• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо - Тарбия
There are no translations available.

Дар замони шиддатёбии рақобатҳои геосиёсии давлатҳои абарқудрат, густариши терроризму ифротгароӣ, раванду омилҳои манфии гумроҳсозию мағзшўии ҷавонон ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва гироиши онҳо ба ниҳоду созмонҳои гуногуни террористӣ масоили худшиносию худогоҳии миллӣ, бедории маънавӣ, зиракии сиёсӣ ва ватандўстию ватанпарастии ҷавонон дар ҷомеаи кунунии мо аҳамияти муҳиму мубрам касб кардааст.

Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки таблиғҳои фарҳангу забон ва арзишҳои муқаддаси миллӣ аст, ҳамеша дар мулоқоту суханрониҳои худ бо қишрҳои гуногуни ҷомеа доир ба худшиносию ифтихори миллӣ ва бедории маънавию зиракии ҷавонони тоҷик изҳори андеша менамояд.

Оре, дар замони муосир рў овардани зиёиёни миллат ва ҷавонони худогоҳи он ба фарҳангу маънавияти миллӣ, ки яке аз рукнҳои муҳиму бунёдии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, онҳоро аз гумроҳию нодонӣ, фирефта шудан ва гаравидан бо ниҳоду созмонҳои террористиву ифротгароӣ эмин нигоҳ медорад.

Дар замони осебпазирию коста шудани арзишҳои динию миллӣ, паст рафтани ахлоқу одоби наврасону ҷавонон нақшу мақом ва нуфузи зиёиён ва, махсусан, устодону омўзгорон, ки ба таълиму тарбия шуғл меварзанд, бисёр бузург аст. Омўзгорони асил бояд масъулияту вазифаи худро дар боло бурдани худшиносию худогоҳӣ, ифтихори миллӣ, зиракии сиёсӣ, бедории маънавӣ ва ватандўстию ватанпарастии ҷавонону наврасони имрўза дарёбанд ва ҳамвора саъю кўшиш намоянд, ки ин қишри ояндасози ҷомеа бофарҳангу маърифатнок ба камол расад.

Наврасону ҷавонони мо агар ватандўстию зиракии сиёсӣ ва худшиносию ифтихори миллӣ дошта бошанд, онҳо ҳаргиз ба ниҳоду созмонҳои террористиву ифротгароӣ ворид намешаванд, ба миллату Ватан хиёнат намекунанд ва барои манфиатҳои бегонагон ҷони худро дар Сурияву Ироқ ва Афғонистон қурбон намекунанд. Чунончӣ, як гурўҳ ҷавонони тоҷик бо далели фирефтаю мағшўӣ шудан ба сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара ҳамла карданд ва онҳоро ба қатл расониданд. Ҳамчунин, собиқ афсари Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Маҳмадалӣ Расулов ба Ватану миллат ва давлати Тоҷикистон хиёнат карда, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва давлати Тоҷикистонро ба терроризм гунаҳгор кардааст, ки ин сухану гуфтори ватанфурўшу хоин М.Расулов иғвогарию дасисабозӣ ва туҳмату буҳтон аст.

Мо устодону омўзгорон ва ҳамаи зиёиёни кишвар бояд бо амалҳои созандаи худ дар мавриди ҳифзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, боло бурдани мақому нуфузи кишвар, дастгирию ҷонибдории ташаббусу иқдомҳои бузурги Пешвом муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таълиму тарбияи насли ояднасози давлату миллати фарҳангсолори тоҷик саъю кўшиш намоем.

 

Қодирова З.Ҳ.

 

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj