• Tajik
  • Russian
  • English
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

Аrticles

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
Friday, 03 June 2022 07:49
There are no translations available.

ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӮРОИ ОЛИМОНИ ДОНИШГОҲ БАРГУЗОР ГАРДИД

2 июни соли 2022 ҷаласаи навбатии Шӯрои олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа масъалаҳо оид ба рафти баргузор намудани аттестатсияи аспирантону унвонҷӯён, оиди натиҷагирии даври фаъоли сессияи тобистонаи донишҷӯёни хатмкунандаи ихтисосҳои омӯзгорӣ, оиди вазъи иҷроиши корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ дар факултетҳои равияи илмҳои педагогӣ ва доир ба вазъи иҷрои нақшаи кории қисми тарбия дар асоси консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.

 
Friday, 03 June 2022 07:34
There are no translations available.

СЕМИНАРИ ИЛМӢ РОҶЕЪ БА МУШКИЛОТИ МУОСИРИ ЭКОЛОГӢ

2 июни соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ семинари илмӣ-фарҳангӣ дар мавзуи “Мушкилоти муосири экологӣ” ба муносибати 80-солагии доктори илмҳои биология, профессор Абдуллоҷон Эргашев баргузор гардид. Семинарро декани факултети география дотсент Аҳрор Қаландаров ҳусни ифтитоҳ бахшида, риштаи суханро ба ректори донишгоҳ профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ дод. Ректори донишгоҳ зимни баромади худ аз саҳми профессор Абдуллоҷон Эргашев дар рушди илми тоҷик ёдовар шуда, қайд кард, ки мавсуф муаллифи зиёда аз 305 кори илмӣ, аз ҷумла 4 ихтироот, 8 монография ва 9 китоби дарсӣ мебошад. Инчунин таҳти роҳбарии ӯ 10 нафар рисолаи худро бомуваффақият дифоъ намудаанд.

 
Saturday, 28 May 2022 06:51

PARTICIPATION OF UNIVERSITY TEACHERS IN ONLINE CENTRAL ASIAN SYMPOSIUM

On May 26th, 2022 was held “Online Central Asian Symposium on Education – Validation Workshop for Outline of Regional Report on Teacher Policies”, in which ware also attended teachers from university chairs of the TSPU named after S. Aini.  This workshop is a second of the series of workshops organized jointly by the UNESCO and the World Bank under the initiative: “Skilled Teachers - Skilled Nation”. 

 
Saturday, 28 May 2022 06:35
There are no translations available.

НАҚШИ ИЛМҲОИ ТАБИӢ-РИЁЗӢ ДАР РАВАНДИ САНОАТИКУНОНИИ КИШВАР

28 майи соли 2022 дар толори Шурои олимони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи ифтитоҳии конференсияи илмӣ-методии байналмилалӣ дар мавзуи “Нақши илмҳои табиӣ-риёзӣ ва методикаи таълими онҳо дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар” бахшида ба амалигардонии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)” ва ҳадафи чоруми стратегияи миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар баргузор гардид. Ҷаласаро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Акобир Мирзораҳимов ҳусни оғоз бахшида,  риштаи суханро ба ректори донишгоҳ, профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ дод.

 
Thursday, 26 May 2022 13:48
There are no translations available.

ТАМОШОИ ДАСТАҶАМЪОНАИ “ШИКАСТИ ФИТНА”

26 майи соли 2022 дар толори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи васеи Раёсати донишгоҳ баргузор гардид. Дар  ҷаласа масоили марбут ба беҳтар намудани раванди таълим, баланд бардоштани иқтидори илмӣ ва ҳамзамон мушкилоти рӯзмарраи ҷомеа ба мисли пешгирии ҷавонон аз шомил шудан ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ ва роҳ надодан ба амалҳои коррупсионӣ аз тарафи устодону донишҷӯён баррасӣ шуданд. Инчунин дар доираи ҷаласаи мазкур омӯзгорону кормандони донишгоҳ филми мустанади “Шикасти фитна”-ро тамошо карда, дар бораи мӯҳтавои он ибрози андеша намуданд.  Аз ҷумла қайд карда шуд, ки хоинону бадхоҳони миллат дар тӯли таърих ҳеч гоҳе ба марому мақсадҳои нопоки хеш нарасидаанд ва амалҳои зишту ноадолатонаи ин гуна афрод дар таърихи кишвар бо ҳарфҳои сиёҳ сабт мегардад.

 
Thursday, 26 May 2022 13:33
There are no translations available.

ЗИ КИМИЁ ЁФТ РАВНАҚ РӮИ ДУНЁ...

Ҳамасола ҳафтаи охири моҳи май дар саросари ҷаҳон Рӯзи химикон таҷлил мегардад. Ба ин муносибат 26 майи соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Зи кимиё ёфт равнақ рӯи дунё” баргузор гардид. Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ ректори донишгоҳ профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ баромад намуда, тамоми иштирокчиёнро ба Рӯзи химикон табрику муборакбод намуда, аз ҷумла зикр кард, ки пас аз амалӣ гардидани системаи маълумоти бисёрзигаӣ ва ба Донишкадаи омӯзгории шаҳри Душанбе мақоми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қандил Ҷӯраев, факултети биология-химия ба факултетҳои мустақили химия ва биология ҷудо шуд.

 
Thursday, 26 May 2022 04:29
There are no translations available.

Шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар хусуси маълумоти бардуруғ ва иғвоангезе, ки вобаста ба кушта шудани яке аз саркардагони гуруҳи муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ, Мамадбоқиров Мамадбоқир дар сомонаи “ФОРС НЮС” ба нашр расидаст, бо масъулияти том иброз менамояд, ки иттиҳдияҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ба корҳои давлатӣ мудохила карда наметавонанд. Дар робита ба ин айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ду мазҳаби расмӣ, мазҳаби Ҳанафия ва мазҳаби шиаи Исмоилия таи ҳазорсолаҳо дар фазои дустиву бародарӣ ва сулҳу оромӣ умр ба сар бурда истодаанд.
 


Page 67 of 305
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj

Мы в