• Tajik
  • Russian
  • English
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

Аrticles

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
Friday, 15 April 2022 07:47
There are no translations available.

ҶОН СУПОРАМ ҲАМЧУ АЙНӢ БАҲРИ ТУ МАН, ЭЙ ВАТАН!

15 апрели соли 2022 ба муносибати зодрӯзи Қаҳрамони Тоҷикистон ва сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ бо ташаббуси раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар пояи муҷассамаи ин абармарди таърихӣ, ки дар боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи С. Айнӣ ҷойгир аст, гулчанбар гузошта шуд. Дар ин чорабинӣ аҳли раёсати донишгоҳ, садорат ва донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик иштирок намуданд.

 
Thursday, 14 April 2022 11:07
There are no translations available.

ИДОМАИ КОРИ КОНФЕРЕНСИЯ ДАР БАХШҲО

Имрӯз пас аз нисфирӯзӣ кори конференсияи илмӣ-амалии ҳайати профессорону омӯзгорон, докторантону магистрон ва донишҷӯёни донишгоҳ дар бахшҳо давом ёфт. Зиёда аз 120 маърӯзаи устодон ва 188 маърӯзаи магистрону донишҷӯён шунида ва муҳокима карда шуданд. Ёдовар мешавем ,ки кори конфренесия то 19.04.2022 давом хоҳад ёфт.

 

 
Thursday, 14 April 2022 10:29
There are no translations available.

ОҒОЗИ ҲАФТАИ ИЛМ ДАР ДОНИШГОҲ

Чун анъана ҳамасола ҳафтаи сеюми моҳи апрел дар кишвари азизамон – Тоҷикистон ҳафтаи илм ном гирифта, бошукӯҳ таҷлил мегардад. Дар ин замина 14 апрели соли 2022 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи ифтитоҳии конференсияи илмӣ-амалии ҳайати профессорону омӯзгорон, докторантону магистрон ва донишҷӯёни донишгоҳ бахшида ба Рӯзи илми тоҷик, Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (барои солҳои 2020-2040), Солҳои рушди саноат (2022-2026) ва 30-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

 
Thursday, 14 April 2022 06:03
There are no translations available.

Қисми 4 - https://telegra.ph/Dar-borai-yak-kitobi-dars%D3%A3-%D2%9A4-04-14 Қисми 3 - https://teleg  ra.ph/Dar-borai-yak-kitobi-dars%D3%A3-%D2%9A3-04-14 Қисми 2 - https://telegra.ph/Dar-borai-yak-kitobi-dars%D3%A3-%D2%9A2-04-14Қисми 1 - https://telegra.ph/Dar-borai-yak-kitobi-dars%D3%A3-04-14 Давоми матлаб:
Дар муқаддима масъалаи таъмир ва татҳири (пок, покиза, тоза) фикр, ба воситаи он расидан ба худшиносӣ, ки танҳо тавассути донишу хирад ва таҷрибаи зиндагӣ сурат мегирад, таъкид мегардад.Дар ин маврид ақл, ҳуш, зеҳн, идрок ва дарёфти инсонӣ-хирадро дар ҷойи аввал мегузорад.

 
Thursday, 14 April 2022 03:32

FIRST INTERNATIONAL ASSEMBLY RUSSIAN ACADEMY OF EDUCATION

The Russian Academy of Education invites interested representatives of the professional community of the Republic of Tajikistan to take part in the first International Assembly of the Russian Academy of Education "A student in the modern world: formula for success".

 
Wednesday, 13 April 2022 12:37
There are no translations available.

РЎНАМОИ КИТОБИ НАВ ДАР ДОНИШГОҲ

13 апрели соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ барномаи адабӣ-мусиқии “Ширу шакар”ва рӯнамои китоби “Корвон... Раҳ... Марғзор... Оҳу”-и мудири шуъбаи табъу нашри донишгоҳ, шоир ва адабиётшинос Абдуҷаббори Суруш  баргузор гардид, ки дар он адибону олимон, устодону донишҷӯёни донишгоҳ иштирок карданд. Чорабиниро ректори донишгоҳ Нӯъмонҷон Ғаффорӣ ҳусни оғоз бахшида, изњор дошт, ки китоби мавриди назар барои тақвияти завқи эстетикӣ, ҳисси ватандўстӣ, ифтихори миллӣ ва зебоипарастӣ мусоидат менамояд. Сипас сармуҳаррири ҳафтаномаи “Минбари халқ”, номзади илмҳои филология Бахтиёр Ҳамдамов оид ба наќди мухтасари китоби болозикр андеша ронд. Олим ва шоири Афғонистон Аслам Гудоз низ оиди ашъори Суруш сухани мутаассир намуд.

 
Wednesday, 13 April 2022 09:28
There are no translations available.

СИФАТИ ТАҲСИЛОТ ВА МАСЪАЛАНОКИИ РАВАНДИ ТАЪЛИМ

13 апрели соли 2022 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо ибтикори кафедраи умумидонишгоҳии педагогика бахшида ба ҳафтаи илм конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони “Сифати таҳсилот ва масъаланокии раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид. Конференсияро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ илмӣ Акобир Мирзораҳимов ҳусни ифтитоҳ бахшид. Сипас мушовири директори агентии назорат дар соҳаи маорифи ва илм Латофат Назирӣ  доир ба роҳҳои ташкил ва гузаронидани мониторинги сифати таҳсилот, мудири кафедраи идоракунии захираҳои инсонии ДМТ Табаралӣ Ғаниев оид ба модели системавии таълимоти бефосила, професссори кафедраи пелагогика оид ба проблемаҳои сифати таҳсилот, мудири кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти Шарифмурод Исрофилниё оид ба мушкилоти таълими адабиёт ва мудири кафедраи методикаи таълим дар муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумии ДҶТИБКСМ Зарина Норова оид ба аҳамияти сифати таҳсилот маърӯза карданд.

 


Page 78 of 308
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj

Мы в