There are no translations available. ОҒОЗИ ОЛИМПИАДАИ ДОНИШГОҲИИ ДОНИШҶӮЁН Раёсати илм ва инноватсия ҳамасола нақшаи баргузории олимпиадаи дохилиро дар асоси «Низомномаи олимпиадаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ» тартиб дода, ба факултетҳо ва кафедраҳои умумидонишгоҳӣ дастрас менамояд. Дар факултетҳо ва кафедраҳои умумидонишгоҳӣ дастаҳои олимпӣ бо роҳбарии устодони ботаҷриба ташкил карда шуда, фаъолият мекунанд. Мақсад аз баргузории олимпиадаи донишгоҳӣ дар донишгоҳ ин баланд бардоштани шавқу ҳаваси донишҷӯён ба омӯзиши илмҳои муосир, ташаккули тафаккури илмӣ ва техникии онҳо, инчунин дарёфти донишҷӯёни лаёқатманд ҷиҳати ҷалби онҳо ба соҳаҳои илм мебошад. Дар асоси ҷадвали баргузории олимпиада рӯзи 02.11.2018 дар факултети физика олимпиада тибқи талаботи тасдиқнамудаи раёсати илм ва инноватсия доир ба гузаронидани олимпиадаи донишгоҳӣ тариқи саволномаҳои хаттии пешниҳодгардида бо иштироки 28 нафар донишҷӯ ва комиссияи дахлдор бо роҳбарии декани факултет Ш.Раҳмонов баргузор гардид. Дар олимпиада ғайр аз донишҷӯёни фаъоли факултет инчунин 3 нафар донишҷӯёни туркманзабон бо шавқи баланд иштирок намуданд.
|