• Tajik
  • Russian
  • English
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

Аrticles

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
Saturday, 23 April 2022 07:08
There are no translations available.

ВОХӮРИ БО ХАТМКУНАНДАГОН

Дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷамъомад оиди тақсимоти пешакии хатмкунандагое, ки тариқи буҷавӣ ва квотаи президентӣ таҳсил мекунанд, баргузор гардид. Дар ин ҷамъомад сардори раёсати таълим Наҳтулло Айнулозода, сардори шуъбаи кадрҳо ва корҳои махсус Давлатхон Назаров, ҳуқуқшинос Шӯҳрат Шарипов, мудири маркази таҷрибаомӯзӣ Маҳмадалӣ Маҳмадаминов, садорати факултетҳо ва мудирони кафедраҳои тахассусӣ ширкат варзиданд.

 
Wednesday, 20 April 2022 09:55
There are no translations available.

ФЕСТИВАЛИ «ҲАМРАНГИ ЗИНДАГӢ» ИФОДАКУНАНДАИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ

20 апрели соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фестивали донишгоҳии «Ҳамранги зиндагӣ» баргузор гардид. Фестивали мазкур дар асоси талаботи Дастурамали либосҳои тавсиявӣ ташкил шуда, дар он либосҳои миллии кӯдакона, наврасон ва калонсолон, либосҳои махсуси идораву муассиса, корхонаву коргоҳҳо, либосҳои арӯсӣ ба намуди аврупоию миллӣ ва амсоли инҳо намоиш дода шуданд.

 
Wednesday, 20 April 2022 06:43
There are no translations available.

МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ – ӮҲДАДОРИИ ҲАР ЯК ФАРД

20-уми апрели соли 2022 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Барои пешгирии амалҳои коррупсионӣ ва тавзеҳи оқибатҳои он вохӯрӣ бо намояндаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора Аминзод баргузор гардид. Дар ин вохӯрӣ раёсати донишгоҳ, мудирони кафедраҳо, ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ иштирок карданд.

 
Tuesday, 19 April 2022 09:13
There are no translations available.

ИДОМАИ  КОРИ КОНФЕРЕНСИЯ

Ҳамасола ҳафтаи сеюми моҳи апрел дар Тоҷикистон ҳафтаи илм бошукӯҳ таҷлил мегардад. Дар ин васила 14 апрели соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  конференсияи илмӣ-амалии ҳайати профессорону омӯзгорон, докторантону магистрон ва донишҷӯёни донишгоҳ оғоз ёфта, то имрӯз идома ёфт. Имрӯз ҳам дар зиёда аз 13 кафедра конференсия баргузор гардида, зиёда аз 285 маърӯза шунида ва муҳокима карда шуд.

 
Monday, 18 April 2022 10:14
There are no translations available.

ИДОМАИ  КОРИ КОНФЕРЕНСИЯ

Чун анъана ҳамасола ҳафтаи сеюми моҳи апрел дар кишвари азизамон – Тоҷикистон ҳафтаи илм ном гирифта, бошукӯҳ таҷлил мегардад. Дар ин замина 14 апрели соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  конференсияи илмӣ-амалии ҳайати профессорону омӯзгорон, докторантону магистрон ва донишҷӯёни донишгоҳ оғоз ёфта, то ҳол дар кори он дар бахшҳо идома дорад.

 
Saturday, 16 April 2022 10:50
There are no translations available.

ИДОМАИ КОРИ КОНФЕРЕНСИЯ ДАР БАХШҲО

Ҳафтаи сеюми моҳи апрел дар кишвар “Ҳафтаи илм” ном гирифтааст. Ба ҳамин муносибат, инак рӯзи сеюм аст, ки дар кафедраву факултетҳои Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конференсияҳои илмӣ баргузор гашта истодааст.

 

 
Saturday, 16 April 2022 10:26
There are no translations available.

БАРРАСИИ МАСОИЛИ МУБРАМИ ИЛМУ  МАОРИФ   ДАР КАФЕДРАИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

Дар конфронси илмиву амалии кафедраи забони тоҷикии ДДОТ ба номи С. Айнӣ бахшида ба Рӯзи илми тоҷик, Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2022-2026) ва солҳои рушди саноат (2022-2026) масъалаҳои муҳимтарини ин соҳаҳо мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Мудири кафедра, профессор Саидмуроди Хоҷазод оид ба мушкилоту масоили ҳалталаби илми муосири тоҷик, роҳҳои рушд ва муаррифии дастовардҳои навини олимони мамлакат, истифодаи натиҷаҳои таҷрибаи пешрафтаи олимони хориҷа, роҳандозии ҳамкории мутақобилаи судманд бо олимони хориҷа дар ҷодаи илму маориф ибрози назар карда таъкид намуд, ки аз ҷониби Сарвари давлат эълон гардидани Бистсолаи омўзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф  моро водор мекунад, ки дар баробари илмҳои ҷомеашиносӣ бобати рушди илмҳои табиатшиносиву риёзӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ба ин васила  рушди саноати миллиро такони тоза бахшем. 

 


Page 77 of 308
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj

Мы в