• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

СТАТЬИ

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
24.11.2022 10:56
There are no translations available.

ҶАЛАСА БАХШИДА БА ГИРОМИДОШТИ ПАРЧАМИ МИЛЛӢ

Дар таърихи 24 ноябри соли равон дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба сивумин солгарди қабули Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.  Дар ҳамоиши мазкур муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод, Нависандаи халқии Тоҷикистон Ато Ҳамдам, муаллими калони кафедраи таърихи халқи тоҷик Маҳмудов Давлатшоҳ  ширкат ва суханронӣ намуд. Ҳамоишро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод ҳусни ифтитоҳ бахшида, суханони табрикотии ректори Донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозодаро ба самъи ҳозирин ироа намуд.  Дар маърӯзаи мазкур  аз ҷумла зикр шудааст, ки дар баробари ба истиқлол расидани Тоҷикистон дар радифи масоили дигар зарурати таҳияву қабули Парчами давлатӣ пеш омад ва ҳамин тавр дар таърихи 24 ноябри соли 1992 бо ҷаӽду талошӽои  Асосгузори сулӽу ваӽдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун рамзи муқаддаси кишвар аз ҷониби Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол  қабул гардид.

 
24.11.2022 10:47
There are no translations available.

ПАРЧАМ – ШАҲОДАТНОМАИ МИЛЛАТ

Дар таърихи  24- ноябри соли 2022  бахшида ба рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори кафедраи хизматрасонии иҷтимоӣ, маданӣ ва туризми  факултети географияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба рӯзи Парчами давлатӣ дарси кушоди тарбиявӣ доир гардид. Дар дарси мазкур мудири кафедраи мазкур, дотсент Самиев А.М., муовини декан оид ба илм, дотсент  Имомов А., кураторон Собиров М.С. ва Мусоев Д. иштирок доштанд.  Мудири кафедра дотсент Самиев А.  қайд кард, ки  Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ рамзҳои асосии ҳар як давлат буда, нишонаи соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии ҳамон давлату миллат маҳсуб мешаванд. Воқеан, Парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла, дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии сиёсию фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа мавқеъ ва нақши хоси худро доро мебошад.

 
22.11.2022 02:39
There are no translations available.

 

РЕКТОР: ҒОЛИБОНИ ОЗМУН АЗ 20%-И МАБЛАҒИ ҲАҚҚИ ТАҲСИЛ ОЗОД КАРДА ШАВАНД!
Имрӯз Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори донишгоҳ бо иштироки муовинони ректор, деканону сардорони раёсатҳо ҷаласаи корӣ баргузор намуд. Дар ҷаласаи корӣ ректори Донишгоҳ масъалаҳои назорат ва одилона ҷамъбаст намудани озмунҳо, назорати сарбории фаъоли омӯзгорон, назорати донишҷӯёне, ки стипендия мегиранд, таъмини лабораторияҳо бо лавозимоти таълимӣ, ҳолатҳои дарсшиканӣ, қайд накардани журналҳо, назорати сарулибоси донишҷӯён, такмили ихтисос ва таҷлили бошукуҳи Рӯзи парчами давлатиро мавриди баррасӣ қарор дод.
 
21.11.2022 02:54
There are no translations available.

ШАНБЕГӢ ДАР ДОНИШГОҲ
Имрӯз, санаи 20-уми ноябри соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори садорати факултети математика ва информатика ҷиҳати тозаву зебо нигоҳ доштани саҳни Донишгоҳ ва атрофи он шанбегӣ баргузор карда шуд. Дар шанбегӣ устодону кормандони факултети болозикр ширкат намуда, роҳравҳо, майдону боғи паси биноҳоро аз хасу хазонрезаҳо тоза намуданд. Маврид ба зикр аст, ки раёсати Донишгоҳ барои ҳамеша сарсабз нигоҳ доштани саҳни биноҳои таълимӣ ва роҳравҳои дохилу беруни он ҳамеша тадбирҳои зиёди судманд меандешад ва гулу гулкорӣ намудан, нарм сохтан низ аз мақсаду маромҳои доимии ҳайати кормандони Донишгоҳ ба ҳисоб меравад.
 
19.11.2022 07:58
There are no translations available.

БАРРАСИИ МУНОСИБАТИ БОСАЛОҲИЯТ БА ТАЪЛИМ

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори садорати факултети физика бахшида ба амалигардонии барномаи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)” конференсияи илмӣ-методии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Проблемаҳои татбиқи муносибати босалоҳият дар таълими фанҳои табиӣ-математикӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва миёнаву олии касбӣ” Дар таърихи 19-уми ноябри соли 2022 баргузор  гардид. Ҳамоиши илмии мазкурро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод ифтитоҳ карда, аз номи ректори Донишгоҳ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода иштирокчиёни конференсияро хайрамақдам намуд. Мавсуф зимни суханронии хеш иброз дошт, ки солҳои 2020 - 2040 аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири боз ҳам тақвият намудани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас ҳамчун “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон шудааст.

 
19.11.2022 07:34
There are no translations available.

ҲИМОЯИ РИСОЛАИ ИЛМӢ

Дар таърихи 19 ноябри соли 2022 дар ҷаласаи Шурои диссертатсионии 6D. KOA-47, ихтисосҳои 13.00.08-назария ва методикаи таҳсилоти касбӣ, 13.00.08.04- назария ва методикаи фанҳои гуманитарӣ, ки муддате қабл фаъолияти худро оғоз намуд, ҳимояи диссертатсияи Мавлонова Интизор Тоҷиддиновна, омӯзгори калони кафедраи методикаи забони англисӣ, барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ, дар мавзӯи “Ташаккулёбии қобилияти коммуникативӣ-нутқии донишҷӯён дар раванди таҳсилоти олии касбии педагогӣ (дар асоси маводи омӯзиши забони англисӣ)” бомуваффақият анҷом пазируфт. Лозим ба зикр аст, ки бахши тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар самти ҳимояи рисолаҳои илмӣ корҳои назаррасеро ба анҷом расонида истодааст, ки ҳимояи рисолаи зикршуда намунае аз ин крҳо маҳсуб меёбад.

 
19.11.2022 03:56
There are no translations available.

ДАСТАИ БЕҲТАРИН СОҲИБИ "ҶОМИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ" ШУД

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мусобиқаи футболи хурд, ки ба муносибати Рӯзи Кониститутсия ва 30-солагии иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни омӯзгорону кормандон оғоз гардида буд, анҷом ёфт.
Маврид ба зикр аст, ки 15 даста дар сабқати мазкур баҳри дарёфти “Ҷоми ректори Донишгоҳ” бо ҳам рақобат намуда, 3 даста сазовори ҷойҳои ифтихорӣ, аз ҷумла факултети математика ва информатика сазовори ҷаи 1-ум, факултети иқтисод ва идоракунӣ дар соҳаи маориф сазовори ҷои 2-ум ва дастаи раёсати Донишгоҳ сазовори ҷои 3-юм дониста шуда, аз ҷониби раёсати Донишгоҳ дастаҳоим ғолиб бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.

 


free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ