ДДОТ: АЗ ТАҚДИМИ ГУЛҲОВУ ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ ТО ТАОМИ МИЛЛӢ ДАР РӮЗИ МОДАР
Возможно, это изображение 4 человекаИмрӯз, 7-уми марти соли 2024 бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба гиромидошти Рӯзи Модар баъд аз тақдими гулҳову чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ ба занону бонувони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар толори васеи варзишӣ, хӯроки нисфирӯзӣ, ки аз таоми миллӣ иборат буд, тақдим карда шуд.
Маврид ба зикр аст, ки раёсати Донишгоҳ дар партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат
 
09.03.2024 03:33

 

ТАҚДИМИ ГУЛҲО БА ОМӮЗГОРЗАНОНУ БОНУВОНИ ДОНИШГОҲ ДАР РӮЗИ МОДАР!
Возможно, это изображение 3 человекаСубҳи имрӯз бо дастури ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кормандони раёсати донишгоҳ омӯзгорзанону бонувони донишгоҳро ҳангоми ворид шудан ба донишгоҳ чун рамзи эҳтиром дар остонаи Рӯзи модар бо гулҳо истиқбол намуда, баҳри болидахотирии онҳо 500 дона гулҳои зебо тақдим карда шуд.

 

 


free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ