• Tajik
  • Russian
  • English
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

Аrticles

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
Monday, 08 February 2021 11:35
There are no translations available.

 

ПАЁМ НЕРӮИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА

85.JPG - 168.39 Kb

Санаи 8 феврали соли 2021 дар толори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии собиқадорони ҷангу меҳнати донишгоҳ бахшида ба Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 26 январи соли 2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, мизи мудаввар баргузор шуд. Нахуст, ректори донишгоҳ Нӯъмонҷон Ғаффорӣ бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, Паёми Президенти мамлакатро оинаи дастоварду комёбиҳо ва пешрафти ҷомеаи кунунӣ донист. Мавсуф зикр намуд, ки Паём фарогирандаи тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти имрӯза буда, дурнамои ояндаи Тоҷикистонро нишон медиҳад. Сипас, раиси ташкилоти ибтидоии собиқадорони ҷангу меҳнати донишгоҳ, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, дотсент Раҷабмоҳ Қосимова дар мавзӯи “Паём – нерӯи пешбарандаи ҷомеа” баромад намуда, нуктаҳои асосии ин дастурамали мукаммали рушду ободонии кишварро зикр намуд.

 
Saturday, 06 February 2021 10:45
There are no translations available.

 

“МУҒУЛИСТОН ДАР СОЛҲОИ 1917 – 1945”

71.JPG - 219.39 KbТаҳти ҳамин унвон рӯзи 6-уми феврали соли 2021 бо ташаббуси муаллими калони кафедраи таърихи умумии факултети таърихи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ,  Ҷонмуродов Шамшод бо иштироки устодон н.и.т. Шарипов Маликшоҳ,  муовини декан оид ба илм Зарифов Насимҷон, муовини декан оди ба тарбия Ҷалилов Бузургмеҳр ассистентон Ҳасанов Қаҳрамон, Зубайдуллои Саидҷон ва донишҷӯёни курси 5-ум дарси кушод баргузор шуд.

 
Saturday, 06 February 2021 10:26
There are no translations available.

 

ЁД БОД, ОН РӮЗГОРОН ЁД БОД

70.JPG - 215.50 KbСанаи 5-уми феврали соли равон бо ташаббуси садорати факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ  маҳфили Ҳофизхонӣ таҳти унвони “Ёд бод, он рӯзгорон ёд бод” баргузор гардид. Нахуст, маҳфилро муовини декан оид ба корҳои таълим Умедҷони Лоиқшо оғоз бахшида,  ҳамаи ҳозиринро хушомадед гуфт. Сипас, д.и.ф., профессор Элбоев Вафо ва н.и.ф. Саидолим Комилҷон бо маърӯзаи пурмуҳтаво андар шинохти Ҳофизи Шеърозӣ баромад намуда, аз иштирокчиён даъват ба амал оварданд, ки ба омӯзиши рӯзгори шоир ва шеърҳои дилошуби ӯ  саъю талош варзанд.

 
Saturday, 06 February 2021 06:26
There are no translations available.

 

ДУШАНБЕРО ҲАМЕША ТОЗА ДОРЕМ!

62.JPG - 262.40 KbСубҳи 6-уми феврали соли 2021 дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ шанбегии дастаҷамъонаи устодону донишҷӯён ва кормандони донишгоҳ ба хотири ҳифзи муҳити зист ва тоза нигоҳ доштани хиёбону роҳравҳои атрофи донишгоҳ ва умуман Душанбешаҳр, таҳти унвони “Душанберо ҳамеша тоза дорем”, баргузор гардид. Дар шанбегии дастаҷамъона тозакорон тозакориро аз дохили биноҳои таълимӣ оғоз намуда, ҳамзамон, роҳравҳои атрофи бинои хобгоҳҳои № 2,3, 6 ва 7-и донишгоҳ, ки хонаи дуюми донишҷӯён ба ҳисоб меравад, идома доданд.

 
Friday, 05 February 2021 12:07
There are no translations available.

 

РАМЗҲОИ ДАВЛАТӢ – ИФТИХОРИ МИЛЛӢ

53.JPG - 199.99 KbИмрӯз, дар факултети химияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чорабинӣ дар мавзӯи «Рамзҳои давлатӣ – ифтихорӣ миллӣ» баргузор гардид. Дар ин чорабинӣ декани факултети химия н.и.х. Усмонов М.Б., муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ Иноятова Ш., кураторони гурӯҳҳои академӣ, омӯзгорон ва донишҷӯёни факултет иштирок намуданд. Нахуст, Суруди миллӣ садо дода, ба чорабинии мазкур ҳусни оғоз бахшид. Сипас, донишҷӯён дар бораи рамзҳои давлатӣ шеъру сурудҳо, маъӯзаҳо ва саҳначаи ҳаҷвӣ баргузор намуданд.

 
Friday, 05 February 2021 11:50
There are no translations available.

 

ЗИ МАВЛОНО МУҲАББАТ БОЯД ОМӮХТ

51.JPG - 165.45 Kb

Рӯзи 5-уми феврали соли 2021 дар толори Шӯрои олимони факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ маҳфили навбатии “Адабиётшиносӣ”, ки дар назди кафедраи назария ва таърихи адабиёт доиман амал менамояд, таҳти унвони “Ҷойгоҳи “ишқ” дар “Маснавии маънавӣ” – и Мавлоно Ҷалолиддин Балхӣ бо иштироки донишҷӯёни факултет баргузор гардид. Роҳбарии маҳфилро н.и.ф., дотсент Абдулҳамид Шоев ба ӯҳда дорад. Роҳбари маҳфил доир ба мавзӯи мазкур ва нозукбаёниҳои осори гаронбаҳои Мавлоно Ҷалолиддин Балхӣ ба ҳозирин маълумотҳои дақиқу хотирнишин дод. Дар идома донишҷӯёни фаъоли ин маҳфил пиромуни  мавзӯи мазкур шеъру ҳикояҳои ҷолиб пешниҳод намуданд.

 
Friday, 05 February 2021 11:24
There are no translations available.

 

ЭЪЛОН

Шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ ба маълумоти Шумо мерасонад, ки Донишкадаи Елабугаи Донишгоҳи Федералии Қазони Федератсияи Россия қабули довталабонро дар зиннаи магистратура эълон намудааст.

Шуруъ аз 10.02.2020 тариқи сомонаи донишкадаи Елабуга олимпиадаи дар шакли online дар сомонаи https://admissions.kpfu.ru/priem-v-universitet/olimpiada-dla-postupausih-v-magistraturu-magistrant-kfu баргузор мегардад. Довталабоне, ки хоҳиши идомаи таҳсил дар зиннаи магистратураро доранд метавонанд дар олимпиада иштирок намуда холҳои муайянро ба даст оранд ва ин холҳо дар имтиҳони қабул ҳисобида мешавад ва донишҷӯ имкон пайдо мекунад, ки дар шакли буҷавӣ ба ихтисоси дилхоҳ дохил шавад. Зинаи магистратураро довталабон метавонанд ҳам дар шуъбаи рӯзона ва ҳам шуъбаи ғоибона таҳсил намоянд.

 


Page 127 of 305
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj

Мы в