• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

СТАТЬИ

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
24.02.2023 09:29
There are no translations available.

ВОХӮРӢ БО ХАТМКУНАНДАГОН

24 феврали соли 2023 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо хатмкунандагон  ҷиҳати таъмин намудани муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе бо мутахассисони касбӣ вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрӣ раёсати донишгоҳ, намояндагони сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаҳои маорифи ноҳияҳои пойтахт, директорони литсей, гимназия ва мактабҳо иштирок карданд.

Вохӯриро муовини якум, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Айнуллозода Наҳтулло оғоз намуда, меҳмононро ба донишгоҳ хайрамақдам гуфт ва зимни суханронии худ иброз дошт, ки ҳамкории донишгоҳ бо Сарраёсати маориф ва шуъбаҳои маорифи шаҳр хуб ба роҳ монда шуда, айни ҳол дар асоси шартномаи ҳамкорӣ дар 35 мактаб донишҷӯёни донишгоҳ ба таҷрибаомӯзӣ машғуланд.

 
17.02.2023 10:35
There are no translations available.

ОҒОЗИ ДАВРИ ДУЮМИ ДОНИШГОҲИИ ОЗМУНИ ““ТОҶИКОН”-ОИНАИ ТАЪРИХИ МИЛЛАТ”

Дар таърихи 17 феврали соли 2023 даври дуюми донишгоҳии озмуни ““Тоҷикон”-оинаи таърихи миллат” шуруъ шуд. Ҳайати ҳакамон таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод якчанд довталабонеро, ки дар даври аввал  ғолиб омода буданд, мавриди суолу пурсиш қарор доданд. Зимнан, профессор Дониёр Сангинзод иброз дошт, ки озмуни мазкур бо ташаббус ва сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров баргузор гашта истодааст ва ҳадафи он арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони халқамон дар тӯли таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, эҳёи ҳофизаи таърихӣ мебошад.

 
15.02.2023 09:15
There are no translations available.

МАСОИЛИ МУБРАМИ ЗАБОНШИНОСӢ ВА ТАҲЛИЛИ МУҚОИСАВӢ-ТИПОЛОГӢ

Дар таърихи 15 феврали соли 2023 бо ибтикори раёсати донишгоҳ дар ҳамбастагӣ бо факултети забон ва адабиёти рус таҳти унвони “Масоили мубрами забоншиносӣ ва таҳлили муқоисавӣ-типологӣ” конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор карда шуд. Дар ҷаласаи ифтитоҳии конференсия муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Сангинзод Д.Ш., профессори Донишгоҳи славянии Росияву Тоҷикистон Гусейнова Т.В., профессори кафедраи адабиёти рус ва ҷаҳон Нозимов А.А., профессори Донишгоҳи давлатии Тирмиз Бакиров П.У. ва дотсенти Донишгоҳи давлатии Тирмиз Панҷиев Н.П. ширкат намуданд. Конференсияро декани факултет Исломова Ҷ. ҳусни ифтитоҳ бахшид. Сипас, профессор Сангинзод Д.Ш. сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозодаро ба самъи ҳозирин расонд, ки дар он аз ҷумла омадааст: “Дар шароити ҳамкориҳои мустаҳками байналмилалӣ талабот мутахассисоне, ки забонҳои русиву англисиро хуб баладанд. Аз ин рӯ зарурат пеш омадааст, ки шаклу методҳои тадриси забонҳои русӣ ва англисӣ боз ҳам мукаммалтар карда шаванд.”

 
14.02.2023 07:36
There are no translations available.

ДАРСИ КУШОД ДАР ФАКУЛТЕТИ МАТЕМАТИКА ВА ИНФОРМАТИКА

Дар таърихи 14-уми феврали соли 2023,  мувофиқи нақшаи кории кафедраи анализи математикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти роҳбарии профессор Юсупов Г.А. дарси кушоди муаллими калон Сафарзода Э.Ҳ. дар мавзўи «Ҳосилаи функсияи тағйирёбандааш комплексӣ» баргузор гардид. Дар дарси кушоди мазкур декани факултети математика ва информатика, дотсент Зеваршоев У.Н., мудири кафедраи геометрия ва математикаи олӣ, дотсент Талбаков Ф.М., омўзгорони кафедраи анализи математикӣ Лашкарбеков С.М., Надирова М.И. ва Сайфуллоева З.Х. иштирок намуданд.

 
11.02.2023 05:12
There are no translations available.

ИДОМАИ ТАҶРИБАОМӮЗИИ ОМӮЗГОРОН ДАР БЕЛАРУС

Чуноне ки қаблан иттилоъ дода будем, тибқи нақшаи Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар асоси шартномаҳои байналмилалӣ дар даври дуюм устодони донишгоҳ, деканони факултетҳои физика ва технологияву соҳибкорӣ Назруллоев А.С. ва Ширинов М.С. ҷиҳати таҷрибаомузӣ дар Донишгоҳи давлатии педагогии Беларус ба номи М. Танка, дар ҳудуди ин кишвар қарор доранд. Тибқи нақшаи қаблан тарҳрезишуда онҳо таҷрибаи ҳамкасбони белорусиро омӯхта, дар ин баробар талаботи мансуб фаъолияти роҳбарони муассисаи таълимиро азхуд намуда истодаанд.

 
11.02.2023 03:58
There are no translations available.

БАҲОГУЗОРӢ БА ДАРСИ ВИДЕОИИ УСТОДОНИ ФАКУЛТЕТИ МАТЕМАТИКА ВА ИНФОРМАТИКА

Оид ба таҳлили дарсҳои видеоӣ дар факултетҳо, кафедраҳои тахассусӣ ва умумидонишгоҳии ДДОТ ба номи С.Айнӣ", ки тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи ректори донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати таълим ҷараён дорад, дар таърихи 10 феврали соли 2023 дарси омӯзгори кафедраи алгебра ва назарияи ададҳо Аслонов Сорбон дар мавзуи "Амалҳо бо маҷмӯъҳо. Хосияти амалҳо бо маҷмӯъҳо" ва дарси омӯзгори кафедраи анализи математикӣ Лашкарбеков Суҳроб дар мавзуи "Критерияҳои кошӣ оиди наздикшавии қаторҳои ададӣ"дар курсҳои дуввуми факултети физика, ихтисоси физика мавриди таҳлил қарор дода шуд.

 
10.02.2023 10:12
There are no translations available.

МАСИРИ  70-СОЛАИ  ЗИНДАГИИ ДУ ДОНИШМАНД

Имрӯз, 10 феврали соли 2023 бо дастури ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода  устодони донишгоҳ , олимони забардасти тоҷик Мансур Нӯъмонов, профессори кафедраи методикаи таълими математикаи  факултети математика ва информатика, узви вобастаи Академияи таҳсилоти Тоҷикистон  ва Абдулбоқӣ Нурзода,  доктори илмҳои педагогӣ, профессор, Корманди шоистаи Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, ки маросими  зодрӯз доштанд, бо туҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ шуданд. Дар ҷараёни табрикот муовини аввал, муовини ректор оид ба корҳои таълим Айнуллозода Н., муовини ректор оид ба корҳои илм Сангинзод Д.Ш.  ва раиси иттифоқҳои касабаи устодону кормандони донишгоҳ Зикирзода Ҳ. сухани табрикӣ баён карда, аз номи ректор ва раёсати донишгоҳ, ҳайати устодону кормандон ва донишҷӯён онҳоро ба ифтихори рӯзи таваллуд табрик карданд.

 


free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ