• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

СТАТЬИ

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
21.05.2021 09:00
There are no translations available.

 

Суханронӣ дар мулоқот бо ҷавонони кишвар

1.jpg - 327.96 Kb21.05.2021 11:25, шаҳри Душанбе

Ҷавонони муҳтарам ва ҳозирини гиромӣ!

Ҳар сол 23 -юми моҳи май мо яке аз ҷашнҳои муҳимми Тоҷикистони соҳибистиқлол – Рӯзи ҷавононро таҷлил менамоем.

Ба ин муносибат кулли ҷавонони кишвар ва ҳамаи шумо – ҳозирини гиромиро, ки такягоҳи боэътимоди давлат мебошед, самимона табрик мегӯям.

Ҳанӯз 17-уми марти соли 1994 мулоқоти нахустини ман бо ҷавонон ба ҳайси Сарвари давлат ва Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Анҷумани якуми Иттифоқи ҷавонон доир гардида буд.

Хомӯш кардани алангаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, сарҷамъу муттаҳид сохтани ҷавонон дар он давраи бисёр сахту сангин ва ба фаъолияти созанда сафарбар намудани онҳо масъалаву вазифаҳои асосии мулоқоти мо буданд.

Умуман бояд гуфт, ки кор бо ҷавонон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва ба фаъолият оғоз намудани ҳукумати қонунӣ аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок ва муҳимтарини сиёсати давлат эълон гардида буд.

Яъне ҳанӯз аз рӯзҳои нахустин банақшагирӣ ва татбиқи чорабиниҳо барои ҷавонони кишвар таҳти таваҷҷуҳ ва назорати доимии Ҳукумати мамлакат қарор дода шуд.

Зеро мо хуб дарк мекардем, ки таваҷҷуҳ ба ҷавонон ғамхорӣ барои ояндаи миллати тоҷик ва таҳкими неруи давлати Тоҷикистон мебошад.

Минбаъд бо мақсади дастгирии ҷавонон, ташаккул ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни онҳо, бо шуғл таъмин намудани ин қишри фаъоли ҷомеа, дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои нав, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои насли ҷавон зарурати таъсиси мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти кор бо ҷавонон пеш омад.

Бинобар ин, моҳи майи соли 1997 қарори Ҳукумати мамлакат доир ба таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, санаи 23 май ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон эълон карда шуд.

 
18.05.2021 11:56
There are no translations available.

 

ХОЛИҚ МИРЗОЗОДА ВА АДАБИЁТШИНОСИИ ТОҶИК ДАР АСРИ XX

8.JPG - 158.22 KbРӯзи 18-уми майи соли 2021 дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи байналмилалии илмию назариявӣ дар мавзӯи “Холиқ Мирзозода ва масъалаҳои адабиётшиносии тоҷик дар асри ХХ” ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 90-солагии таъсисёбии донишгоҳ ва 110-солагии донишманди мумтози тоҷик мунаққид ва адабиётшинос, олим, узви Иттифоқи нависандагони СССР, аълочии маорифи халқи Тоҷикистон, омӯзгори хизматнишондодаи мактаби Тоҷикистон, д.и.ф., профессор Холиқ Мирзозода баргузор гардид. Бояд зикр кард, ки барои гиромидошти хотираи неки ин марди хирадпеша ва иштирок дар чорабинии мазкур  Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон академик Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ ба донишгоҳ ташриф оварданд, ҳангоми вуруд ба ин боргоҳи маънӣ, вазири муҳтарам бо гурӯҳи хатмкунандагон суҳбат ороставу чанд акси хотиравӣ низ гирифтанд. Сипас дар ҳошияи суҳбати хеш, ба хатмкунандагони донишгоҳ барои фаъолияти минбаъдаи омӯзгорияшон, ки масъулияти басо гарону сангин мебошад, барору комёбӣ орзу намуданд. Баъдан конференсия бо сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода  оғоз гардид.

 
17.05.2021 13:27
There are no translations available.

 

ҶАЛАСАИ 2-ЮМИ РАЁСАТИ ТАЪЛИМ БАРГУЗОР ГАРДИД

1.JPG - 211.54 KbИмрӯз, 17.05.2021 дар аксар факултетҳои ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ тибқи ҷадвали баргузории аттестатсияи хатмкунандагони шакли таҳсили фосилавӣ дар соли таҳсили 2020-2021 имтиҳони  хатм баргузор гардида истодааст. Вобаста ба ин, раёсати таълим бо роҳбарии н.и.т., дотсент Айнулозода Наҳтулло ҷаласаи 2-юми кормандони самти таълимро баргузор намуд, дар ҷаласа доир ба масоили ҳуҷҷатгузорӣ, тадбиқи хонапурӣ намудани дафтарчаҳои имтиҳонии донишҷӯён, риояи хомӯши дар роҳравҳои факултетҳои имтиҳонсупоранда, инчунин сари вақт супоридану сари вақт қабул намудани варақаҳои имтиҳонӣ сухан рафт. Сардори раёсати таълим дастури муовини аввали ректор Қосимов Саъдӣ Абдулқодировичро, ки муҳтавои риояи низому тартиботи доимии дохилидонишгоҳӣ мебошад, ба самъи мутасаддиён расонид.

 
08.05.2021 12:09
There are no translations available.

 

ЁД БОД, ОН РӮЗГОРОН ЁД БОД!

1.jpg - 54.80 KbСанаи 8-уми майи соли 2021 бо ташаббуси қисми тарбияи факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии фарҳангӣ таҳти унвонӣ “Ёд бод, он рӯзгорон ёд бод!” бахшида ба 76-солагии Рўзи ѓалаба ва 89 – солагии зодрӯзи шоир Муъмин Қаноат бо иштироки омӯзгорону донишҷӯёни факултет баргузор гардид. Чорабиниро нахуст омӯзгори кафедраи назария ва таърихи адабиёт дотсент Қурбонов Абдумаҷид ҳусни оғоз бахшида, доир ба ҳаёт ва фаъолияти шоири забардаст Муъмин Қаноат суханронӣ намуд. Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби дастаи “Ҷило”-и факултет барномаи фарҳангӣ иборат аз, қироати ғазал, рақсу сурудҳои ватандӯстона ва саҳначаи тарбиявӣ пешкаши ҳозирин намуданд.

 
08.05.2021 11:38
There are no translations available.

 

ҒОЛИБИЯТИ ДАСТАИ “ИСТИҚЛОЛ”

1.JPG - 217.11 KbРӯзи  7-уми майи соли 2021 дар толори бинои асосии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ идомаи барнома-озмуни “Ҷилои ахтарон” бо иштироки дастаи “Истиқлол”-и факултети забон ва адабиёти  рус  ва дастаи “Кимиё”-и факултети химия чун анъанаи қаблӣ аз рӯи панҷ шарт: саломномаву намоиши ҳунарҳои мардумӣ, латифагӯӣ, бадеҳа, саволу ҷавоб ва саҳначаи ҳаҷвӣ баргузор гардид. Дар озмун донишҷӯён аз рӯи шартҳои ҷойдошта ҳунарнамоӣ намуда, табъи ҳозиринро болида гардониданд. Дар ҷамъбаст, аз ҷониби ҳакамони нуктасанҷ дастаи “Истиқлол”-и факултети забон ва адабиёти  рус  71-хол ва дастаи “Кимиё”-и факултети химия 67-холро соҳиб гардиданд. Ғолибияти факултети забон ва адабиёти  русро табрик мегӯем.

 
08.05.2021 11:32
There are no translations available.

 

 

ОБОДКОРӢ МАРОМИ МОСТ!

1.JPG - 196.37 KbСубҳи 8-уми майи соли 2021 шанбегии дастаҷамъонаи омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба ифтихори сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дохил ва роҳравҳои атрофи донишгоҳ, зери бинои хобгоҳҳои № 2,3 ва назди соҳили дарёи Душанбе корҳои тозакорӣ ҷараён гирифт. Маврид ба зикр аст, ки раёсати донишгоҳ дар тозаву озода нигоҳ доштани муҳити атрофи Душанбе-шаҳр пайваста саҳмгузориро сармашқи кори худ медонад.

 
08.05.2021 11:25
There are no translations available.

 

АЗ ҚАЛБҲО ЁДИ ШУМО ҲАРГИЗ НАХОҲАД РАФТ!

IMG_2205.JPG - 246.80 Kb8-юми майи соли ҷорӣ бахшида ба Рӯзи ғалаба раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷиҳати гиромидошти хотираи қаҳрамонони Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ маросими гулчамбаргузорӣ дар назди аксҳои омӯзгорони донишгоҳ, ки  иштирокчиёни ин муҳорибаи мудҳиш мебошанд, баргузор намуд.

Маросими гулчамбаргузориро ректори донишгоҳ, доктори илмҳои таърих, профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ дар ҳамроҳӣ  бо  раиси  ташкилоти ибтидоии собиқадрони ҷангу меҳнати донишгоҳ Раҷабмоҳ Қосимова, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ Саъдӣ Қосимов, муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ  Ҷамила Мусоҷонзода, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Акобир Мирз

ораҳимов, сардори раёсати таълим Наҳтулло Айнулозода, сардори раёсати тарбия Қобилҷон Иброҳимов ва иштирокчиёни ҷанги Афғонистон Майрамбӣ Сафарова ва Сангинмаҳмад Сатторов анҷом дода, дар ин маврид, аз нуктаҳои муҳими корнамоиҳои ҷанговарони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ёдрас намуданд.

Инчунин, пас аз маросими гулчамбаргузорӣ дар толори фарҳангии донишгоҳ чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ бахшида ба ин рӯзи таърихиву фаромӯшнашавандаи Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз болои истилогарони фашистӣ баргузор гардид.

 


free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ