• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

ЧОРАБИНӢ ОИД БА ПЕШГИРИИ АМАЛҲОИ НОМАТЛУБ

 

Бо ташаббуси бахши кор бо духтарону занони донишгоҳ санаи 1-уми ноябри соли 2018 вохӯрии машваратӣ-омўзишӣ дар мавзӯи коҳиш додани амалҳои номатлуб, аз қабили зўроварию хушунат, одамрабоиву поймол кардани ҳуқуқҳои шаҳрвандон, хусусан занону ҷавондухтарон баргузор гардид. Чорабинии мазкур тибқи нақшаи чорабиниҳои бахши кор бо духтарону занони ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ ва иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи татбиқи “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023” сурат гирифт.

 

Дар вохӯрӣ Мусоҷонова Ҷ. – муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ, Саидова Г. – мудири бахши кор бо духтарону занони донишгоҳ ва меҳмонон аз идораву муассисаҳои давлатӣ, аз ҷумла Шарифзода Н. – сардори раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Саломова М. – директори муассисаи давлатии Маркази худшиносии бонувон дар шаҳри Душанбе, Муродалиева М. – нозир оид ба пешгирии зўроварӣ дар оилаи шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Шоҳмансур-2, Узакова Адолат Ҷураебоевна – собиқадори меҳнат ва омўзгорону донишҷўён иштирок доштанд.


 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj