• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

СТАТЬИ

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
26.05.2023 07:23
There are no translations available.

 

РЕКТОР: ПЕШРАФТИ КОРИ МО АЗ ТАТБИҚИ ДУРУСТИ БАРНОМАҲОВУ СТАНДАРТҲОИ СОҲА ВОБАСТА АСТ!
25-уми майи соли 2023 ҷаласаи васеи назоратии Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳ бо ширкати муовинони ректор, деканони факултетҳо, мудирони кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ва сардорони шуъбаҳо ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия баргузор гардид.
Ҷаласаро Аҳлиддин Ибодуллозода аз якқатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла масъалаҳое, ки дар хулосаи Агентӣ дарҷ гардида буданд оғоз намуда, ҳамзамон масъалаҳои назарати ҷиддии раванди ҳозиршавии омӯзгорон ба дарс, танзими меъёри ҳуҷҷатҳо, танзими ҳуҷҷатҳои хатмкунандагон шакли таҳсили рӯзона ва фосилавиро мавриди баррасӣ қарор дод.
 
26.05.2023 07:20
There are no translations available.

АГЕНТИИ НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ МАОРИФ ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШГОҲРО НАЗАРРАС АРЗЁБӢ НАМУД

Возможно, это изображение 3 человека, помост и текстБо мақсади муайян намудани вазъи таълиму тарбия ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аз аттестатсияи давлатӣ гузаронида шуд.
24-уми майи соли ҷорӣ ба ин муносибат бо иштироки ректори донишгоҳ Ибодуллозода А. ва муовини директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқзода Хурсанд Сафар ҷалассаи васеи устодону кормандон оид ба баррасии натиҷаи аттестатсияи давлатӣ доир гардид.
Дар ҷаласаи ҷамъбастӣ Содиқзода Хурсанд Сафар зимни суханронӣ фаъолияти донишгоҳро дар маҷмуъ қаноатбахш арзёбӣ намуда ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фаъолияти муассиса пешниҳодҳои судманд намуд.

 
18.05.2023 05:01
There are no translations available.

КОРРУПСИЯ - ОМИЛИ БОЛОРАВИИ САТҲИ КАМБИЗОАТӢ
Дар таърихи 17 майи соли 2023 ҷиҳати татбиқи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 мулоқоти намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ баргузор гардид. Ҷамъомади мазкурро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод ифтитоҳ намуда, доир ба ҷилавгирӣ аз амалҳои коррупсинӣ изҳори андеша намуд. Сипас, подполковники адлия, сарнозири Раёсати муқовимат бо коррупсияи Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назриён Василбек Қурбон доир ба “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” баромад намуда, ҳамзамон таъкид намуд, ки барои пешгирӣ ва решакан кардани амалҳои коррупсионӣ на танҳо мақомоти давлатӣ, балки ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст.
 
12.05.2023 09:37
There are no translations available.

 

РУШДИ ИЛМҲОИ ХИМИЯ, ТЕХНОЛОГИЯ ВА ЭКОЛОГИЯ
Дар таърихи 12 майи соли 2023 бо ибиткори раёсати донишгоҳ дар ҳамбастагӣ бо факултети химия бахшида ба 20-солагии таъсисёбии кафедраи технология ва эколгияи химиявӣ ва “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” таҳти унвони “Рушди илмҳои химия, технология ва экология” конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ баргузор гардид. Ҷаласаи ифтитоҳии конференсияро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод ҳусни ифтитоҳ бахшида, сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозодаро ироа намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст: “Бо мақсади боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020 - 2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шудааст ва ин иқдом ба рушди тафаккури техникӣ ва тавсеяи ҷаҳонбинии илмии ҷомеа такони ҷиддӣ мебахшад.”
 
12.05.2023 09:31
There are no translations available.

ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ БАРОИ ТАҲСИЛ ДАР ҶОПОН ҶАЛБ МЕШАВАНД
12-уми майи соли равон дар доираи ҳамкориҳо намояндагони Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба донишҷӯёни ихтисоси таърих ва муносибатҳои байналхалқии факултети таърих ва ҳуқуқ маърӯзаи омӯзишӣ баргузор намуданд.
Муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, Қурбонзода Рухшона меҳмононро муаррифӣ намуда, ба донишҷӯён иштироки фаъолонаро таъкид намуданд.
Бояд зикр кард, ки маърӯзаи омӯзишӣ аз тарафи Мушовир, муовини роҳбари намояндагии Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Томонори Ҳасегава баргузор карда шуд. Боиси хушнудист, ки муҳтарам Томонори бо забони тоҷикӣ суханронӣ намуда, баён намуд, ки мақсад аз ин тасмим эҳтиром ба забону фарҳанги ин миллат мебошад.
 
12.05.2023 08:36
There are no translations available.

ҶОПОН ДУРНАМОИ МУНОСИБАТҲОРО БО ДОНИШГОҲ БАРРАСӢ НАМУД
12-уми майи соли равон вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба миёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Сафорати Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқоти ҳайати намояндагони ин сафорат таҳти сарварии Мушовир, муовини роҳбари намояндагӣ муҳтарам Томонори Ҳасегава бо муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, Қурбонзода Рухшона баррасӣ гардид.
Зимнан Қурбонзода Рухшона аз ташаббус дар самти таҳкими ҳамкориҳо изҳори қаноатмандӣ намуд, иброз дошт, ки минъбаъд дар доираи ҳамкориҳои судманд ҷиҳати таъсиси ихтисоси забони ҷопонӣ, роҳандозӣ намудани барномаҳои таҳсилотии муштарак, табодули академии донишҷӯён, магистрон ва такмили ихтисоси омӯзгорон тадбирҳои зарурӣ андешида хоҳад шуд.
 
04.05.2023 11:39
There are no translations available.

ТАҶЛИЛИ РӮЗӢ “ФРАНКОФОНИЯ” ДАР ДОНИШГОҲ

Возможно, это изображение 4 человека, Овальный кабинет, помост и текстДар тарърихи 4 майи соли 2023 дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба рӯзи байналмилалии забони франсавӣ “Франкофония” чорабинии фарҳангӣ бо иштироки муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, профессор Қурбонзода Рухшона, ҷонишини сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон Филипп Иду, масъули бахши фарҳангии сафорат Эва Тозйе, як қатор кормандони сафорат, муовини раиси Ҷамъияти дӯстӣ ва равобити фарҳангии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ Шарифова Мушаррафа, кормандони Маркази фарҳангии “Бохтар”, аз ҷумла Амалхонум Гаҷиева ва омӯзгорону донишҷӯёни шуъбаи забони фаронсавии факултети забонҳои романию германӣ баргузор гардид.

Чорабинии фарҳангиро мудири кафедраи забони франсавӣ Султонзода Соқӣ ҳусни оғоз бахшида, риштаи суханро ба муовини ректор Қурбонзода Рухшона дод. Зимни суханронӣ Қурбонзода Рухшона ҳузури меҳмононро хайрамақдам гуфта, аз таърихи робитаҳои дуҷониба ва ҳамкориҳо миёни Тоҷикистону Фаронса андешаронӣ намуд. Сипас, муовини сафир Филипп Иду дар хусуси мавқеи забони фаронсавӣ дар ҷаҳон сухан ронда, таъкид дошт, ки бо забони фаронсавӣ на фақат мардуми Фаронса, балки дигар кишварҳои олам низ такаллум мекунанд ва шумораи фаронсавизабонони олам феълан бештар аз 300 миллион нафар аст. Сафир барои қабули гарми ректори донишгоҳ ва омӯзгорону донишҷӯён изҳори сипос намуд.

 


free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ