Хабарҳо |
There are no translations available. РЎНАМОИ КИТОБИ НАВ ДАР ДОНИШГОҲ 13 апрели соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барномаи адабӣ-мусиқии “Ширу шакар”ва рӯнамои китоби “Корвон... Раҳ... Марғзор... Оҳу”-и мудири шуъбаи табъу нашри донишгоҳ, шоир ва адабиётшинос Абдуҷаббори Суруш баргузор гардид, ки дар он адибону олимон, устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок карданд. Чорабиниро ректори донишгоҳ Нӯъмонҷон Ғаффорӣ ҳусни оғоз бахшида, изњор дошт, ки китоби мавриди назар барои тақвияти завқи эстетикӣ, ҳисси ватандўстӣ, ифтихори миллӣ ва зебоипарастӣ мусоидат менамояд. Сипас сармуҳаррири ҳафтаномаи “Минбари халқ”, номзади илмҳои филология Бахтиёр Ҳамдамов оид ба наќди мухтасари китоби болозикр андеша ронд. Олим ва шоири Афғонистон Аслам Гудоз низ оиди ашъори Суруш сухани мутаассир намуд. Шоир Суруш чанде аз ашъори тозаи худро аз китоби “Корвон... Раҳ... Марғзор... Оҳу” бо сабки хосса қироат кард, ки аз ҷониби ҳозирин гарм истиқбол гардид. Ҳамзамон як қатор ҳунармандони шинохтаи кишвар бо сурудњои дилангез аз ашъори Суруш ба маҳфил таровати тоза бахшиданд. Суратгузориш аз рафти маҳфил: |