• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

СТАТЬИ

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
30.03.2021 11:10
There are no translations available.

 

Иштирок дар нуҳумин Конфронси вазирони “Қалби Осиё - Раванди Истамбул”


28.png - 142.46 Kb30.03.2021 11:46, шаҳри Душанбе

30 март Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нуҳумин Конфронси вазирони “Қалби Осиё - Раванди Истамбул” зери унвони “Тақвияти ҷомеа барои сулҳ ва рушд” иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар кори ҳамоиши сатҳи баланд Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳтарам Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, вазирони корҳои хориҷӣ ва намояндагони 15 кишвари ширкаткунанда дар шакли ҳузурӣ, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Туркия, Озарбойҷон, Покистон, Қатар, Қазоқистон, Ҳиндустон, Ӯзбекистон, Амороти Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Чин, Россия, 16 кишвари мададрасон, роҳбарони 16 созмони минтақавию байналмилалӣ дар шакли маҷозӣ, ширкат доштанд.

Фаъолияти ин раванд ба таҳкими амнияти минтақавӣ, ҳамкории иқтисодӣ ва сиёсӣ бо Афғонистон тавассути муколама ва тадбирҳои эътимодсозӣ нигаронида шудааст. Муколамаи минтақавӣ дар мадди аввал аз ҳамкориҳо дар мубориза бо таҳдидҳои умумӣ, аз ҷумла мубориза бо терроризм, маводди мухаддир, фақр ва ифротгароӣ оғоз ёфтааст.

 
27.03.2021 08:32
There are no translations available.

 

БОЗ ЯК МУВАФФАҚИЯТИ ДОНИШҶӮИ МО

16.jpg - 47.87 KbБо мақсади таҷлили бошукӯҳи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пайрави аз иқдомоти хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири арҷ гузоштан ва омӯхтани таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик бо ташаббуси гурӯҳи ҷавонони “Авангард” – и Ҷумҳурии Тоҷикистон байни ҷавонони то синни 30 сола озмуни ҷумҳуриявии “Беҳтарин донандаи шоҳасари “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров” баргузор гардид. Озмун санаи 23-юми марти соли 2021 баргузор гардида, иштирокчиён аз тамоми гӯшаву канори кишвар ба пойтахти кишвар-шаҳри Душанбе ташриф оварданд. Аз 226 нафар иштирокчиёни озмун 14 нафар ба зинаҳои ифтихорӣ роҳ ёфта, беҳтарин донандагони шоҳасари “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғавуров интихоб шуданд.

 
20.03.2021 05:29
There are no translations available.

 

ЭЙ ДӮСТ БИЁ, БОЗ БА НАВРӮЗ РАСИДЕМ...

9.JPG - 243.35 KbРӯзи 19.03.2021 дар доираи тантанаҳои идонаи ҷашни Наврӯзи дар факултети биологияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид, ки дар он мудири шуъбаи тарбия Иброҳимов Қ., декани факултети биология Бобозода И., муовинони декан, кураторони гурӯҳҳои академӣ ва инчунин омӯзгорону донишҷӯёни факултет иштирок намуданд. Маврид ба зикр аст, ки дар факултет хони Наврӯзии ҳафтсину ҳафтшин ва ҳунарҳои миллӣ ороста шуда,  ба намоиш гузошта шуда буд. Нахуст раиси шӯрои кураторони факултет Наима Таваллоева суханронӣ намуда, ҳамаи омӯзгорону донишҷӯёнро бо фарорасии фасли баҳори нозанин ва ҷашни наврӯз табрику муборакбод намуд. Сипас як гурӯҳ донишҷӯёни фаъоли факултет бо суруду таронаҳои дилнишин хотири бинандагонро болида гардониданд.

 
20.03.2021 04:58
There are no translations available.

 

 

ЁДБУДИ ФАЙЗУЛЛО АНСОРӢ ДАР ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРӢ

1.jpg - 39.19 Kb

19 марти соли 2021 бо ташаббуси садорати факултети филологияи точики Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ маҳфили илмиву адабӣ бахшида ба 90-солагии зодрӯзи шоир ва драманависи шинохтаи тоҷик Файзулло Ансорӣ (20.03.1931 – 28.04.1980) баргузор гардид. Нахуст маҳфилро мудири кафедраи назария ва таърихи адабиёти тоҷик, д.и.ф., профессор Шамсиддин Солеҳов ҳусни оғоз бахшида, зикр намуд, ки мавсуф солҳои 1947-1951 дар Институти давлатии педагогии Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко (имрӯза ДДОТ ба номи С. Айнӣ) таҳсил намуда, сипас як муддат дар ҳамин донишгоҳ ба ҳайси омӯзгор фаъолият кардааст. Ш.Солеҳов ҳамчунин иброз дошт, ки эҷодиёти Файзулло Ансорӣ ифодагари самимитарин эҳсосоти шахс - қаҳрамони лирикӣ буда, пояи достони эпикиро дар адабиёти навини тоҷик устувор намуд ва аввалин драматурги тоҷик буд,

 
18.03.2021 12:38
There are no translations available.

 

БОЗ ДАР МУЛКИ КӮҲАН НАВРӮЗ ШУД, НАВРӮЗ ШУД...

8.JPG - 455.98 Kb

Бо фарорасии фасли баҳор ва омад – омади ҷашни Наврӯз табиати ватани азизамон Тоҷикистон ба худ зебоии хосро касб менамояд. Имрӯзҳо дар саросари кишвари соҳибистиқлоламон тантанаҳои идона бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз баргузор гашта истодааст. Ба ҳамин муносибат санаи 18-уми марти соли 2021 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва маҳфил-озмуни “Гулдаст” дар майдончаи варзишии донишгоҳ бо иштироки муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ шаҳри Душанбе Шарифзода Наргис, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Амир Иброҳимзода, муовини раиси КИ ҲХДТ дар ноҳия Ҷӯрахонзода Ҷумахон, инчунин меҳмонон аз КИ ҲХДТ ва МИҲД-и дар ноҳияи мазкур, бо тантана таҷлил карда шуд. Нухуст, ректори донишгоҳ д.и.т., профессор Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода ҳамаи меҳмонону устодон ва донишҷӯёни донишгоҳро бахшида ба ҷашни Наврӯз самимона табрику муборакбод намуд. Сипас, донишҷӯён дастоварҳои факултетҳои хешро ба намоиш гузошта, аз рӯи талаботи барномаи озмун, ки аз саломнома, бандкашӣ, номоиши либосҳои миллӣ иборат буд, пешкаши ҳозирин намуданд.

 
18.03.2021 13:12
There are no translations available.

 

МАҲФИЛИ НАВБАТИИ “ЭКОЛОГОНИ ҶАВОН”

26.JPG - 192.39 Kb17 – уми марти соли 2021 дар синфхонаи №6 – и факултети химияи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ маҳфили “Экологони ҷавон” зери мавзӯи “Таърихи пайдоиш ва рушди химияи токсикологӣ ва экотоксикология” буда, бо иштироки ҳайати омӯзгорон ва аъзоёни фаъоли баргузор гардид. Ҳамчунин декани факултет н.и.х., дотсент Усмонов М.Б., мудири кафедраи технология ва экологияи химиявӣ дотсент Муродов Д. ва дотсенти кафедраи мазкур Қурбонова Ҳ. иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар идома роҳбари маҳфил Умаралии С. баромад намуда, саҳми омӯзгорони кафедра аз ҷумла,  Урозова С. ва Муҳиддинов Шоҳрухро дар баргузории маҳфили навбатӣ назаррас ҳисобид. Аъзоёни фаъоли маҳфил бо истифода аз тахтаи электронӣ доир ба мавзӯи болозикр ба донишҷӯён маълумоти пурра доданд.

 
17.03.2021 02:46
There are no translations available.

 

«КИТОБ – КАЛИДИ МАЪРИФАТ»

34.jpg - 62.51 KbРӯзи 17-уми марти солии 2021 дар факултети таърихи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо мақсади сазовор таҷлил намудани 90-солагии донишгоҳ ва ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ барои дарёфти истеъдодҳои нав ва инчунин ба хотири иштирок дар озмуни умумиҷумҳуриявии “Фуруғи субҳи доноӣ китоб аст”, озмуни дигаре бо номи “Китоб – калиди маърифат”, ки санаи 20.02.2021 оғоз шуда буд, ҷамъбаст гардид. Озмуни мазкур дар се давр баргузор гардида, дар он донишҷӯёни бахшҳои гуногуни факултет иштирок намудаву ба даври ниҳоӣ 6 нафари онҳо роҳ ёфтанд. Маврид ба зикр аст, ки ҳайати комиссияи озмун аз декани факултет д.ит. Ҳусайнов А., муовини декан оид ба илм, н.и.т., Зарифов Н., мудири кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқ, н.и.п., Мусоев К., иборат буданд. Дар ҷамъбасти озмун 5 нафар ба ҷойҳои ифтихорӣ, аз ҷумла, Холзода Алишери Навоӣ ҷойи якум, Орзуева Орифа ва Зиёев Салмон ҷойи дуюм, Авезов Муллоназар ва Ниёзов Дилшод сазовори ҷойи сеюм интихоб гардиданд.

 


free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj

Мо дар шабакаи иҷтимоӣ