• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо - Тарбия
There are no translations available.

 

Дар назди инсоният дарёфти роҳу усулҳои самарабахши мубориза бар зидди терроризм - шакли манфуртарини ифротгароӣ ба миён омадааст. Мубориза алайҳи терроризм дар навъҳои гуногун сурат мегирад. Давлатҳои ҷаҳон роҳҳои зиёди мубориза бо онро пеш мегиранд, то ҳар чи зудтар аз ин падидаи манфур наҷот ёбанд. Ҳоло мубориза бар зидди терроризм дар сатҳ ва шаклҳои гуногун ба амал меояд. Яке аз шаклҳои маъмули он амалиёти мусаллаҳона мебошад. Моддаи 51-уми Оинномаи СММ, ки ба кишварҳо ҳуқуқи худмудофиа медиҳад, имконияти пиёда сохтани амалиёти мусаллаҳонаро бар зидди терроризм муҳайё менамояд. Давлатҳои муқтадир борҳо аз ин ҳолат истифода намудаанд, вале муроде ҳосил нагаштааст. Бомбаборон намудани Триполӣ, ҷанг бар муқобили Усома бини Лодан ва пайравонаш дар Афғонистон аз он шаҳодат медиҳанд. Мақсад аз истифодаи неруҳои мусаллаҳ нобуд сохтани терроризм аст. Аммо, чуноне ки таҷрибаи таърихӣ нишон медиҳад, истифодаи зӯрӣ амали самарабахш нест. Вале зӯрӣ аз рӯи зарурат истифода мегардад.

Муборизаи зидди терроризм бояд мушаххасан ва мақсаднок сурат бигирад ва манфиатҳои умумибашарӣ дар мадди аввал гузошта шаванд. Ин мубориза фақат бо нобуд сохтани ташкилоти террористие ба охир намерасад. Бояд сабабҳо ва заминаҳои мухталифи ташаккулу инкишофи ин падидаи иртиҷоӣ ҳамаҷониба дарк карда шаванд. Ва роҳу воситаҳои беҳтари мубориза дарёфт гарданд. Ба зӯрӣ тавассути зӯрӣ ҷавоб додан чандон самараи хуб намедиҳад. Сиёсати комиле зарур аст, ки манбаъҳои зӯрӣ, фишороварӣ ва маҷбуркуниро рафъ намояд. Симои ҳақиқии ифротиёнро нишон диҳад ва афкори умумро дар шикасти онҳо истифода барад. Яке аз роҳҳои босамари пешгирӣ аз терроризм ва амалҳои террористӣ бедор намудани худшиносӣ, баланд бардоштани зиракӣ ва фарҳанги сиёсии аҳли ҷомеа ба шумор меравад. Сатҳи нокифояи худшиносии миллӣ инсонро фирефтаи иҷрои амалҳои ношоиста мегардонад. Гурӯҳҳои гуногун ва давлатҳои алоҳида маҳз ҳамин нуқтаи заъфи инсонҳоро пайдо карда, онҳоро ба доми худ медароранд.

Иқбол Ҷобиров, узви фаъоли ҲХДТ дар ноҳияи Сино

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj