• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

СТАТЬИ

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
11.12.2022 05:26
There are no translations available.

ШАРҲИ ТАСВИРҲОИ РАМЗ

Дар ҷаласаи навбатии Шурои олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, ки таҳти роҳбарии Раиси Шуро, ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода анҷом пазируфт, рамз (логотип) - и нави донишгоҳ аз ҷониби аъзои Шурои олимон якдилона қабул гардид. Аз ин ҷониб ҳама бахшу сохторҳои донишгоҳ низоми ҳуҷҷатгузорӣ ва таҳияи асноди марбут ба донишгоҳро тавассути рамз (логотип) - и нави донишгоҳ ба роҳ хоҳанд монд.

Дар ҳамин замина  зарур донистам тасвирҳоеро, ки дар рамзи нав акс ёфтаанд, тавзеҳ намуда, ба ҳаволаи дӯстон гузорам. Лутфан,  хоҳиш мекунам, агар дар ин зимн мехоҳед андешаи худро баён кунед, шарҳи хешро дар зер сабт намоед. Инак:

Китоб рамзи маърифати олам аст, бинобар ин доираи тафсири он то ҳадди имкон хеле васеъ аст. Китоб  инчунин ҳамеша, аз замони ибтидо то дарки амиқи асрори олам, рамзи дониш аст. Аз ин рӯ, таҳти рамзи  китоб  кашфи илму донишро, ки манбаи  манбаи иттилоот ҳам ҳаст, дарк кунем.

 
10.12.2022 06:31
There are no translations available.

ЭКСТРЕМИЗМ ВА ТЕРРОРИЗМ–ПАДИДАҲОИ НОМАТЛУБИ ҶОМЕА

Дар факултети биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар мавзӯи “Экстремизм ва терроризм–падидаҳои номатлуби ҷомеа” чорабинии илмӣ баргузор карда шуд. Дар чорабини декани факултет Мирзораҳимов А., сармутахасиси шуъбаи тарбия Ҳасанов Ҳ., муаллими калони кафедраи сиёсатшиносӣ Амиров Т., муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ Имомов С. ва як қатор устодону донишҷӯён иштирок намуданд. Чорабиниро декани факултет Мирзораҳимов А. ифтитоҳ намуда, дар раванди суханронии хеш зикр намуд, ки дар охири асри XX ва ибтидои асри XXI башарият ба хатари ҷиддӣ, мисли ифротгароӣ ва терроризм рӯ ба рӯ шуд, ки ба бақои одаму олам таҳдид мекунад.

 
10.12.2022 05:46
There are no translations available.

НАТИҶАГИРӢ ВА ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ СЕЮМИ КУРС – ТРЕНИНГ

Ҷиҳати татбиқи “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030”  ва дар доираи ҳамкориҳои судманд Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои донишгоҳ даври сеюми курс тренингро барои донишҷӯёни курси 4 – уми факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқ бо истифода аз методҳои муосири таълими забони англисӣ, ки бо ташкилоти ҷамъиятии “Дурахши маърифат” дар доираи лоиҳаи “Забони англисӣ бидуни сарҳадҳо” давоми панҷ рӯз дар ҳаҷми 24 соат  пешбинӣ гардида буд, ҷамъбаст намуд. Бояд қайд намуд, ки дар рафти баргузории даври сеюми курс – тренинг 18  нафар ба қайд гирифта шуда, ҳамаи онҳо, ки талаботи нақшаи пешбинигардидаро аз худ намуданд, соҳиби сертификат гардиданд.

Дар маросими ҷамъбастии он муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Сангинзод Д.Ш., сардори Маркази такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳо Азимов М., ва директори ташкилоти ҷамъиятии “Дурахши маърифат” Мирпочоева Н.,  менеҷери барнома Мирзовафоева Г., иштирок намуданд.

 
10.12.2022 04:26
There are no translations available.

МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ КОРРУПСИЯ

Дар таърихи 9-уми бахшида ба Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия дар факултети забонҳои рмоанӣ-германӣ мизи мудаввар таҳти унвони "Нақш ва саҳми устодон дар татбиқи "Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2023" баргузор гардид. Дар чорабинӣ устодон ва кормандони факултет иштирок намуда, доир ба роҳҳои пешгирӣ аз ҳолатҳои коррупсионӣ маърӯза карданд. Зикр карда шуд, ки ҳарчанд ҷомеаи башарӣ бар зидди ин падидаи номатлуб дар муборизаи беамон қарор дорад, вале то ба имрӯз коррупсия чӣ дар давлатҳои абарқудрат ва чӣ дар давлатҳои рӯ ба инкишоф боқӣ мондааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ масъалаи муқовимат ба коррупсия дар меҳвари сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст.

 
08.12.2022 08:38
There are no translations available.

КОНФЕРЕНСИЯ ДАР ДОИРАИ МАСЪАЛАҲОИ ҲУҚУҚИ БАШАР ВА  ЗАБОНШИНОСӢ

Дар таърихи 8-уми декабри соли равон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори факултети забони англисӣ ва забонҳои Шарқ ва кафедраи ҳуқуқи факултети таърих ва ҳуқуқ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон ва бо мақсади амалигардонии “Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” таҳти унвони “Масъалаҳои назарии забоншиносии муқоисавӣ-типологӣ, тарҷумашиносӣ ва методикаи таълими забонҳои хориҷӣ” конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Кори кофренсияро муовини ректор оид ба корҳои илмии донишгоҳ, профессор Дониёр Сангинзод ифтитоҳ намуда, сухани муқаддимавии ректор, профессор Аҳлиддин Ибодуллозодаро қироат намуд. Сипас, дар кори конференсия директори Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ  Холиқзода  Абдураҳим  Ғафор таҳти унвони “Ҳуқуқи инсон ҳамчун арзиши олӣ дар давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд”,  ректори филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе, доктори илмҳои филология  Зайниддин Мухторов дар мавзӯи “Вижагиҳои соҳавии татбиқи барномаи давлатии омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ”, профессори кафедраи забоншиносӣ ва типологияи муқоисавӣ Олимҷон Қосимов дар мавзӯи “Истифодаи нави усулҳои таълим дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ” маърӯзаҳои хешро ироа намуданд.

 
08.12.2022 07:34
There are no translations available.

ИДОМАИ КУРСИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ДАР КОЛЛЕҶИ ОМЎЗГОРӢ

Тибқи дастури ректори Донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода дар Коллеҷи омўзгории ба номи Хосият Махсумова ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омўзгорони муассисаи мазкур ва татбиқи амалии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омўзгорон курсҳои такмили ихтисос бо ишитроки устодони варзидаи Донишгоҳ роҳандозӣ гардидаанд.

 
08.12.2022 07:32
There are no translations available.

ҲИФЗИ ЗАБОНИ МОДАРӢ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ДАР РАВАНДИ ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ

Имрӯз, 8-уми декабри соли 2022 дар назди кафедраи забони франсавии факултети забонҳои романӣ-германӣ тибқи нақша, семинари навбатии илмӣ-методӣ баргузор гардид.

Дар семинар мудири кафедраи забони франсавӣ д.и.ф., Султонзода С., муовини декан оид ба корҳои илмӣ н.и.ф. Ҷурақулов Б., муаллимони калон Муҳиддинов Т., Маликов А., Бойматова Д., Ғаниева М., Султонова Ш., Одилова З. ва докторанти PhD Холов Ё. ширкат намуданд ва дар он маърӯзаи Султонзода С. дар мавзӯи «Ҳифзи забони модарӣ ва худшиносии миллӣ дар раванди омӯзиши забонҳои хориҷӣ (дар партави суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон)» шунида шуда, мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 


free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ