• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

СТАТЬИ

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
22.02.2021 04:42
There are no translations available.

 

АРТИШИ МИЛЛӢ-СИПАРИ БОЪТИМОДИ ВАТАН

20.JPG - 201.78 KbРӯзи 19-уми феврали соли 2021 дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар чорабинии фарҳангӣ таҳти унвони “Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон-сипари боэътимоди Ватан” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Н.У., сардори собиқадорони ҷангу меҳнаи ВКД ҶТ, собиқадорони ҷангу меҳнати донишгоҳ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, аҳли раёсат ва донишҷӯёни донишгоҳ иштирок намуданд. Нахуст, бо сухани ифтитоҳӣ ректори донишгоҳ профессор Ғаффорӣ Н.У. баромад намуда, тамоми омӯзгорону кормандони донишгоҳро бо ин рӯзи таърихӣ табрику муборакбод намуд. Пас аз он, собиқадорони ҷангу меҳнати донишгоҳ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, аз ҳисоби донишгоҳ бо мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуданд.

 
20.02.2021 09:08
There are no translations available.

 

АРТИШИ МИЛЛӢ-СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН

32.JPG - 230.13 KbТаҳти ҳамин унвон санаи 20-уми феврали солии 2021 дар факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ чорабинӣ бахшида ба 28-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки омӯзгорону донишҷӯён баргузор гардид. Нахуст, чорабиниро муовини декан оид ба корҳои таълим Умедҷони Лоиқшо ҳусни оғоз бахшид. Пас аз он, мудири шуъбаи кор бо ҷавонони донишгоҳ Абдураҳмонов Маъдӣ дар мавзӯи “Артиши миллӣ-сипари боэътимоти Ватан” доир ба хизматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар як вазъияти душвор бо азму иродаи қавӣ Артиши миллиро таъсис додаанд, андешаронӣ намуд.

 
20.02.2021 08:01
There are no translations available.

 

НАҚШИ ИЛМ ВА МАОРИФ ДАР ПЕШГИРИИ

ЗУҲУРОТИ ИФРОТГАРОӢ ВА ТЕРРОРИЗМ

16.JPG - 204.67 KbДирӯз дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Нақши илм ва маориф дар пешгирии зуҳуроти ифротгароӣ ва терроризм” баргузор гардид. Конференсияи мазкур бо ташаббуси кафедраҳои сиёсатшиносӣ, фалсафа ва фалсафаи фарҳанг доир гардида, дар он ноиби ректор оид ба корҳои илмӣ д.и.б.  Акобир Мирзораҳимов, мудирони кафедраҳои  сиёсатшиносӣ, фалсафа, фалсафаи фарҳанг, педагогика, забони фаронсавӣ ва инчунин, омӯзгорон ва донишҷӯёни факултетҳои донишгоҳ ширкат варзиданд. Нахуст, ноиби ректор оид ба илм Акобир Мирзораҳимов ба конференсия ҳусни оғоз бахшида, риштаи суханро ба мудири кафедраи фалсафаи фарҳанг н.и.ф., дотсент Зикирзода Ҳ. дод. Мавсуф дар мавзӯи “Терроризм ва экстремизми динӣ падидаҳои хатарноки ҷомеаи инсонӣ” баромад намуда, аз нооромиҳои ҷаҳони муосир, дасисаҳои ҷангҷӯёни кишварҳои ҷангзада намунаоварӣ намуд.

 
19.02.2021 12:37
There are no translations available.

 

“ҚУДСИЁН ГӮӢ, КИ ШЕЪРИ ҲОФИЗ АЗ БАР МЕКУНАНД”

11.jpg - 97.03 KbТаҳти ҳамин унвон санаи 19-уми феврали соли 2021 дар толори Шӯрои олимони факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ зери роҳбарии мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик д.и.ф., профессор Шарифмурод Исрофилниё маҳфили “Ҳофизхонӣ” бо иштироки донишҷӯёни соли якум баргузор гардид. Маврид ба ёдоварист, ки Ш.Исрофилниё аз ангушшумортарин муҳаққиқи осори классикон мебошад. Дар маҳфили навбатӣ професср Ш.Исрофилниё чанд байте аз девони Ҳофиз таҳлил ва маънидод намуд, ки воқеан ҳам ҷаҳон-ҷаҳон маъниро дар худ таҷассум мекард.

 
19.02.2021 12:34
There are no translations available.

 

“СИПАРИ ВАТАН”

8.jpg - 129.38 KbСанаи 19-уми феврали соли равон бо ташаббуси садорати факултети физакаи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ чорабинӣ бахшида ба 28-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Сипари Ватан” бо иштироки устодону донишҷӯён баргузор гардид. Чорабинӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз шуда,  нахуст, декани факултет н.и.п., дотсент Умаров Умар зимни суханронии худ доир ба пайдоиш ва нерӯи Артиши миллӣ ва дар ин роҳ саҳми зиёду арзанда доштани сарфармондеҳи  Қувваҳои мусаллаҳи кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бесобиқа арзёбӣ намуд.

 
19.02.2021 12:25
There are no translations available.

 

САЙЁҲОН ВОРИСОНИ ҶАҲОНШИНОСОНАНД

1.jpg - 2.58 Mb

Санаи 18.01.2021 дар асоси нақша-чорабиниҳои кафедраи методикаи таълими география ва туризми ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ доир ба солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ донишҷӯёни курсҳои 1-ум ва 3-юми ихтисоси сайёҳат ва меҳмондориро ба маҷмааи лижаронии кӯҳии “Сафеддара” сафарбар карда шуд. Ҳадаф аз ин сафарбарнамоӣ шиносоии донишҷӯён бо манзараҳои зебову барфпӯш, инчунин омӯхтани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ мебошад-чунин арзёбӣ намуд, мудири кафедраи мазкур н.и.г, дотсент Амриддин Самиев.

 
19.02.2021 06:38
There are no translations available.

 

ВАТАН ҲАР ГӮШААТРО САБЗ ХОҲАМ КАРД!

13.JPG - 187.06 KbСубҳи 19-уми феврали соли 2021 тибқи дастуру супоришҳои раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, Муассисаи давлатии раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе инчунин дар якҷоягӣ бо раёсати ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ба хотири боз ҳам ободу зебо намудани пойтахти азизамон, Душанбешаҳр маъракаи ниҳолшинонӣ дар майдони “Истиқлол”, ки воқеъ дар канори муассисаи мазкур ҷойгир аст, баргузор гардид. Дар маъракаи ниҳолшинонӣ ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ  н.и.х., дотсент Мусоҷонзода Ҷамила ва дигар кормандону донишҷӯёни донишгоҳ саҳмгузорӣ намуданд.

 


free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ