• Tajik
  • Russian
  • English
Нуктаҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: /// Мо ислоҳоти низоми ҳамаи зинаҳои таҳсилро минбаъд низ давом дода, усулҳои фаъоли таълимро ҷорӣ мекунем ва ба сатҳу сифати таълим эътибори аввалиндараҷа медиҳем. /// Дар соҳаи маориф ду проблемаи асосии ҳалталаб вуҷуд дорад. Якум, норасоии кадрҳои соҳибкасби омӯзгорӣ ва дуюм, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти кишвар. ///Мо заҳмати устодону омӯзгоронро ҳамеша баланд арзёбӣ мекунем ва ғамхориро дар ҳаққи онҳое, ки дар ин соҳа хизматҳои шоиста кардаанд, идома медиҳем. ///Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем.

Аrticles

МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ
No images
Monday, 15 March 2021 11:21
There are no translations available.

 

 

Рамзи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои соли 2021

33.png - 136.07 Kb15.03.2021 15:30, шаҳри Душанбе

Дар мувофиқа бо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рамзҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз ва Соли нави миллӣ барои солҳои 2019-2021 тасдиқ гардид.

Рамзи якум арчамонанд буда, аз ҳафт табақ иборат мебошад. Ҳамаи табақҳо аз давраҳо иборат буда, мазмуни гардиши фалак ва коинотро ифода менамояд. Ҳар давра бо нақшу нигори миллӣ ороиш дода шудааст. Дар гирдогирди табақҳо гулдӯзиҳои гуногун ва дар табақи охирони суманак гули наврӯзӣ чун нишонаи эҳёи табиат гузошта шудааст.

Дар асоси хулосаҳои донишмандон, мардумшиносон ва фолклоршиносони тоҷик ва дигар олимони ҳавзаи Наврӯз аз миёни рамзҳои наврӯзӣ, ки аз гулҳои бойчечак, сиёҳгӯш, лола, гули зард, шохи дарахти ғунчадор ва паррандаҳои асотирии симурғ ва парасту иборатанд, суманак ва гули наврӯзӣ ҳамчун рамзи истиқболи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, Соли нави миллӣ ва пайки омад - омади баҳори файзбор дар ҷумҳурӣ қабул гардид.

 
Monday, 15 March 2021 11:03
There are no translations available.

 

ЗИ КӮИ ЁР МЕОЯД, НАСИМИ БОДИ НАВРӮЗӢ

29.jpg - 75.84 KbТаҳти ҳамин унвон санаи 15-уми марти соли 2021 бо ташаббуси қисми тарбия ва бо роҳбарии омӯзгори кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Мунаввара Турсунова дар толори Шӯрои олимони факултет бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ аз ҷониби донишҷӯёни соли чорум дарси кушоди тарбиявӣ баргузор гардид.

 
Saturday, 13 March 2021 12:03
There are no translations available.

 

“ЗАБОНИ МИЛЛАТ - ҲАСТИИ МИЛЛАТ”

17.JPG - 139.48 KbЗабон муҳимтарин унсури муайянкунандаи ҳастии ҳар миллат аст. Таърих гувоҳ аст, ки агар забони миллӣ аз байн равад, миллат ҳам дер ё зуд тафаккури миллии худро аз даст дода, оқибат завол меёбад”.

Бо чунин суханони пурҳикмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарси кушоди тарбиявии донишҷӯёни соли сеюми факултети биология зери роҳбарии куратори гурӯҳ Сатторов Б., баргузор гардид. Нахуст, декани факултет н.и.б., Бобозода Илҳомҷон доир ба муҳтаво ва нақши асари пурарзиши Пешвои миллат, андешаронӣ намуд. Дар идома донишҷӯён доир ба ҳар фасли ин асари пурмазмун маълумот дода,

 
Saturday, 13 March 2021 11:49
There are no translations available.

 

ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁН ДАР ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ

8.JPG - 146.30 KbРӯзҳои 12 ва 13-уми марти соли 2021 дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои дарёфти ҷоми Академия дар байни муассисаҳои олии кишвар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни болаёқати донишгоҳ иштирок намуданд.

Дар ҷамъбасти олимпиада донишҷӯёни зерини донишгоҳ аз рӯйи ихтисоси биология Бозорова Нилуфар ба гирифтани ҷои аввал, Раҷабов Фозилҷон ба гирифтани ҷои дувум ва инчунин Рӯзиматова Парвина аз рӯйи ихтисоси химия ба гирифтани ҷои дуввум сарфароз гардиданд.

 
Friday, 12 March 2021 12:04
There are no translations available.

 

ГӮШИ ДУНЁ БИШНАВАД, ОВОЗИ АНГУШТИ МАРО

23.JPG - 271.09 KbСанаи 11-уми марти соли 2021 бо ташаббуси муовини директор оид ба ба корҳои таълимии “Мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони ношунавои ноҳияи Рӯдакӣ”, ҳамзамон, саромӯзгори кафедраи педагогикаи махсус ва таҳсилоти фарогири ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ Қувватов Саттор Дилдорович дар муассисаи мазкур таҳти унвони “Гӯши дунё бишнавад, овози ангушти маро” озмун байни хонандагони синфҳои дуюм баргузор гардид.

 
Friday, 12 March 2021 11:54
There are no translations available.

 

САЙИДО БАЗМЕ БА ХУНИ ДИЛ МУҲАЙЁ КАРДААСТ...

7.JPG - 199.73 KbРӯзи 12-уми марти соли 2021 дар толори Шӯрои олимони факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бо ташаббуси қисми тарбияи факултет ва омӯзгорони кафедраи назария ва таърихи адабиёт дотсент Қурбонов А., муаллими калон Норова Г., конференсия дар мавзӯи “Сайидо ва мавқеи он дар адабиёти тоҷик” баргузор гардид. Нахуст, устодон д.и.ф., профессор Муллоев Абдусамад ва дотсент Қурбонов Абдумаҷид атрофи рӯзгор ва осори шоири ширинсухани асри ХVII - и тоҷику форс  Миробид Сайидои Насафӣ андешаронӣ намуданд.

 
Thursday, 11 March 2021 10:33
There are no translations available.

 

ЧАШМИ МАРДУМРО КУШОЯД МАТБУОТ

1.jpg - 109.83 Kb

 

«Матбуот –оинаи ҳаёт»-бо чунин унвон бо ибтикори кафедраи забони тоҷикӣ дар ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ба ифтихори Рӯзи матбуот ҳамоиши пуршукӯҳ  баргузор гардид, ки дар он роҳбарият, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯёни фаъоли ин боргоҳи маърифат ширкат доштанд.

Ректори донишгоҳ, профессор Нуъмонҷон Ғаффорӣ ҳангоми ироаи сухани ифтитоҳӣ роҷеъ ба вижагиҳои матбуоти замони истиқлол, ҳифзи он аз хатару таҳдидҳои ҷаҳонишавӣ, роҳҳои таҳкими амнияти фазои расонаӣ ва усулҳои пешгирии таъсири ахбори муҒризонаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба афкори ҷавонон, бахусус донишҷӯён ибрози назар кард.

 


Page 121 of 305
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj

Мы в