• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

СТАТЬИ

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
13.08.2021 08:30
There are no translations available.

 

 

Ғаффорӣ Н. - Ректори ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ,

доктори илмҳои таърих, профессор

ПЕШВОИ МИЛЛАТ - РАВШАНГАРИ ТАЪРИХИ ТОҶИКОН

ВА ТАҲКИМБАХШИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ

 

30.jpg - 104.46 KbСаҳифаи  таърихи тамаддуни башарӣ рӯшанӣ медиҳад, ки корнамоиҳо, мардонагиву далерӣ, ватанпарастӣ, шуҷоату футувват хоси гузаштагони покнажоди мо буда, шаҳодати он муборизаҳои озодихоҳона ва сарбаландиву комёр будани онҳо бо аҷнабиён мебошад, ки  мо дар симои Спитамен, Деваштич, Шерак, Муқаннаъ, Темурмалик, Восеъ ва дигарон дида метавонем. Сабақҳои дигари таърихӣ низ моро аз бурду бохти давлату давлатдорӣ,  пайванду ҳамгироӣ, таҳаммулгароиву ҳамдигарбахшӣ, мухолифату баҳамоӣ ёдовар месозанд, ки  онҳоро омӯхтану дар раванди минбаъдаи рушди ҷомеаву ташаккули наслҳои оянда истифода намудан ба манфиат хоҳад буд. Зеро дар раванди таърих барои ҳар як халқу миллат шахсиятҳое, ки ба шоҳкориҳои бемисл муваффақ мешаванд, метавонанд ҳаёти хушбахтонаву босаодати мардумро таъмин намоянд. Тасодуф нест, ки барои ба ин саҳна  ворид гардидан ва минбаъд чун пешво эҳтиром пайдо кардани онҳо дар байни мардум ба ин шахсиятҳо воқеаву ҳодисоти  таърихӣ мусоидат мекунанд. Бахусус, онҳоро водор менамоянд, ки тавассути дараҷаи хирад, тафаккур, шуҷоат ва иродаи сиёсии худ раванди инкишофи ҷомеаро таъмин намоянд.

 
12.08.2021 08:21
There are no translations available.

 

 

Қудратзода К.А.

н.и.т., дотсент, муовини сардори раёсати илм ва

инноватсияи ДДОТ ба номи С. Айнӣ

НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ВАҲДАТ ДАР

ТАШАККУЛ, ШИНОХТ ВА РУШДИ АНДЕШАИ МИЛЛӢ

 

30.jpg - 104.46 KbИмрӯзҳо масъалаи мустаҳкам намудани пояҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз масъалаҳои мубрам гардидааст, зеро кишвари мо ҷанги хонумонсузи шаҳрвандиро паси сар намуда аз имтиҳони таърих гузашта, суботи ҷомеаро барқарор намуда, соҳибистиқлолии худро тақвият дода ба давраи нави рушд ворид гардидааст. Дар тӯли 30 соли соҳибистиқлолии кишвар тамоми муқаддасоти миллӣ, ки боиси ифтихору  ва эҳсоси ватанпарастӣ аст ба вуҷуд оварда шудаанд.

Истиқлолияти давлатӣ шароити мусоидро барои ташаккул, шинохт ва рушди андешаи миллӣ ба вуҷуд овард. Мафҳуми «истиқлолият-соҳибихтиёрӣ» меҳвари консепсияи ғояи миллӣ мебошад. Соҳибихтиёрӣ яке аз омилҳои муҳими тавлидкунандаи худшиносӣ ба шумор меравад ва барои ҳифзу татбиқу густариш додани ғояи миллӣ мусоидат мекунад.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими пояҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чунин баён доштаанд: «озодиву истиқлолият бароямон дастоварди бузургтарин ва ғояи муқаддаси миллӣ буда, мо бо вуҷуди мушкилоти ҷойдошта барои ҳимоя ва пойдору устувор мондани он минбаъд низ тамоми саъю талоши худро равона месозем ва ин неъмати бузурги миллатамонро чун гавҳараки чашм эҳтиёту ҳифз мекунем».

 
11.08.2021 05:57
There are no translations available.

 

Мирзошоҳрух Асрорӣ- номзади илмҳои фалсафа

Рамазонӣ Давлатов- номзади илмҳои фалсафа,

омӯзгорони кафедраи “фалсафа”-и ДДОТ ба номи С. Айнӣ


СОЗМОНИ МУЪТАБАР ВА СОБИТГАРИ СИЁСАТИ БОЭЪТИМОД

( Бахшида ба ҷашни 20-солагии таъсиси Созмони Ҳамкории Шанхай, ки дар шаҳри Душанбе доир мегардад)

Созмони Ҳамкории Шанхай – ташкилоти доимоамалкунандаи байнидавлативу байналмилалӣ мебошад.Ин созмони бонуфузи минтақавӣ дар заминаи паймони «Панҷгонаи Шанхай» 15-уми июни соли 2001 таъсис ёфтааст. Паймони «Панҷгонаи Шанхай» бошад дар заминаи таҳкими эътимоду боварӣ ва коҳиши нерӯҳои низомӣ дар манотиқи сарҳадии Ҷумҳурии мардумии Чин, Федератсияи Россия, Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон арзи ҳастӣ карда, ба масъалаҳои умдаву ҷиддии ҳаёти рӯзмарраи мардумони ин давлатҳо мусоидат менамояд.

Аслан зарурати имзои Созишномаи таҳкиму эътимод дар соҳаи низомӣ дар манотиқи наздисарҳадӣ 26 апрели соли 1996 дар шаҳри Шанхайи Чин ва Созишнома дар бораи коҳиши мутақобилаи неруҳои низомӣ дар манотиқи наздисарҳадӣ аз 24 апрели соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия барои нуқта гузоштан ба баҳсҳои мухталиф оид ба масъалаҳои марбут ба марзҳо, ки ҳанӯз аз замони Иттиҳоди Шӯравӣ ҳамчун «мерос» вуҷуд дошт, ба миён омада буд. Ба имзо расидани созишномаҳои зикршуда ба густаришу тавсеаи ҳамшарикии давлатҳо асоси мустаҳкам гузошта, ба ҳалли проблемаҳои манотиқи сарҳадӣ муваффақ гардид ва барои дар доираи Панҷгонаи Шанхай ҳамкориҳои пурвусъати гуногунҷабҳаи мутақобилан судманди сиёсию иқтисодӣ ва тиҷоратию фарҳангиро ба роҳ мондан имконият фароҳам овард.

 
11.08.2021 05:51
There are no translations available.

 

Рамазонӣ Давлатов- номзади илмҳои фалсафа,

омӯзгори кафедраи “фалсафа”-и ДДОТ ба номи С. Айнӣ

Созмони Ҳамкории Шанхай – созмони боэътимод

дар минтақа ва ҷаҳон

Созмони Ҳамкории Шанхай омехтаи шарикии минтақавии байнидавлатӣ мебошад, ки 15 июни соли 2001 бо мақсади ҳифз ва таъмини амнияту суботи минтақа таъсис ёфта, ҳамкории гуногунҷанбаи худро то имрӯз тадриҷан рушд медиҳад. СҲШ, ки қаламрави бузург ва доираи васеи ҳамкориҳои минтақавиро дар бар мегирад, шакли нави ҳамкории давлатҳои аз нуқтаи назари сохтори сиёсӣ, иқтидори иқтисодӣ ва фарҳангӣ гуногун ба шумор меравад. Масоҳати умумии давлатҳои аъзои СҲШ тахминан 34,3 млн. км. мураббаъ ва ҷамъи аҳолии онҳо зиёда аз 3,6 млрд. нафар ё 43,8% аҳолии умумии курраи заминро ташкил медиҳанд.

Вазифаҳои асосии Созмон тибқи Оинномаи дар вохӯрии сарони давлатҳои узви Созмон дар Санкт-Петербург қабул шуда (7 июни соли 2002) инҳоянд:

- таҳкими  равобити тарафайни дӯстона байни кишварҳои узв;

- густариши ҳамкориҳои гуногунҷабҳа бо мақсади дастгирии сулҳ, амният ва субот дар минтақа, мусоидат ба таъсиси низоми нави байналхалқии демократӣ, боадолат ва аз ҷиҳати сиёсиву иқтисодӣ маъқул;

- муборизаи якҷоя алайҳи ҳама гуна зуҳуроти терроризм, ҷудоихоҳӣ, ифротгароӣ, мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир ва яроқ, дигар навъҳои фаъолияти ҷинояткории фаромиллӣ ва ҳамчунин муҳочирати ғайриқонунӣ;

- ҳавасмандгардонии ҳамкориҳои минтақавии босамари сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ, мудофиавӣ, фарҳангӣ, илмӣ-техникӣ, энергетикӣ, нақлиётӣ, қарзӣ-молияви ва гайра, ки боиси тавваччухи умум хастанд.

 
24.07.2021 17:48
There are no translations available.

 

ПЕШРАФТИ ДАВЛАТ АЗ СОЛИМИИ ҶОМЕА АСТ!

1.jpg - 90.97 Kb

Нимаи дуюми рӯзи 24-уми июли соли 2021 дар толори Шӯрои олимони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода маҷлиси ғайринавбатии раёсати донишгоҳ баргузор гардид. Ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода ҳозиринро бо дастуру супоришҳои навбатии вазири маориф, ки субҳи ҳамин рӯз дар донишгоҳ баргузор шуда буд, шинос намуд.

 
24.07.2021 04:59
There are no translations available.

 

 

ҶАЛАСАИ КОРИИ НАЗДИ ВАЗИРИ МАОРИФ

ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД

1.jpg - 55.51 Kb24-уми июли соли 2021 дар толори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки Муҳаммадюсуф Имомзода-вазири маориф ва илм, Диловар Қодирзода-муовини вазири маориф ва илм, Хушбахт Шарифзода-сардори раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаҳои маориф, директорон ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии шаҳри Душанбе ҷаласаи корӣ баргузор гардид, ки дар он масъалаи омодагӣ ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳию тарғиботӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемории коронавируси Ковид-19, инчунин, ҷалби донишҷӯёну кормандон ва сокинони пойтахт ба гирифтани ваксинаи зидди бемории коронавируси Ковид-19 ва масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

 
22.07.2021 05:09
There are no translations available.

 

ИШТИРОКИ УСТОДОНУ КОРМАНДОНИ

ДОНИШГОҲ ДАР ЧОРАБИНИИ “МАРЗ - 2021”

1.jpg - 46.67 KbСоати 04:00 субҳи 22-уми июли соли 2021 бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади санҷиши омодабошии ҷангии ҷузъу томҳо бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар 100 ҳазор нафар сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 130 ҳазор нафар афсарону сарбозони ҳайати шахсии захираҳои сафарбарӣ дар қаламрави мамлакат бо бонги хатар ҷамъ оварда шуда,

 


free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ