• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

СТАТЬИ

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
13.02.2021 05:18
There are no translations available.

 

ИДОМАИ ШАНБЕГӢ ДАР ДДОТ БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ

129.JPG - 282.04 KbСубҳи 13-уми феврали соли равон тибқи нақша-чорабинӣ дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки устодону донишҷӯён шанбегии навбатӣ баргузор гардид, ки он ба хотири тозаву озода нигоҳ доштани саҳну роҳравҳо, гузаргоҳҳои гирду атрофи  донишгоҳ, инчунин бо мақсади саҳмгузорӣ дар пешрафту ободонии фазои тозабаҳори пойтахти азизамон шаҳри Душанбе алоқамандӣ дорад.

 
10.02.2021 16:26
There are no translations available.

 

НАМОИШГОҲИ САЙЁҲӢ ДАР

ДДОТ БА НОМИ САДРИДДИН АЙНӢ

111.JPG - 252.69 KbСубҳи 10-уми феврали соли 2021 дар толори Шӯрои олимони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ форум ва намоишгоҳи ноҳиявии сайёҳӣ дар мавзӯи “Имкониятҳои сайёҳии ноҳия” миёни донишҷӯёни донишгоҳҳои ҳудуди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди маҳали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 
10.02.2021 06:24
There are no translations available.

 

 

ТАҶЛИЛИ 580-СОЛАГИИ ЗОДРӮЗИ ШОИР МИР АЛИШЕР НАВОӢ

92.JPG - 262.95 Kb

Дӯстӣ ва рафоқати Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ намунаи барҷастаи дӯстӣ ва бародарӣ, меҳру муҳаббати байниҳамдигарии халқҳои “дӯсту-бародар”тоҷику ӯзбек мебошанд ва таъсири ин муносибат дар эҷодиёти адибони мазкур низ ба чашм мерасад. Бад-ин муносибат, рӯзи 9 феврали соли 2021 бахшида ба 580-солагии мавлуди шоир, сардафтари адабиёти классикии ӯзбек Мир Алишер Навоӣ ректори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода бо гурӯҳи устодон, донишҷӯёни ихтисоси забон ва адабиёти  ӯзбек, ки дар факултети филологияи тоҷик таҳсил менамоянд, дар назди муҷассамаи Низомиддин Мир Алишер Навоӣ ба хотири пос доштани дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек гулчамбар гузоштанд. Нахуст, роҳбарияти донишгоҳ ҳамаи ҳозиринро ба ин муносибат табрик намуда, изҳори он доштанд, ки ҳар боре сухан дар бораи дӯстиву бародарии миллатҳои тоҷику ӯзбек меравад, ҳатман ва беихтиёр рафоқату садоқати намояндагии фарзандони бузурги халқҳоямон Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ва Мир Алишери Навоӣ ба ёд меояд.

 
09.02.2021 11:45
There are no translations available.

 

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ САДА ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЛОЛОГИЯИ ТОҶИК

90.JPG - 221.51 KbСанаи 8-ми феврали соли 2021 дар факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо роҳбарии н.и.ф., дотсент Мирзоалиева Адолат дарси кушод бахшида ба таҷлили “Иди Сада” бо иштироки ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни факултет баргузор шуд. Чорабинӣ бо сухани муқаддимавии декани факултет д.и.ф., профессор Восиева Рухшона оғоз гардид. Сипас, роҳбари гурӯҳ дотсент Мирзоалиева Адолат барои иштирокчиён аз таърих ва пайдоиши ҷашни Сада маълумоти мухтасар  дод.

 
08.02.2021 11:35
There are no translations available.

 

ПАЁМ НЕРӮИ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА

85.JPG - 168.39 Kb

Санаи 8 феврали соли 2021 дар толори Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии собиқадорони ҷангу меҳнати донишгоҳ бахшида ба Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати милли Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 26 январи соли 2021 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид, мизи мудаввар баргузор шуд. Нахуст, ректори донишгоҳ Нӯъмонҷон Ғаффорӣ бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, Паёми Президенти мамлакатро оинаи дастоварду комёбиҳо ва пешрафти ҷомеаи кунунӣ донист. Мавсуф зикр намуд, ки Паём фарогирандаи тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти имрӯза буда, дурнамои ояндаи Тоҷикистонро нишон медиҳад. Сипас, раиси ташкилоти ибтидоии собиқадорони ҷангу меҳнати донишгоҳ, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ, дотсент Раҷабмоҳ Қосимова дар мавзӯи “Паём – нерӯи пешбарандаи ҷомеа” баромад намуда, нуктаҳои асосии ин дастурамали мукаммали рушду ободонии кишварро зикр намуд.

 
06.02.2021 10:45
There are no translations available.

 

“МУҒУЛИСТОН ДАР СОЛҲОИ 1917 – 1945”

71.JPG - 219.39 KbТаҳти ҳамин унвон рӯзи 6-уми феврали соли 2021 бо ташаббуси муаллими калони кафедраи таърихи умумии факултети таърихи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ,  Ҷонмуродов Шамшод бо иштироки устодон н.и.т. Шарипов Маликшоҳ,  муовини декан оид ба илм Зарифов Насимҷон, муовини декан оди ба тарбия Ҷалилов Бузургмеҳр ассистентон Ҳасанов Қаҳрамон, Зубайдуллои Саидҷон ва донишҷӯёни курси 5-ум дарси кушод баргузор шуд.

 
06.02.2021 10:26
There are no translations available.

 

ЁД БОД, ОН РӮЗГОРОН ЁД БОД

70.JPG - 215.50 KbСанаи 5-уми феврали соли равон бо ташаббуси садорати факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ  маҳфили Ҳофизхонӣ таҳти унвони “Ёд бод, он рӯзгорон ёд бод” баргузор гардид. Нахуст, маҳфилро муовини декан оид ба корҳои таълим Умедҷони Лоиқшо оғоз бахшида,  ҳамаи ҳозиринро хушомадед гуфт. Сипас, д.и.ф., профессор Элбоев Вафо ва н.и.ф. Саидолим Комилҷон бо маърӯзаи пурмуҳтаво андар шинохти Ҳофизи Шеърозӣ баромад намуда, аз иштирокчиён даъват ба амал оварданд, ки ба омӯзиши рӯзгори шоир ва шеърҳои дилошуби ӯ  саъю талош варзанд.

 


free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ