• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

СТАТЬИ

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
18.03.2015 08:54
There are no translations available.

Дар Рӯзи модар-«Канӣ, духтарон!»

Ба ифтихори Рӯзи модар дар толори Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумова озмуни «Канӣ, духтарон!» баргузор гардид.

Дар оғоз роҳбари Шӯрои духтарони коллеҷ Фирӯза Раҷабова баромад намуда, доир ба бузургии Зан-Модар суханҳои судманд ироа кард. Мавсуф зикр намуд, ки озмуни «Канӣ, духтарон!» аз рӯи шартҳои зерин баргузор мешавад: қироати шеър, саволнома, печонидани кӯдак, гузаронидани ришта аз сӯзан, реза кардани сабзӣ, тайёр намудани хуриш ва ороиши дастархон.

 
18.03.2015 08:51
There are no translations available.

Ҳамоиши судманд дар коллеҷ

Ба ифтихори Рӯзи Артиши Миллӣ дар Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи донишгоҳ ҷамъомади бошукӯҳ доир гардид. Муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ ҳамоишро ҳусни оғоз  бахшида, пиромуни нақши Артиши Миллӣ дар пешрафту инкишоф ва пойдории сулҳу субот дар кишварамон муфассал сухан  гуфт.

Сипас, Ш.Қурбонова, директори  коллеҷ доир ба Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон суханронӣ намуд. Мавсуф оид ба солҳои

 
18.03.2015 08:50
There are no translations available.

Маҷмӯаҳои таълимию методӣ-кафолати пешрафти кор

Дар семинар-тренинге, ки давоми 3 рӯз дар донишгоҳ баргузор гардид, татбиқи принсипҳои асосии низоми кредитии таҳсилот, баланд бардоштани сифати таълим дар шакли таъмини донишҷӯён бо маводи таълимӣ ва тартиб додани маҷмӯаҳои таълимию методии фанҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Маҷмӯаҳои таълимию методии фанҳои биологияи умумӣ,

 
10.03.2015 08:16
There are no translations available.

Низоми кредитӣ тақвият меёбад

Дар асоси барномаи TEMPUS намояндагони макотиби олии Ҷумҳурии Испания Велон Сиксто, Сантос Риго Мигел Ангел ва Гарси Алварес ба донишгоҳи мо ташриф оварда, бо ректор, академик Носирҷон Салимов мулоқот намуданд. Тавре дар вохӯрӣ зикр гардид, ҳадаф аз омадани меҳмонон огаҳӣ пайдо кардан аз раванди татбиқи низоми кредитӣ дар таълимгоҳи мо мебошад.

Дар оғоз сарвари маърифатгоҳ Н.Салимов дар хусуси ҷараён ва низоми таълим сухан гуфта, аз ҷумла, қайд намуд, ки дар

 
28.02.2015 06:47
There are no translations available.

Ба роҳбари Оҷонсии

иттилоотии «Озодагон»

Фаъолияти мо идомаи ибтикороти пешина аст

Дар сомонаи иттилоотии шумо ахиран навиштае бо номи «Ректори нав камбудиҳои Донишгоҳи омӯзгориро ифшо кард» пахш шуд, ки марбут ба навгониҳо дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ мебошад. Маълум, ки он дар заминаи иттилое, ки тавассути сомонаи донишгоҳ бо номи «Интиқоди ректор аз саволномаҳои тестӣ» пахш шуда буд, таҳия шудааст. Мо аз он ки як иттилои сомонаи маърифатгоҳ боиси таваҷҷуҳи шумо гардидааст, сипосмандем, вале тариқи истифодаи иттилои мазкур аз ҷониби шумо шигифтовар аст.

 
06.02.2015 14:24
There are no translations available.

Паёми Президентро ташреҳ мебахшанд

Таври маълум 23-юми январи соли равон дар бинои Кохи Сомон Паёми имсолаи Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ироа гардид, ки дар он фаъолияти яксолаи мамлакат натиҷагирӣ гардида, нақшаву чорабиниҳо барои соли оянда тарҳрезӣ шуданд. Вобаста ба ин, тамоми вазорату идораҳои давлатӣ муваззафанд, ки ҳар нуктаи Паёмро бо ташкили суҳбату мулоқотҳо ба мардуми

 
05.02.2015 11:37
There are no translations available.

Интиқоди ректор аз саволномаҳои тестӣ

Дар ҷаласаи васеи ҳайати роҳбарикунандаи донишгоҳ, ки дар остонаи оғози нимсолаи дуюми соли таҳсил баргузор шуд, ректор, академик Носирҷон Салимов вобаста ба ҷанбаҳои мухталифи фаъолияти таълимгоҳ изҳори ақида карда, усули баъзе корҳоро интиқод намуд. Аз ҷумла, мавсуф таъкид дошт, ки ҳарчанд низоми таълим кредитист, аммо аз шакли анъанавӣ фаровон истифода мешавад. Ҳол он ки талабот дар низоми кретидӣ аз низоми анъанавӣ ба куллӣ тафовут дорад.

 


free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ