• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

СТАТЬИ

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
17.05.2022 11:33
There are no translations available.

БИЁ ЭЙ ДӮСТ БО МО КУН ҶАВОНӢ...

17 майи соли 2022 дар факултети географияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии бошукӯҳи фарҳангӣ ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон таҳти унвони “Биё эй дӯст бо мо кун ҷавоӣ” баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Абдураҳмонов М., раиси Кумитаи иттифоқи касабаи донишҷӯёни донишгоҳ Раҷабов Д., декани факултети география Қаландаров А. ва ҷавонони фаъоли факултет ширкат варзиданд. Дар рафти чорабинӣ ба як қатор омӯзгорони ҷавон ва донишҷӯён сипосномаву ифтихорномаҳои Раёсати донишгоҳ супорида шуд.

 

 
17.05.2022 11:23
There are no translations available.

ЗАМЗАМАИ МЕҲР

17 майи соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии адабӣ-мусиқӣ таҳти унвони “Замзамаи меҳр” бахшида ба Рӯзи ҷавонон, Рӯзи ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Иҷлосияи Шӯрои  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи эҷодиёти омӯзгор-адиб Озари Ориф баргузор гардид. Қобили қайд аст, ки Озари Ориф (Нораҳмедов Озар Орифович) соли 1990 шуъбаи суруд ва мусиқии факултети педагогикаи ДДОТ ба номи С.Айниро хатм намуда, имрӯз дар ҳамин факулта ба ҳайси омӯзгор кору фаъолият намуда истодааст.

 
17.05.2022 08:02
There are no translations available.

ҲАМОИШИ ИЛМИЮ АДАБӢ БАХШИДА БА 90-СОЛАГИИ УБАЙД РАҶАБ

17 майи соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 90-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Убайд Раҷаб таҳти унвони “Мақом ва ҷойгоҳи Убайд Раҷаб дар адабиёти тоҷики садаи XX” ҳамоиши илмию адабӣ баргузор гардид. Дар ҳамоиши мазкур адибон, олимон, пайвандони шоир ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок карданд. Чорабиниро муовини ректори донишгоҳ оид ба корҳои илмӣ профессор Акобир Мирзораҳимов ифтитоҳ намуда, зимни суханронии хеш доир ба саҳми Убайд Раҷаб дар рушди адабиёти тоҷик, махсусан адабиёти бачагонаи нимаи дуюми садаи XX ибрози андеша намуд.

 
17.05.2022 07:20
There are no translations available.

ОЗМУНИ “ИЛМИ МУОСИР” ҶАМЪБАСТ ГАРДИД

16 майи соли 2022 дар Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин мақолаи илмӣ-оммавӣ” ҷамъбаст гардид. Дар озмуни мазкур ҷавони фаъоли донишгоҳ Абдулхайр Абдураҳмонзода ширкат варзида, сазовори ҷойи аввал гашт. Мақолаи ӯ, ки дар мавзӯи “Лутфулло Солиев – асосгузори мактаби илмии омӯзиши системаҳои бисёркомпонента бо усули транслятсия” дар ҳаҷми 15 саҳифа навишта шуда, яке аз беҳтарин мақолаҳои илмӣ-оммавӣ ҳисобида шуд. 

 
16.05.2022 10:18
There are no translations available.

Мусоҳибаи рӯзноманигор Абдулхайр АБДУРАҲМОНЗОДА

бо сардори Раёсати таълими донишгоҳ Наҳтулло АЙНУЛОЗОДА

оид ба ҷамъбасти соли таҳсили 2021-2022

Устоди азиз! То ба имрӯз барои супоридани имтиҳонот дар донишгоҳ чӣ тадбирҳо роҳандозӣ гаштааст?

-Барои оғози сессияи имтиҳонотии тобистонаи соли таҳсили 2021-2022 ҳама чораҳои зарурӣ андешида шудаанд. Пеш аз ҳама фармоиши ректори донишгоҳ барои супоридани имтиҳоноти сессияи тобистона ба имзо расид. Ғайр аз ин марказҳои қабули имтиҳонот бо фарогирии 280 компютер дар 3 маркази имтиҳонотӣ пурра фаъол гардонида шудаанд. Ба ғайр аз ин дар ҳама факултетҳои донишгоҳ аз 1 то 3 синфхонаи компютерӣ мавҷуд аст,  ки донишҷӯён метавонанд дар асоси ҷадвали тасдиқшуда бе ягон мамоният имтиҳоноти худро супоранд. То ба ҳол сессияи тобистонаи курсҳои панҷуми хатмкунанда ҷамъбаст гардида, ҷараёни таълими курсҳои чоруми хатмкунанда дар ҳоли анҷомёбист. Алъон барои курсҳои панҷуми хатмкунанда давраи сессияи иловагӣ (триместр) рафта истодааст.

 
16.05.2022 08:56
There are no translations available.

ДАСТОВАРДИ ДОНИШҶЎЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ

13-14 майи соли 2022 дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ барои дарёфти «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» аз рўйи самтҳои математика (тахассусӣ, ғайритахассусӣ), технологияи иттилоотӣ (тахассусӣ, ғайритахассусӣ) ва географияи иќтисодӣ бо асосҳои демографии он баргузор гардид. Дар ин озмун панҷ нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгори Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ низ иштирок карданд. Дар натиҷа ду нафар донишҷӯ соҳиби ҷойҳои фахрӣ гаштанд.

 
15.05.2022 09:57
There are no translations available.

МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РӮЗИ ОИЛА

14 майи соли 2022 бо ибтикори кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва муносибатҳои оилавии факултети психология ва таҳсилоти фарогири Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мизи мудаввар дар мавзӯи “Сабабу омилҳои мусоидаткунанда ба хушунати байниҳамии ҳамсарон дар оилаҳои муосир ва роҳҳои пешгирӣ аз онҳо” баргузор гардид. Дар мизи мудаввар устодону донишҷӯёни факултет иштирок ва суханронӣ карданд. Сараввал мудири кафедраи психологияи иҷтимоӣ ва муносибатҳои оилавӣ дотсент Баротова Г. дар мавзӯи “Зӯроварӣ дар оила” маърӯза кард.

 


free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ