• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

СТАТЬИ

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
24.04.2021 07:31
There are no translations available.

 

САФАРИ САЙЁҲИИ УСТОДОНУ

КОРМАНДОНИ ДОНИШГОҲ БА  ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

1.jpg - 88.76 KbҶиҳати иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" як қатор устодону кормандони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти роҳбарии раиси Кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандони донишгоҳ Бӯриев М. аз ҳисоби Кумитаи иттифоқи касабаи устодону кормандони донишгоҳ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафарбар карда шуданд.

 
23.04.2021 13:59
There are no translations available.

 

“ҶИЛО” ҲАМ, ЯК ҶИЛОЕ КАРД

22.JPG - 218.65 KbНимаи дуюми санаи 23-юми апрели соли 2021 дар толори бинои асосии  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва 90 – солагии донишгоҳ бо иштироки  меҳмонон, ҳакамон ва устодону кормандони донишгоҳ барномаозмуни “Ҷилои ахтарон” байни донишҷӯёни факултетҳои филологияи тоҷик ва забони англисӣ баргузор гардид. Барномаи озмуни мазкур аз 6 бахш иборат буда, дар он саломнома, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, бадеҳахонӣ, саволу ҷавоб, бахши латифахонию саҳначаи ҳаҷвиро дар бар мегирифт. Боиси зикр аст, ки ин чорабинии фарҳангӣ аз ҷониби ҳар ду даста ҳам, дастаи факултети филологияи тоҷик бо номи “Ҷило” ва дастаи факултети забони англисӣ бошад, зери унвони “Антивирус” ҳунарнамоӣ карданд, ки хеле ҷаззобу хотирмон буд. Аъзои ҳакамон ба ҳунару маҳорати ҳарду даста одилона баҳогузорӣ намуданд.

 
22.04.2021 11:54
There are no translations available.

 

ЧОРАБИНИИ ИЛМӢ АЗ ҶОНИБИ РАВОНШИНОСОНИ

КАФЕДРАИ ПСИХОЛОГИЯИ УМУМИДОНИШГОҲӢ

2.JPG - 187.07 Kb22-юми апрели соли 2021 бо ташаббуси иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи психологияи умумидонишгоҳии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ номзади илмҳои психологӣ  Акрамова Моҳрухсор конференсияи илмии омӯзгорони кафедра ва гурӯҳи донишҷӯёни фаъоли факултетҳои донишгоҳ бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 90 – солагии донишгоҳ баргузор гардид.  Марид ба ёдоварист, ки дар конференсия маърӯзаҳои зерин аз ҷониби омӯзгорони кафедраи мазкур  н.и.п., Назарова Зебунисо дар мавзӯи “Истиқлолият – бақои давлату миллати тоҷик”, н.и.п., Саидов Т., дар мавзӯи “Нақши асари Пешвои миллат “Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ” дар тарбияи иродаи эътиқодии ҷавонон”, н.и.п., Саидова Б.Т., дар мавзӯи “Ақидаҳои педагогӣ-психологии адибон дар ташаккули сифатҳои иродавии ҷавонон”, муаллимони калон Маматова А.Б., дар мавзӯи “Психологическое помошь при работе с жертвами насилия”,  Қурбонов Н.Х., дар мавзӯи “Ҷабҳаҳои психологию педагогии компютеризатсия” ва гурӯҳи донишҷӯён бо чунин маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад намуда,

 
22.04.2021 10:39
There are no translations available.

 

ПЕШВОИ МО – РАҲНАМОИ МО

6.JPG - 196.33 KbРӯзи 22-юми апрели соли 2021 бо ташаббуси мудири кафедраи забонҳои хориҷии умумидонишгоҳии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ н.и.п., Умаров А., конференсияи илмӣ таҳти унвони “Пешвои мо – раҳнамои мо” бо иштироки омӯзгорон, муаллимони калони кафедра  Мусоева Раъно, Мансурова Ҳабиба, Ашуров Намозалӣ, Шамсова Зебо ва дигар донишҷӯён баргузор гардид. Нахуст мудири кафедраи мазкур  н.и.п., Умаров А. конференсияро оғоз бахшид. Сипас як гурӯҳ донишҷӯёни фаъол дар бораи заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду тараққиёти давлати навини тоҷикон, бо забони англисӣ маърӯзахонӣ намуданд, ки воқеан ҷолибу диданӣ буд.

 
22.04.2021 04:05
There are no translations available.

 

ҲАМОИШИ ХОТИРМОН ДАР КАФЕДРАИ ЗАБОН

6.JPG - 202.44 KbРӯзи 21-уми апрели соли 2021 дар кафедраи умумидонишгоҳии забони тоҷикӣ конференсияи илмиву назариявии устодон баргузор гардид. Онро бо сухани муқаддимавӣ мудири кафедра, профессор Саидмуроди Хоҷазод ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба Рушди забони тоҷикӣ ва таҳаввули таълими он дар замони истиқлол” маърӯза кард. Омилҳои паст будани сифати дониши хаттии донишҷӯён аз фанни забони тоҷикӣ мавриди таҳлил, баррасӣ ва баҳси пурдоманаи илмӣ қарор гирифт. Ба фикри профессор Хоҷазод, ин ду ҷанба дорад: аввалан тағйирот дар қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ, ки соли 2011 сурат гирифт, қолаби муназзами имлои забони тоҷикиро аз байн бурд ва боиси  хараҷу мараҷ ва саргумзании ҷомеа шуд, ки ин раванд то ҳол давом дорад. Дуюм, дар низоми таълими кредитӣ ташаккул наёфтани нутқи шифоҳӣ ва дониши хаттии хонандагону донишҷӯён, ҳосил накардани донишиҳои фарогир, сайқал наёфтани фикр ва кундии андеша ба мушоҳида мерасад. Қабули қоидаҳои нави имлои забони тоҷикӣ ва омезиши хусусиятҳои хубу ҷолиб ва самарабахши таълими анъанавӣ бо низоми кредитӣ роҳи бурунрафт аз ин мушкилот арзёбӣ шуд.

 
21.04.2021 11:47
There are no translations available.

 

ПИРӮЗИИ ДАСТАИ БАСКЕТБОЛБОЗДУХТАРОНИ ДОНИШГОҲ

5.jpg - 48.81 Kb

Бо ташаббуси Кумитаи Иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба хотири дар сатҳи баланд таҷлил намудани “Рӯзи пойтахт” миёни донишҷӯдухтарони макотиби олии шаҳри Душанбе мусобиқаи баскетбол барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” баргузор гардид. Дар ин мусобиқа, дастаи баскетболбоздухтарони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти роҳбарии устоди кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва мудофиаи шаҳрвандӣ Ҳикматулло Шамсиддинов иштирок намудаанд.

 
21.04.2021 11:31
There are no translations available.

 

ДОНИШГОҲ ДАР ҚАТОРИ БЕҲТАРИНҲО

2.jpg - 100.20 KbДонишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон яке аз нахустдонишгоҳҳои олии кишвар ба ҳисоб рафта, дар омода кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи омӯзгорӣ ва ғайриомӯзгорӣ саҳми хеле назаррас дорад. Аз рӯи меъёрҳои қоидаҳои муайянсозии рейтинги МТОК-и ҶТ донишгоҳи мазкур аз ҷониби Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Ҷумҳурии Тоҷикистон шомили даҳгонаи беҳтарин муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ эътироф карда шуд. Санаи 20-уми апрели соли 2021 барои дохил шудан ба ин даҳгона ба раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ “Сипоснома”-и агентии мазкур супорида шуд, ки ин ҳам барои кулли кормандони ин боргоҳи маънӣ боиси ифтихор хоҳад буд.

 


free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ