• Tajik
  • Russian
  • English
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

Аrticles

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
Monday, 12 September 2022 05:12
There are no translations available.

ШАНБЕГИИ ДАСТАҶАМЪОНА БАҲРИ ОБОДӢ
Бо мақсади зебову озода нигоҳ доштани атрофи муассисаи таълимӣ субҳи имрӯз шанбегии дастаҷамъона баргузор карда шуд.
Дар шанбегӣ атрофи биноҳои таълимӣ ва ёрирасони донишгоҳ аз партовҳо покиза ва ҳалқагулҳои мавсимии саҳни муассисаро аз алафҳои бегона ва худрӯй тоза намуданд.
 
Tuesday, 06 September 2022 09:25
There are no translations available.

ҲАМКОРИҲОИ СУДМАНД

Иқдомҳои шоистаи сарварони ду ҷумҳурии бародар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев барои рушду тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва илмию фарҳангӣ байни ин ду кишвари ҳамҷавор роҳи васеъ кушод. Айни замон ниҳодҳои гуногуне дар ҳар ду кишвар дар фазои дӯстию бародарии ҳамешагӣ ҳамкориҳои судмандеро роҳандозӣ карда истодаанд.

 
Tuesday, 06 September 2022 09:08
There are no translations available.

БА ТАВАҶҶУҲИ ҲАВОДОРОНИ ИЛМИ ЗАБОНШИНОСӢ

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикор ва дастгирии ректори муассиса д.и.т., профессор Ибодуллозода Аҳлиддин Ибодулло нашри маҷаллаи нави илмӣ таҳти унвони “Масъалаҳои забоншиносӣ” шуруъ гардид.

Таъкид кардан бамаврид аст, ки маҷаллаи мазкур ба талаботи стандарти байнамилалии илмӣ ҷавобгӯ буда, дар рӯзҳои наздик мақолаҳои ин маҷалла ба рӯйхати корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ (РИНЦ; SCOPUS) ворид карда мешавад.

 
Tuesday, 30 August 2022 14:05
There are no translations available.

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ИЛМӢ-МЕТОДӢ

30-юми августи соли 2022 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти раисии муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Дониёр Сангинзод нахустин ҷаласаи Шӯрои илмӣ-методии соли таҳсили 2022-2023 баргузор гардид.

 
Tuesday, 30 August 2022 14:03
There are no translations available.

СИТОД: ОМОДАГӢ БА СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ

Имрӯз бо ширкати муовинон ва деканони факултетҳо, мудирони шуъбаҳо ҷаласаи назди ректори донишгоҳ баргузор гардид.

Аҳлиддин Ибодуллозода зимни ҷаласа роҷеъ ба масъалаи омодагии донишгоҳ ба соли нави таҳсил изҳор назар намуда, таъкид кард, ки ҳар як омӯзгор бояд ба дарсҳо бо тайёрии хуб ҳозир шавад.

 
Tuesday, 30 August 2022 03:48
There are no translations available.

ҶАЛАСАИ ШӮРОИ ОЛИМОН: СИФАТИ ИЛМУ ТАЪЛИМ БОЗ ҲАМ БЕҲТАР МЕШАВАД!

Нахустин ҷаласаи нақшавии Шӯрои олимони донишгоҳ таҳти раисии Аҳлиддин Ибодуллозода, ректори донишгоҳ пеш аз оғози соли нави таҳсили 2022-2023 дар толори васеи бинои асосӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа нақшаи кори Шӯрои олимон барои соли таҳсили 2022-2023, ки аз 43 масъалаи муҳими вобаста ба пешрафт ва рушди ҳамаи самтҳои донишгоҳ таҳия гардида аст, аз ҷониби ҳайати нави Шӯрои олимон тасдиқ гардид.

 
Friday, 26 August 2022 04:30
There are no translations available.

 

ҲАМКОРӢ: МУТАХАССИСОНИ ЗАБОНИ ХИТОӢ БЕШТАР МЕШАВАНД
Имрӯз бо иштироки муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ Фаррух Худойдодзода ва декани факултети забони англисӣ Шуҳрат Каримов вохӯрӣ бо директори Донишкадаи Конфутсий баргузор гардид.
Ҷонибҳо дар тақвияти ҳамкориҳои дуҷонибаи қаблан ба тавофуқомада, зимни машварат масъалаҳои баланд бардоштани сифати таҳсилот, омодакунии омӯзгорони забони хитоӣ, гузаштан аз такмили ихтисос, идомаи таҳсили донишҷӯён дар зинаҳои бакалавриат ва магистратураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Халқии Хитойро мавриди баррасӣ қарор доданд.
 


Page 61 of 305
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj

Мы в