• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

СТАТЬИ

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
22.12.2022 05:23
There are no translations available.

ТУҲФАИ РАЁСАТИ ДОНИШГОҲ БА МАКТАБ-ИНТЕРНАТИ КӮДАКОНИ ЯТИМ

20-уми декабри соли ҷорӣ Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар остонаи Соли нави мелодӣ ба Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятими Ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ташриф оварда, бо Зафар Гулзода, раиси ноҳияи мазкур аз Мактаб-интернати кӯдакони ятим дидан намуда, ректори донишгоҳ ба 131 ятими ин Мактаб-интернат 131 баста сару либоси зимистона ва лавозимоти дарсӣ, аз ҷумла 150 ручка, 330 дафтар, 150 қалам ва 50 нусха китобҳои барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ муҳим, тақдим кард.

Илова бар ин, аз ҷониби Раёсати донишгоҳ дар ҳамбастагӣ бо иттифоқи касаби кормандону омӯзгорон ва Коллеҷи омӯзгории ба номи Хосият Махсумоваи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ба ин Мактаб-интернати барои кӯдакони ятим кумаки яквақтаи ғизоӣ аз қабили 5 халта орд, 10 халта пиёз, 10 халта картошка, 2 халта биринҷ, 1 халта шакар, 150 литр равған, 40 кило гушт, 100 дона собун, 50 кило макарон, инчунин себ, мандарин, анор, нок, обҳои нӯшокии гуногун ва маҳсулоти қаннодии мухталиф расонида шуд.

 
17.12.2022 09:22
There are no translations available.

РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ДАР ПАРТАВИ ГУФТУГӮИ ФАРҲАНГҲО

Дар таърихи 17-уми декабри соли равон бо ибтикори садорати факултети забонҳои романӣ-германӣ бахшида ба 30 – солагии барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса таҳти унвони “Рушди забони давлатӣ дар партави гуфтугӯи фарҳангҳо” конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ баргузор карда шуд. Дар ҷаласаи ифтитоҳии конференсия як қатор муҳаққиқон аз кившарҳои хориҷӣ, аз қабили Ҷумҳурии Фаронса, Ҷумҳурии Федеролии Олмон, Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Федератсияи Росия ширкат намуданд. Конференсияро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод оғоз намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт ва ҳамзамон сухани ифтитоҳии ректори Донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозодаро ба самъи ҳозирин расонд. Сипас, муовини сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳ урии Тоҷикистон Филип Иду сухан ронда, ҳозиринро ба муносибати 30 – солагии барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Фаронса табрик намуда, инчунин ба иштирокдорон дар кори конференсия комёбӣ хоҳон шуд.

 
17.12.2022 03:23
There are no translations available.

САҲМИ МУНОСИБИ ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Тавре ки дар расонаҳо  иттилоъ дода шудааст, 5-16 декабри соли 2022 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид, ки дар он  довталабон  аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе иштирок карданд. Озмун аз рӯйи 5 номинатсия - хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик, хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик, хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халқи тоҷик, хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон ва номинатсияи шоирӣ сурат гирифт.

 
17.12.2022 03:15
There are no translations available.

ТАФТИШИ РАВАНДИ ДАРСҲО

15-уми декабри соли равон тибқи супориши ректори Донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода дар факултети психология аз тарафи муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод оид ба давомоти донишҷӯён ва сатҳу сифати таълим дар факултети мазкур тафтишоти назоратӣ гузаронида шуд. Дар рафти тафтиш сатҳу сифати таълим ва омодагии донишҷӯён ба дарс санҷида шуда, ҳамзамон аз тарафи муовини ректор оид ба корҳои илмӣ ба садорати факултет барои бартараф кардани камбудиҳои ошкоршуда тавсияҳо дода шуд.

 
15.12.2022 02:38
There are no translations available.

БАРГУЗОРИИ АТТЕСТАТСИЯ БАРОИ УНВОНҶӮЁН

Мутобиқи фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, профессор Ибодуллозода Аҳлиддин оғоз аз таърихи 14 декабр то 21 декабри соли 2022 барои унвонҷӯёни солҳои 2018-2022, докторантон аз рӯйи ихтисос тавассути ҳайати корӣ аттестатсияи донишгоҳӣ баргузор шуда истодааст. Дар ҷаласае, ки имрӯз баргузор гардид, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Сангинзод Д. Ш., сардори раёсати илм ва инноватсия Идиев С., мудири бахши табъу нашр Мардонзода Ҷобир, деканони факултетҳо ва мудирони кафедраҳои умумидонишгоҳӣ ширкат намуданд. Дар рафти ҷаласаи мазкур ҳисоботи фаъолияти илмии унвонҷӯёни соли аввал шунида шуда, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 
14.12.2022 08:04
There are no translations available.

ЭЪЛОН, ЭЪЛОН, ЭЪЛОН...

Ба диққати ҳама донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  расонида мешавад, ки дар Донишгоҳ маҳфили “Ровиёни ҷавон” ташкил гардид. Ҳадаф аз ташкил намудани ин маҳфил ҷалб намудани донишҷӯён ба суханварӣ ва ба тарзи  ифоданоку таъсирбахш қироат намудани шеъру сухан, инчунин ҷалб намудани донишҷӯён ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои илмию фарҳангӣ ва барномаҳои телевизионӣ  мебошад.

Агар шумо ба суханварӣ ва наттоқӣ майлу рағбат доред ва инчунин мехоҳед маҳорати баланди шеърхонӣ ва суханварӣ пайдо кунед, пас ин маҳфил шуморо ба мақсад мерасонад. Мо кӯшиш менамоем бо тамоми ровиён ва ҳунармандони машҳури кишвар ҳамкорӣ намоем, то онҳо тавассути ин маҳфил дар сайқал ёфтани истеъдоди шумо мусоидат намоянд.

 
14.12.2022 07:52
There are no translations available.

МАҚОМИ ТОЗАИ ДАСТАИ ВОЛЕЙБОЛБОЗОН

Имрӯз мужда расид, ки дастаи волейболбозони  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  ба гирифтани ҷойи якум дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни ҷавонписарони соли таваллудашон 2003 ва хурд аз он, инчунин дипломи Федератсияи волейболи Тоҷикистон мушарраф шуданд. Лозим ба зикр аст, ки мусобиқаи мазкур дар миёни муассисаҳои олии кишвар баргузор гардида, натиҷаи донишгоҳи омӯзгорӣ аз натиҷаҳои беҳтарин маҳсуб меёбад. Устоди кафедраи умумидонишгоҳии тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи гражданӣ Изатов А.Б., ки дар ин самт донишҷӯёнро омода месозад, изҳор дошт, ки умед аст донишҷӯёни донишгоҳи омӯзгории пойтахт дар мусобиқаҳои байналмилалӣ сабқат хоҳанд намуд.

 


free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ