• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

СТАТЬИ

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
31.12.2022 05:46
There are no translations available.

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ҒАЙРИНАВБАТӢ

Дар таърихи 30 декабри соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи ғайринавбатии Раёсати Донишгоҳ баргузор шуд. Ректори Донишгоҳ, муҳтарам  Ибодуллозода Аҳлиддин иттилоъ доданд, ки тибқи фармоиши вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 1824 аз 30 декабри соли 2022 бо дастрасии моддаи 33 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” ва банди 11 Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси пешниҳоди роҳбари муассисаи мазкур Қурбонзода Рухшона Қурбон ба вазифаи муовини ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ оид ба муносибатҳои байналмилалӣ таъйин гардид. Лозим ба зикр аст, ки хонума Қурбонзода Рухшона Қурбон то ин замон вазифаи декани факултети филологияи тоҷики донишгоҳи мазкурро ба уҳда дошта, дар замони иҷрои вазифаи зерин дар рушди соҳаи маориф ва дастовардҳои муассиса саҳми бориз гузоштааст.

 
31.12.2022 03:02
There are no translations available.

РЕКТОРИ СОЛ – РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРИИ ПОЙТАХТ
Чӣ тавре, ки пайки тоза расид, тибқи назарсанҷии таҳиякардаи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва сомонаи Pressa.tj дар миёни ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, муҳтарам Аҳлиддин Ибодуллозода бо гирифтани раъйи бештар (10753 овоз) ҳамчун “Ректори сол” шинохта шуд. Лозим ба зикр аст, ки овоздиҳӣ тариқи сомонаи Pressa.tj аз 14 то 30-юми декабри соли 2022, соати 12:00 идома ёфт. Лоиқи қайд аст, ки ҳамасола барои дарёфти чеҳраҳои сол аз рӯи 10 номинатсия пурсиш мегузаронанд. Ҳадаф аз он муайян кардани раисон, вазирон, соҳибкорон, бонкирҳо, сарояндагон, блогерҳо, адибон, ректорҳо, ҳунармандон мебошад, ки дар тӯли сол соҳиби дастовардҳо шудаанд. Баъдан, барои интихоби ягона аз даҳгона дар сомонаи Pressa.tj овоздиҳии онлайнӣ сурат гирифт.
 
29.12.2022 08:15
There are no translations available.

ДАСТОВАРДИ  УСТОДИ  ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ

Боиси ифтихор аст, ки аз ҷониби Академияи илмҳои  табиатшиносии Федератсияи Россия ба номзади илмҳои педагогӣ, мудири кафедраи забони муосири рус ва забоншиносии умумии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Мирганова Нигина Рауфовна унвони илмии профессор супорида шуд. Марид ба зикр аст, ки мавсуф дар рушди соҳаҳои илму маорифи кишвар, тайёр кардани мутахассисони баландихтисос  ва саҳми босазо дар баланд бардоштани эътибори муассисаи таълимӣ мавқеи хоссаро ишғол менамояд.  Шогирдони ӯ дар аксар соҳаҳои ҷомеаи кишвар фаъолият намуда, баҳри ободии Ватан хизмат менамоянд. Бо истифода аз мавриди муносиб Раёсати донишгоҳ устод Н.Миргановаро бо ин дастоварди касбӣ табрик карда, барояш барору комёбӣ таманно менамояд.

 
29.12.2022 03:41
There are no translations available.

ДАВРАИ  ҶАМЪБАСТИ КУРСҲОИ ЗАБОНОМӮЗИИ ОМӮЗГОРОН

Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо мақсади иҷроиши дастуру супоришҳои ректори донишгоҳ ҷиҳати татбиқи “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” курсҳои омӯзишии семоҳаи забони русӣ ва англисиро барои устодон ва кормандони донишгоҳ, ки тибқи ҷадвали баргузорӣ аз 5 октябри соли 2022 роҳандозӣ гардида буд, ҷамъбаст намуд.Дар фарҷоми курс сардори раёсати илм ва инноватсия Идиев С., сардори маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо Азимов М. бо иштироки омӯзгорони фаннӣ ҷиҳати арзёбии натиҷаҳои таълим бо шунавандагони курс санҷишу имтиҳонҳо ташкил намуданд. Дар рафти имтиҳон асосан дар атрофи мавзуъҳои зерин: Тоҷикистон ватани азизи ман; Душанбе - пойтахти Тоҷикистон; таърихи таъсисёбии донишгоҳ; тарҷумаи ҳол ва дигар масъалаҳои муҳим суолу пурсишҳо анҷом ёфтанд.

 
29.12.2022 03:18
There are no translations available.

НАМОЯНДАИ ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ – ҒОЛИБИ ОЗМУН

Чӣ тавре, ки иттилоъ дода шуд, дар таърихи 24 декабри соли  2022  бо ибтикори Донишкадаи Конфутсий, ки дар  назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон амал мекунад, дар  байни омӯзгорони забони чинии муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни "Муаллими сол"баргузор гардид. Боиси хушнудист, ки омӯзгори кафедраи  забонҳои Шарқи факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқи  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Шаҳзодаи Маҳмадлатиф дар  озмуни мазкур  ширкат варзида,  мақоми  аввалро  ишғол намуд. Боиси ифтихор аст, ки дар соли 2022 намояндагони донишгоҳи омӯзгории пойтахт дар аксар озмунҳои сатҳи баланд иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

 
28.12.2022 11:07
There are no translations available.

ИҚДОМИ НАВБАТИИ  РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ

Дар таърихи 28 декабри соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба пешвози Соли нави мелодии 2023  чорабинии идона ҳамроҳ бо барномаи фарҳангӣ баргузор гардид. Чорабинии мазкурро  Айнулозода Наҳтулло, муовини якум, муовини ректор оид ба корҳои таълим ифтитоҳ намуда, паёми табрикотии ректори Донишгоҳ, муҳтарам  Ибодуллозода Аҳлиддинро ба самъи ҳозирин расонид. Ӯ аз ҷумла зикр кард, ки ятимону бепарасторон ва нафарони имконияташон маҳдуд дар партави сиёсати ятимпарваронаи Пешвои муаззами миллат бояд ҳаргиз худро яккаву танҳо ҳис накунанд ва онҳо мебояд дар фазои сулҳу оромӣ, бо истифода аз шароиту имконоти мавҷуда таҳсил намуда, бо маърифати баланди инсонӣ баҳри ояндаи дурахшони Ватан хизмат намоянд. Бо ҳамин назардошт ректори донишгоҳ тасмим гирифтанд, ки намояндагони ин қишри ҷомеаро, ки дар донишгоҳ таҳсил менамоянд, аз нигоҳи молиявӣ ва бо туҳфаи солинавӣ руҳбаланд намоянд. Дар чорабинӣ инчунин Назарзода Нигора, муовини ректор оид ба корҳои тарбия, садорати факултетҳо, як қатор роҳбарони сохторҳо ва дар ин баробар 60 нафар донишҷӯён, ки ятимону нафарони дорои нуқсонҳои ҷисмонӣ мебошанд, иштирок доштанд.

 
27.12.2022 05:11
There are no translations available.

МАСЪАЛАҲОИ НАЗАРИЯВӢ ВА АМАЛИИ МУНОСИБАТИ БОСАЛОҲИЯТ БА ТАЪЛИМ

Дар таърихи 27 декабри соли 2022 бо ибтикори Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ва кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти факултети филологияи тоҷик конференсияи илмӣ - методии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Масъалаҳои назариявӣ ва амалии муносибати босалоҳият ба таълим” баргузор гардид. Ҷаласаи ифтитоҳии конференсияро муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Айнулозода Наҳтулло оғоз намуда, сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода Аҳлиддинро ба самъи ҳозирин расонд. Сипас, мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёт, профессор Шарифмурод Исрофилниё дар мавзӯи “Принсипҳои асосии муносибати босалоҳият дар таълими адабиёт”, сарходими АТТ, номзади илмҳои филологӣ Азим Байзоев дар мавзӯи “Методикаи таълими босалоҳияти алифбои тоҷикӣ барои хориҷиён” ва мудири шуъбаи назария ва таърихи педагогикаи АТТ, доктори илмҳои педагогӣ Файз Гулматов дар мавзӯи “Андешаҳо перомуни ҷорӣ намудани муносибати босалоҳият ба ба таълим ба мазмуни таҳсилот” маърӯзаҳои хешро ироа  карданд.

 


free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ